ФАРМОИШИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ 03. 05 СОЛИ 2023, №628, ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шурои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти шарҳи универсалии даврӣ (даври сеюм) барои солҳои 2023-2026
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2023, №АП-350 “Дар бораи Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шурои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти шарҳи универсалии даврӣ (даври сеюм) барои солҳои 2023-2026” мутобиқи моддаи 33-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва банди 11-и Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 тасдиқ шудааст,
ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
1. Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шурои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти шарҳи универсалии даврӣ (даври сеюм) барои солҳои 2023-2026 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Сардорони раёсат, шуъбаҳо ва бахши дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ, сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ уҳдадор карда шаванд, ки Нақшаи чорабиниҳои мазкурро мавриди иҷро қарор дода, аз натиҷааш ҳар нимсола ба раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ҷ. Бобоҷон) маълумот пешниҳод намоянд.
3. Сармуҳаррири нашрияи рӯзномаи “Омӯзгор” (Д. Қурбонзода) уҳдадор карда шавад, ки фармоиши мазкурро дар рӯзномаи “Омӯзгор” ба табъ расонад.
4. Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак (Ҷ. Бобоҷон) уҳдадор карда шавад, ки аз рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкур ҳар нимсола ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
5. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода гузошта шавад.
Асос: Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2023, №АП-350 “Дар бораи Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шурои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти шарҳи универсалии даврӣ (даври сеюм) барои солҳои 2023-2026”.

Вазир Раҳим САИДЗОДА