БОЗ ЯК ХУРШЕД МОРО ТАРК ГУФТ…

7-уми июни соли 2023 донишманди маъруфи тоҷик, мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Зафар Мирзоён дар синни 74 аз олам даргузашт.
Шодравон соли 1949 дар шаҳраки Ховалинги ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, дар хонадони хидматчӣ таваллуд шуда, журналист, публитсист ва мушовири давлатӣ буд.
Дар факултаҳои шарқшиносӣ ва иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ, соли 1994) таҳсил кардааст. Ҳамчун ассистенти кафедраи забон ва адабиёти форсии факултаи шарқшиносии ДДТ (1972-1973), тарҷумон дар Афғонистон (1970-1971, 1989-1986), мудири шуъбаи идеологии комитети партиявии ноҳияи Ховалинг (1986-1991), раиси ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «МИТРА» (1991-2003), роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб (2003-2007) фаъолият доштааст.
Ва беш аз 10 сол дар шаҳри Кӯлоб маҳфили «Шоҳномахонӣ»-ро сарварӣ намудааст. Солҳои 2010-2015 дар кафедраи журналистикаи ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо донишҷӯёни факулта пиромуни мавзуъҳои «Баёни андеша бо забони тоҷикӣ», «Усули нақднигорӣ дар журналистикаи муосир» машғулиятҳо баргузор намудааст. Дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон ва Эрон беш аз 500 мақолаи илмию публитсистӣ ба чоп расонидааст.
Нигоштаҳояш дар 3 китоб бо унвонҳои «Ҷашни Наврӯз — омили худогоҳии миллии тоҷикон» (Душанбе, 2013), «Ниёиши некон ва покон» (Душанбе, 2014) ва «Худовандгори сухани порсӣ» (Душанбе, 2015) ба табъ расидаанд. Раиси бахши Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» дар минтақаи Кӯлоб буд.
Ёди неки ин фарзанди фарзонаи миллат дар қалбҳо хоҳад монд.
Аҳли эҷоди ҳафтаномаи «Омӯзгор»