ЗАМИНҲОИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИРО ҲИФЗ НАМОЕМ

Дар раванди давлатдории навини тоҷикон бунёди мактаб ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим аз вазифаҳои муҳимми аҳли маориф ва ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ба мактаб таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, моликияти онро дуруст истифода кунем. Ба ҳамагон маълум аст, ки сол то сол аҳолии кишвар зиёд шуда, талабот ба мактаб афзун мегардад ва ин омил тақозо мекунад, ки сохтмони синфхонаҳои иловагию мактабҳои нав бештар гардад. Мутаассифона, нарасидани ҷойҳои нишаст ва дар як синф ба таълим фаро гирифта шудани 30 то 40 нафар хонанда имрӯз ба мушоҳида мерасад, ки ин омил ба паст гардидани сатҳу сифати таълим боис мегардад. Бино бар ин, заминҳои мактабиро ба ҳеҷ ваҷҳ ба манфиати шахсӣ набояд истифода кард, чунки ин амал, аз як тараф, бар хилофи қонунгузории кишвар бошад, аз ҷониби дигар, мушкилоти зиёдеро ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани насли наврас ба вуҷуд меорад.
Шоистаи таъкид аст, ки яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад ва ин моро вазифадор мекунад, ки ҳар як қитъаи заминро самаранок истифода кунем ва дар як сол аз 3 то 4 ҳосил ба даст орем. Дар ин самт истифодаи дурусти заминҳои наздимактабӣ айни муддаост ва роҳбарони муассисаҳои таълимиро мебояд, ки моликияти мактабро самаранок истифода кунанд ва аз он муассисаҳои таълимиро бо маҳсулоти кишоварзии тару тоза таъмин намоянд.
Мутаассифона, дар кишвар баъзан ҳолатҳое ба мушоҳида мерасад, ки заминҳои мактабиро худсарона фурӯхтаанд ва ё ба манфиати шахсӣ истифода намудаанд, ки бар хилофи қонунгузории кишвар мебошад. Тибқи моддаи 13-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар сарватҳои табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад».
Дар асоси моддаи 13, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати шаҳрвандон кафолат медиҳад. Дар заминаи ин муқаррарот ва таъмини кафолати истифодаи самараноки замин ба манфиати халқ аз ҷониби давлат худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он, ҳамчунин, ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ҷиноят эътироф гардида, барои содир кардани ин кирдор дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар давоми солҳои охир аз ҷониби ташкилоту идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва шаҳрвандон барои аз худ кардани молу амвол ва бинову иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони мағозаи фурӯши маводи идоравӣ, биноҳои иқоматӣ, иншооти маишӣ, хусусӣ гардонидани манзилҳои иқоматӣ, хобгоҳҳои умумӣ, биноҳои таълимӣ ва ғайра мактубу дархостҳои зиёд ба вазорат ворид гардида, ба онҳо мунтазам ҷавоби рад гардонида мешавад.
Чунки тибқи талаботи моддаи 172 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминҳое, ки таҳти объектҳои муассисаҳои давлатӣ қарор доранд, аз худ ва фурӯхта намешавад.
Ҳамзамон, мувофиқи қисми 2, моддаи 57-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» муассисаҳои таълимӣ молу мулки бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ вобасташударо тибқи таъйиноти вазифавии онҳо истифода мебаранд ва ҳуқуқ надоранд, ки онро ҳамчун воситаи кафолати иҷрои уҳдадориҳои худ ё уҳдадориҳои шахсони сеюм, аз ҷумла, ба сифати гарав истифода баранд ва ҳамчунин, ҳуқуқ надоранд, ки молу мулки аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ ба даст овардашударо ҳамчун қарз диҳанд ё ба таври дигар аз худ кунанд.
Инчунин, тибқи талаботи қисмҳои 4 ва 5, моддаи 60, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» қитъаи замин ба муассисаҳои таълимӣ барои истифодаи бемуҳлат бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Истифодаи қитъаи замини ройгон ба муассисаҳои таълимӣ додашуда хилофи таъйиноти он манъ аст. Дар қитъаи замине, ки барои истифода ба муассисаҳои таълимӣ дода шудааст, сохтани дигар бино ва иншооти ғайрисоҳавӣ манъ аст.
Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бо мақсади самаранок истифода бурдани моликияти давлатӣ ва тасарруф нагардидани ҳудуди замин ва бинову иншооти соҳаи маориф аз соли 2010 рафти гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва шиносномаи техникӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҷумҳуриро ба роҳ монда, айни ҳол қисмати зиёди муассисаҳои таълимӣ бо шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ (сертификати ҳуқуқи истифодаи замин) ва шиносномаи техникӣ таъмин буда, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ҷиҳати бо шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ таъмин намудани қитъаи замини муассисаҳои таълимии боқимонда чораҷӯӣ намоянд.
Ҳақ ба ҷониби вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода аст, ки дар тамоми ҷаласаҳо пайваста таъкид медорад: “ҳар нафаре, ки як порча замини муассисаи таълимиро мефурӯшад ва ё ғайримақсаднок истифода мебарад, баробар ба он нафарест, ки ба халқу миллат хиёнат мекунад”.
Аз ин рӯ, бо дарназардошти зиёдшавии аҳолӣ ва рушди соҳаи маорифи ҷумҳурӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъулини муассисаҳои соҳаи маориф, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсони дахлдор даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати ҳифзи қитъаи замини муассисаҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ бетараф набошанд ва аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ғасбу ғайримақсаднок истифода нагардидани замин ва молу амволи соҳаи маорифи мамлакат саҳмгузор бошанд.

Умед ҲАСАНЗОДА,
сардори шуъбаи маркетинг,
амвол ва хариди давлатии
Вазорати маориф ва илм