Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, устод Саттор Турсун дар 77-солагӣ ин ҷаҳонро падруд гуфт. Шодравон 15 феврали соли 1946 таваллуд шуда, соли 1970 факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аввалин ҳикояҳои таълифнамудаи Саттор Турсун ба зудӣ диққати аҳли адаб ва хонандагони тоҷикро ба худ ҷалб намуд. Бо дастгирии Шоири халқии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода ба кор дар маҷаллаи маъруфи адабии ҷумҳурӣ «Садои Шарқ» пазируфта шуд ва дар вазифаҳои мудири шуъбаи очерк ва публитсистика, мудири шуъбаи наср, муовини сардабир, иҷрокунандаи вазифаи сардабири маҷаллаи мазкур ифои вазифа намуд. Солҳои 1990-1991 мудири шуъбаи идеологии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд. Солҳои 1994-1997 ба сифати сардабири маҷаллаи адабии русии «Памир» фаъолият намуда, соле чанд иҷрои вазифаи сардабири нашрияи «Баҳори Аҷам»-ро ба уҳда дошт. Аввалин маҷмуаи ҳикояҳои адиб бо номи «Дили гарм» аз ҷониби хонандагон баҳои баланд гирифт. Саттор Турсун дар асарҳои худ «Сукути қуллаҳо», «Камони Рустам», «Пайванд», «Ситораи корвонкуш», «Зиндагӣ дар домани талҳои сурх», «Барф ҳам мегузарад», «Падар», «Се рӯзи як баҳор», «Думбура», «Санг дар бағал ба тӯфон» ва ғайра ба тадқиқи бадеии масоили ахлоқӣ пардохта, бо тасвирҳои ноб, забони фасеҳу шево симоҳои хотирмонеро офаридааст, ки ибратомӯзанд. Асарҳои нависанда кайҳо ба ганҷинаи адабиёти муосир тоҷик ворид гардидаанд. Мавсуф дар радифи нависандагони номвари тоҷик ҳамчун устоди жанри ҳикоя шинохтаву эътироф гардидааст. Қиссаву роман ва ҳикояҳои нависанда ба бисёре аз забонҳои дунё тарҷумаву нашр гардидаанд. Дар тарҷумаи асарҳои адибони бузурги олам, амсоли Лев Толстой, Ҷек Лондон, Шервуд Андерсен, Грант Матевосян, И.Друтсе ва ғайра саҳми шоиста гузоштааст. Саттор Турсун то лаҳзаҳои вопасини умраш узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи миллии «Садои Шарқ» буд.
Хотираи неки нависандаи маъруф дар дили аҳли илму адаб ва хонандагону ҳаводорони эҷодиёташ боқӣ хоҳад монд.
