Аҳаммияти чӯб ҳамчун масолеҳи сохтмонӣ дар хоҷагии халқ хеле калон мебошад. Дар соҳаи мошинсозӣ низ ин масолеҳро зиёд истифода мебаранд. Аз он бордон (кузов), фарши бордони мошинҳои вазнин, ҷузъҳои конструксионии қатораҳо, чархҳои дандонадор ва фанер истеҳсол карда мешавад.
Таркиби чӯб аз 43-54% селлюлоза (CeHioOs), 19-29% лигнина, аз карбогидрадҳо ва дигар маводи химиявӣ иборат мебошад.
Афзалияти чӯб ҳамчун масолеҳи конструксионӣ дар он аст, ки вазни сабук, устуворӣ нисбат ба зарба ва ларзиш, муқовимати муайяни гармигузаронӣ ва хунукигузаронии паст, устувории зиёд ба таъсирҳои туршоб, ишқор, равған ва намакҳо дорад. Чӯб дорои хосиятҳои хуби технологист: ба осонӣ кор карда мешавад, ба ҳар гуна абзор — мех, мехи печдор (шуруп) ва ширеш хуб васл мешавад.
Ҷиҳатҳои манфии чӯб: ба худ гирифтани намии зиёд, андоза, шакл ва мустаҳкамии худро дар натиҷаи рутубату нам тағйир дода мепӯсад ва хосияти тез оташ гирифтану сӯхтан дорад.
Аз пӯсидану вайрон шудан асбобҳои чӯбин ба воситаи лакҳо, рангҳо, бо рӯйпӯш намудани пластмассаҳо муҳофизат карда мешаванд. Ҷузъҳои чӯбинеро, ки бо бетон ва филиз пайваст мебошанд, бо қабатҳои гидроизолятсионӣ ҷудо кардан мумкин аст. Ба тарзи кимиёвӣ чӯб бо пошидани маҳлули намакҳои NaF, ZnCl2, C11SO4 ва ғ. муҳофизат карда мешавад.
Барои зуд дар нагирифтани чӯб онро бо маҳлулҳои зиддисӯхтор, намакҳои алюминӣ, фосфорӣ ё туршоби борат тар мекунанд. Инчунин, бо лакҳо ва рангҳои зиддисухторӣ рупӯш менамоянд.
Аз сабаби он ки чӯб масолеҳи нахдор (тордор) аст, сохт ва хосиятҳои он дар се буриш омӯхта мешавад: нӯгӣ (буриши кундалангӣ, перпендикуляр ба нахҳо); радиалӣ, ки аз тири тана мегузарад; тангенсиалӣ, ки бо қади тана, каме дуртар аз тири он мегузарад.
Дар буриши кундалангии дарахт ҳалқаҳои солона намудоранд, ки аз нахҳо иборатанд. Нахҳо раги чӯб ҳисоб меёбанд ва ғафсияшон гуногун буда, хусусиятҳои асосии механикии чӯбро муайян менамоянд. Ғайр аз нахҳои тӯлӣ, ки массаи асосии чӯбро ташкил медиҳанд, нахҳои кундалангӣ мавҷуданд, ки аз ҳуҷайраҳои камқуввати тунуки механикӣ иборат буда, миқдорашон аз 4 то 30% ҳаҷми танаи дарахтро ташкил медиҳад.
Нуқсонҳои чӯб. Ба нуқсонҳои асосии чӯб тааллуқ дорад: 1) гурмҳо (чашмакҳо), ки равиши нахҳоро якбора тағйир медиҳанд, дар натиҷа мустаҳкамии чӯб дар ҳолатҳои кашиш, қатшавӣ якбора хеле паст мешавад; 2) кафидаҳо: мешаванд дохилӣ, радиалӣ, ҳалқагӣ; берунӣ — бо дарозии танаи дарахт, ки дар натиҷаи якбора тағйир ёфтани ҳарорат ба вуҷуд меояд (таъсири сармо); ё дар дарахти буридашуда дар натиҷаи хушк шудан ба амал меояд, ки дарозии кафидаҳо гуногун мешавад. Кафидаҳо бо хусусияти мустаҳкамӣ дар ҳолати кашиш ба дарозии нах кам таъсир расонда, асосан дар ҳолати фишурдан аз 5 то 10% мустаҳкамии чӯбро паст мекунад; 3) каҷқабатӣ — ба масолеҳи чӯбу тахта таъсири хеле калон мерасонад, чунки дар онҳо нахҳои чӯб бурида мешавад; 4) нуқсонҳои паразитӣ-мағор бастан. Мағор бастан дар натиҷаи таъсири ҳарорати атмосфера ба амал меояд. (Дар намнокии 30-60% ва ҳарорати 2-40°С). Дар натиҷаи мағор бастан чӯб мепӯсад, ба чизи бенафъ мубаддал мегардад. Дар ҳолати зарар овардани ҳашарот сифати чӯб паст мешавад.
Хусусиятҳои чӯб. Тавсифи асосии чӯб намнокии он мебошад, ки он бо формулаи зер муайяи карда мешавад
W= Ga. G-100±5°С
Дар ин ҷо: Ga- массаи намуна дар ҳолати мутлақо хушк будан, ки он дар ҳарорати 100±5°С хушк карда шудааст;
G- массаи намуна дар ҳолати нам будан.
Намнокии чӯб ба шароити муҳити атроф вобастагӣ дорад; намнокии чӯби навбурида 50-100%, дар об буда 100%, дар ҳавои хушк буда 10-20%, дар дохили иморат буда 7-10%-ро ташкил медиҳад. Ҳамаи тавсифҳои асосии чӯбҳоро дар ҳолати намнокии стандартӣ, ки баробари 15% қабул карда шудааст, муқоиса карда мешавад. Намнокие, ки ба шароити истеҳсолот ҷавобгӯ мебошад, намнокии истеҳсолӣ номида мешавад. Он бояд ба намнокии шароити истифода баробар ё аз он 2% пасттар бошад.
Хушкидан (У) — хурд шудани андозаҳо ё ҳаҷми чӯб дар ҳолати хушк шудан аст. Хушкидан бо фоиз ифода карда мешавад. Дар амал барои баҳо додан ба хушкидан зарби хушкониданро истифода мебаранд, ки он ба ҳисоби миёнаи тағйирёбии андозаи чӯб ба 1% намнокӣ баробар аст, бо формулаи зерин муайян карда мешавад.
К = У/W
Аз сабаби он ки чӯб хусусияти анизотропикӣ дорад, хушкидани он ба равиши нахҳо вобаста аст. Барои дарахтони ҷинсаш гуногун зарби хушконидан ба равиши радиалӣ К= 0,09-0,31% ва ба равиши тангенсиалӣ = 0,17-0,49% баробар аст. Зарби хушконидани ҳаҷмӣ ба 0,17-0,7% баробар аст.
Беҳрӯзҷон САРБОЗОВ,
омӯзгори коллеҷи
муҳандисӣ-техникии
ноҳияи Нуробод
