Шумораи тозаи нашрияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Омӯзгор» (№23, 8 июни соли 2023) аз чоп баромад. Дар саҳифаи аввали он мақолаи пурмуҳтавои «Пешвои миллати мо – сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ», ки ба қалами устодони кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ Сангин Гулзод ва Хушдил Раҳимҷон тааллуқ дорад, ба нашр расидааст, ки дар хусуси хидматҳои таърихӣ ва иқдомҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигошта шудааст. Эътирофи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин, ба хусус, суханони самимонаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар бораи Пешвои миллат ҳамчун сиёсатмадори хирадманду дурандеши сатҳи ҷаҳонӣ дарунмояи матлаби мазкурро ташкил намудааст. Дар саҳифаи дуюми нашрия гузориш аз мушовараи навбатии Вазорти маориф ва илми ҷумҳурӣ, ки вазъи китобу китобдорӣ ва китобҳои дарсии таълифшударо, ки бояд нашр ва пешниҳоди омӯзгорону устодон гарданд, бо номи «Масъулият дар иҷрои супоришҳо» дар бар гирифтааст. Дар ин саҳифа ва саҳифаи 3 хабару гузоришҳо аз корҳои анҷомдодашудаи вазорат дар ҳафтае, ки гузашт ва вохӯрию мулоқотҳо бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ҷой дода шудаанд. Саҳифаи чору панҷумро зери рубрикаҳои «Ифтихор» ва «Набзи маориф» як силсила матолиби ҷолибу хонданӣ фаро гирифтааст. Аз ҷумла, гузориши рӯзноманигор Саидмурод Искандарӣ аз шаҳри Ваҳдат аз озмуни минтақавии «Ихтироъкорони наврас» бо номи «Одам – Робот ғолиб омад» хеле саривақтӣ буда, дар он перомуни дар ин озмун ғолиб омадани хонанда аз шаҳри Ваҳдат Одилҷон Нуров иттилоъ дода шудааст. Хабарҳои «ММТ: даври такрории бақайдгирии довталабон» «Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ» ва «Ташаккули зеҳнии хонандагон» низ пурмазмун ва ҳадафгир мебошанд. Мусоҳибаи мухбири нашрия Ш.Раҷабзод бо корманди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Набӣ Қодиров таҳти унвони «Сифати таҳсилот ва омилҳои такмили он» зиннатбахши саҳифаи «Мактабшиносӣ» (саҳифаи 6) мебошад. Дар саҳифаи 7 матлаби мухбири ҳафтанома Ҳотами Ҳомид бо номи «Тарбияи миллӣ неруи пешбари ҷомеа», ки дар ҳошияи мақолаи профессор С.Ятимов – «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад» иншо шудааст, ҷой гирифтааст, ки бо андешаҳои омӯзандаю ибратбахши муаллиф фарқ мекунад. Мақолаи фарогири корманди нашрия Сайфиддин Муродов ба муносибати солгарди таъсисёбии квотаи Президентӣ бо номи «Квотаи Президентӣ: имтиёз ба таҳсил» дар саҳифаи 8 чоп шудааст, ки атрофи иқдоми ватандӯстонаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби таъсис додани квотаи Президентӣ барои дохил шудани хонандагони соҳиблаёқат аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба макотиби олӣ иттилоъ медиҳад. Матлаби омӯзгори МТМУ №9-и шаҳри Норак Адолат Фароғатова – «Сарзамини ҳусноро», пешниҳод ба озмуни «Тоҷикистон – диданист» дар ҳамин саҳифа ҷой дода шудааст. Навиштаи пурмояву таҳлилии адиб ва рӯзноманигор Абдурауф Муродӣ-«Дар хидмати халқу Ватан» низ хонданӣ ва таваҷҷуҳангез мебошад, ки дар саҳифаи 9 ба табъ расидааст. Дар саҳифаи 10 матолиби озмунии омӯзгорон аз шаҳри Хуҷанд Абдуҳафиз Абдуқодиров (ба озмуни «Тоҷикистон – сарзамини пиряхҳо») ва аз мактаби №17-и шаҳри Ҳисор Ҳакимали Назаралӣ (ба озмуни «Омӯзгор – машъалафрӯзи ҷомеа») ба чоп расидааст, ки фарогир ва ҷолибанд. Масоили имло, ҳусни баён ва забон саҳифаи 10-и нашрияро зеб додааст. Навиштаҳои олим Саидамир Аминов – «Банӣ дуруст ё «бани» ва мухбири ҳафтанома аз Бадахшон Ҷ.Улфатшоҳ — «Чаро захираи луғавии мо ғанӣ нест?» бешубҳа, мақбулу писанди омӯзгорону устодон хоҳад гардид. Ба мавзуоти мактабшиносӣ ва методикаи таълим саҳифаи 12 бахшида шудааст. Мақолаи «Оила ва аттестатсияи хатм», ки ба қалами мутахассиси МҶТМ-и назди ВМИ ҶТ Бӯрӣ Ҳайдаров тааллуқ дорад, саривақтӣ ва омӯзанда мебошад. Дар саҳифаи 13-и ҳафтанома мақолаи таҳлили профессор Мурод Муродӣ дар хусуси фаъолияти эҷодии рӯзноманигор ва публитсисти шинохта, шодравон Раҷаб Мардон бо номи «Ёде аз адиб ва публитсист» ҷой дода шудааст. Саҳифаҳои 14-15-и нашрия масоили гуногуни соҳаи маориф, аз ҷумла, васфи заҳмату талошҳои омӯзгорони ҷумҳуриро дар бар гирифтаанд. Ба хусус, матлаби «Омӯзгори қаҳрамон», ки ба ҳаёт ва фаъолияти омӯзгории собиқадори маориф, педагогии маъруф, шодравон Муҳаббат Маҳмудова бахшида шудааст, пурмуҳтаво ва хонданист. Дар саҳифаи 16 бо сӯзу гудоз дар бораи даргузашти чеҳраҳои саршиноси илму адаби кишвар – нависандаи маъруф, устод Саттор Турсун ва донишманди закӣ Зафар Мирзоён хабар дода мешавад.
Дар умум, шумораи навбатии нашрияи «Омӯзгор» шавқовар, пурмуҳатво ва ҷолиб буда, хонандагон аз мутолиаи мақолаю матолиби дар саҳифаҳои он ба табъ расида ғизои хуби маънавӣ хоҳанд ҳосил кард.
Навбатдори шумора,
Ш.Раҷабзод
