ҚОТИЛОНИ ХУШБАХТИ ҲАЙДАРШО НАҲЗАТИҲО БУДАНД

Хушбахти Ҳайдаршо яке аз журналистони забардасти арсаи рӯзноманигории кишвари мо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ буд, ки мутаассифона, аз дасти қотилони ташкилоти террористию экстремистии наҳзати исломӣ бо шеваи бераҳмона кушта шуд. Ин фарзанди фарзонаи миллат 31-уми январи соли 1959 дар деҳаи Ускроғи ноҳияи Ванҷи ВМКБ таваллуд шудааст.
Аз ҷавонӣ пешаи журналистиро интихоб карда, дар ин ҷода муваффақ ҳам гашт. Дар вазифаи котиби масъули рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» («Ҷумҳурият») кор мекард ва бо эҷодиёти худ дар хидмати халқу Ватан қарор дошт. Мутаассифона, 19-уми майи соли 1994 ҷангиёни ТТЭ ҲНИ ин журналисти забардастро дар назди манзилаш ба қатл расонданд.
Тавре маълум аст, дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки саркардагони он роҳбарияту аъзои ТТЭ ҲНИ буданд, ончунон донишмандону олимон ва фарҳангиёну рӯшанфикронро ба қатл расониданд, ки миллати мо дар ҳеҷ даврае ба чунин миқдор талафот надода буд.
Наҳзатиҳо олимону донишмандон, хусусан, рӯзноманигорон ва аҳли хомаву дафтарро ҳадафи тири душманона ва ноҷавонмардонаи хеш қарор доданд. Чунки фармондеҳон ва маблағгузоронашон ононро хуб омӯзонида ва тарбия дода буданд, ки бо қатл намудани кормандони ВАО мардумро аз огоҳию бедорӣ дур мекунанд ва оммаро ба гумроҳӣ мебаранд.
Маҳз матбуот ва васоити ахбори омма дар огоҳнамоии аҳолӣ ва рушди ҷаҳонбинии мардум нақши амиқ доранд. Аз ин ҷост, ки ҳар нафаре хостори ғасби ҳокимият ва ба даст овардани давлат мешавад, сараввал тамоми васоити иттилоърасонро тасарруф кардан мехоҳад. Айнан ҳамон коре, ки террористони наҳзатӣ солҳои ҷанги таҳмилии бародаркуш анҷом доданд ва пас аз ғасби радиову телевизион чандин намояндаи худро низ ба вазифаҳои масъул таъйин карданд.
Онҳо ваҳшонияти даҳшатбори гӯшношунидеро дар шаҳру навоҳии гуногуни кишвар пиёда намуданд ва дар он ҷойҳо ҳам ҳамеша кормандони ВАО-ро террор мекарданд. Чун солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки хабарҳо оид ба вазъияти сиёсӣ ва ҳаводиси он шабу рӯзҳо дар Тоҷикистон рухдодаистода барои ҳар як фард чун обу ҳаво зарур буд ва инчунин, музофотҳо бар марказ анқариб робита надоштанд, кормандони матбуоту ВАО ягона малҳаме ба захми мардум маҳсуб меёфтанд.
Аз ин рӯ, барои вазъиятро боз ҳам мураккабтар намудану мардумро дар ғафлат гузоштан ва дар ин замина, тамоми разилию палидии худу хоҷагонашонро пиёда кардан, террористони наҳзатӣ бештару пештар аз ҳама рӯзноманигорону дигар кормандони ВАО-ро ба қатл мерасониданд. Чунки рӯзноманигорон аз ҳиллаву найрангу дурӯғу фиребҳои онҳо хуб огоҳ буданд ва инчунин, нағз медонистанд, ки террористони наҳзатӣ ба мардум хабарҳои дурӯғ мерасонанд ва вазъиятро комилан баръакс тафсиру тавзеҳ медиҳанд.
Агар ноҷавонмардони наҳзатӣ Хушбахт Ҳайдаршоро ваҳшиёна ба қатл намерасониданд, шояд ҳамчун яке аз беҳтарин рӯзноманигорон ба Ватан хидматҳои бардавом мекард. Вале, сад афсӯс, ки чашми ин палидону разилон ва бехирадону ҷоҳилон аз қатлу куштор ва рехтани хуни инсон сер намегардад. Ҳамин хислати ноҷавонмардиашон аст, ки садҳо фарзанди огоҳу бедор, рӯшанфикру озодандешро палидонаю разилона ба қатл расонинданд.
Гарчанде террористони наҳзатӣ Хушбахти Ҳайдаршоро ба хотири сар нафаровардан ба онҳо, ифшо кардани асрори хиёнаткорию разилиҳояшон, хомӯш кардани садои матбуот, ба гумроҳӣ бурдани мардум ва инчунин, ҷой кардани тарсу ваҳшат дар қалби мардум бо шеваи ваҳшиёнаи ба худ хос ҷисман аз байн бурданд, вале, кору пайкор ва ҷавонмардию хислатҳои ҳамидаи инсонии ӯдар замири ҳар фарди миллатдӯсту меҳанпараст ва огоҳу бедор абадӣ боқӣ хоҳад монд.
Хайрулло Раҷабалиев,
сиёсатшинос