МУЛОҚОТИ СУДМАНД

Дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо муовини директори Барномаи Озуқавории Ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон Чарлз Инвани баргузор гардид.
Сараввал Ҷамшед Ҷӯразода аз ташрифи намояндагони Барномаи Озуқавории ҷаҳонии СММ (WFP) ба Вазорати маориф ва илм изҳори сипос намуда, зикр кард, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Озуқавории ҷаҳонӣ барои амалишавии Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Сипас Чарлз Инвани зикр намуд, ки таъсиси бахши ғизои мактабии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2023 натиҷаи фаъолияти босамари ҷонибҳо буда, заминаи асосӣ барои вусъат пайдо кардани равобити дуҷониба дар оянда аст.
Дар охир Ҷамшед Ҷӯразода аз ҷониби вазорат ба Барномаи Озуқавории ҷаҳонии СММ изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт, ки бо ҳамкориҳои дуҷониба ба муваффақиятҳои назаррас ноил хоҳем гашт.