24-уми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 93-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти таълимӣ аз 2 ошёна ва 5 қисм иборат буда, бо 27 синфхона, 1 китобхона, 5 ҳуҷраи кор, толори маҷлис бо 196 ҷойи нишаст ва ҳуҷраи алоҳидаи тиббӣ барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Ба Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 93 400 нафар хонанда таҳсил менамояд.
Синфхонаҳои фаннии физика, химия, математика, биология, технологияи иттилоотӣ ва ғайра бо таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили тахтаҳои электронӣ, проектор ва аёниятҳои замонавии хониш таъмин буда, барои хонандагон шароити хуби таҳсил фароҳам оварда шудааст.
Дар синфхонаи компютерӣ 25 адад компютери тамғаи нав мавҷуд буда, раванди таълим бо истифода аз воситаҳои муосири электронӣ сурат мегирад.
Дар муассиса маҳфилҳои ровиёни ҷавон, бозиҳои зеҳнӣ ва суруду мусиқӣ амал мекунанд.
Синфхонаи таълими меҳнати писаронаро бо асбобҳои дуредгарӣ ва духтаронаро бо мошинаҳои дарздӯзию ашё барои пухту паз таъмин намудаанд.
Барои ба машқу тамрин ва ҳар гуна бозиҳои шавқовар машғул шудани хонандагон толори замонавии варзиш муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ бунёд намудаанд.
Ғайр аз ин муассиса дорои майдони кушоди варзиш мебошад, ки дар масоҳати 80 метри мураббаъ бунёд карда шудааст.
Муассиса бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди идомаи сохтмони мактабҳои миёна” дар деҳаи Файзбахши деҳоти 10 — солагии Истиқлолият дар масоҳати 12 ҳазор метри мураббаъ бунёд карда шудааст.
Дар деҳаи Файзбахш асосан муҳоҷирони дохилии ихтиёрӣ, ки аз дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат омадаанд, зиндагӣ мекунанд ва ин муассисаи нави таълимӣ бо дарназардошти дар оянда зиёд шудани аҳолӣ дар деҳаи мазкур бунёд карда шудааст.
Барои омода намудани кӯдакон ба мактаб маркази инкишофи кӯдак ташкил намудаанд, ки дорои аёнияту бозичаҳои зиёд аст.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои бунёди чунин бинои замонавӣ ва муҷаҳҳаз намудани он бо воситаҳои зарурии таълимӣ изҳори сипос намуда, омӯзгоронро ба ҳисси масъулият дар тарбияи наврасону ҷавонон ва истифодаи самарабахши имконияти мавҷуда ҳидоят карданд.
Prezident.tj