барои ишғоли мансабҳои холӣ озмун эълон менамояд:
– мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик;
– мудири кафедраи таърих ва ҷомеашиносӣ;
– мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ;
– мудири кафедраи забон ва адабиёти рус;
– мудири кафедраи педагогика ва психология;
– мудири кафедраи математика ва информатика;
– мудири кафедраи фанҳои табиӣ.
Музди меҳнати вазифавӣ барои мансаби мудири кафедра 2112 сомонӣ.
Талаботи озмун барои ишғоли вазифаи мудири кафедра:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба вазифаи ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаи мазкурро таъмин карда метавонад;
– шахсони то синни нафақа, дорои унвони илмии ихтисоси ба вазифаи ишғолшаванда мувофиқ, собиқаи кории на кам аз 10-солаи педагогӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо кормандон;
– мавҷудияти малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа;
– донистани забони давлатӣ ва як забони хориҷӣ;
– донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– маҳорати кор бо технологияи электронии муосир.
Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: то 20.06.2023
Нишонӣ: ш. Душанбе, к. С.Айнӣ, 73
Телефон: 226-09-55, 918-87-87-62
