Тоҷикон аз қадимулайём китобдор, китобхон ва китобдӯст будаанд ва далели барҷастаи ин гуфта мероси пурғановати боқимонда аз бузургони илму адабамон аст, ки имрӯз низ аз тарафи аҳли башар мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад. Мо дар замони пешрафти босуръати илму техника ва кашфиёти ҳайратангез зиндагӣ дорем. Аз ин ҷост, ки ба масъалаи омӯзишу парвариш, таълиму тарбия ва роҳнамоӣ ба эҷодкорию навоварӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоем. Албатта, сарчашмаи тамоми ин рушду нумуъ ҳамон мизи кучаки мактаб аст. Ва махсусан, ҳамон даврони тифлӣ, гузоштани аввалин қадамҳо ба даргоҳи муқаддаси мактабу маориф сарнавишти ояндаи ҳар нафарро муайян мекунад.
Чаро имрӯз баъзе ҷавонон ба омӯзиши илму фарҳанг чандон таваҷҷуҳ надоранд? Оё арзиши донишу хирад ва илму ҳунар поин рафта ё дигар ба китобу қалам ниёзе боқӣ намонда ё рушду инкишофи компютеру интернету воситаҳои технологии муосир арсаи китобу дафтарро танг намуда? Барои посух ба ин пурсишҳо чанд андешаамро ҳамчун нафаре, ки тайи 4-5 сол дар ду донишгоҳи кишвар (ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва ДИТ) ба ҳайси муаллими калон тадрис намудааст, иброз медорам.
Аввалан дар дили донишомӯз, донишҷӯ, донишпажуҳ ё ҳар фарди толиби илм шавқу рағбати донишандӯзӣ ва азхуд кардани дарсро бедор бояд кард. Назокати кори адиб ё омӯзгори закӣ аз ҳамин нукта оғоз мегардад ва агар ҳамин ташаббус дар дасти муаллим ё устод қарор бигирад, гӯё 90%-и кор ҳалли худро пайдо кардааст. Ин ҷо чанд нуктаи омӯзиширо аз таҷрибаи педагогиям пешниҳод менамоям.
1. Ба донишомӯз бояд тавре омӯхт, ки ӯ умқи масъалаи омӯзиши илм ва касбу ҳунарро комилан дарк намояд. Донад, ки дар оянда ҷомеа ба ӯ ҳамчун мутахассиси ҳамон соҳа ниёз дорад ва ӯ шахсан метавонад дар рушду нумуи ин ё он соҳаи муҳимми кишвар саҳмгузор бошад. Тавре борҳо мушоҳида кардаам, баъзе донишҷӯён чунин андеша доранд, ки гӯё ҳамаи соҳаҳо теъдоди лозими кадрҳои мутахассиси худро доранду дигар ба онҳо ниёзе нест. Албатта, дар чунин маврид ҳамеша посухам ба онҳо ин аст, ки инсон бо мурури замон ҳарчанд хеле мутахассиси варзида ҳам бошад, рӯзе бознишста ва ба нафақа гусел карда мешавад. Ҳоло ҷойи холишудаи ин афроди пуртаҷрибаро бо ҷавонони донишҷӯи имрӯз ва мутахассисони варзидаи фардо бояд пур кард.
2. Масъалаи дигари муҳим дар амри омӯзишу парвариш бархӯрди устодон бо шогирдон ҳам дар мактабҳои миёна ва ҳам дар донишгоҳу донишкадаҳо мебошад, ки ин ҷо лозим аст таҷдиди назар сурат бигирад. Тавре мушоҳида мешавад, устодон бо шогирдон тавре бархӯрд мекунанд, ки гӯё донишомӯзу донишҷӯ аз назари ҷойгоҳи иҷтимоӣ дар сатҳи поинтар асту ҳар тавҳину накуҳишро метавон нисбат ба ӯ раво дид, ки албатта, чунин амал хатои маҳз аст. Устоде бо чунин дидгоҳ бояд қабл аз ҳама ба ёд биоварад, ки дирӯз худ чунин донишомӯзу донишҷӯ буд, ҳарчанд имрӯз устоди донишгоҳ аст.
3. Масъалаи дигаре, ки тайи даврони тадрис ба он рӯ ба рӯ гардидаам, иштирок ё ҳозир будану набудани донишҷӯён дар дарсҳост, ки фикр мекунам, имрӯз низ чунин ҳолат яке аз масъалаҳои муҳим ҳам дар мактабҳо ва ҳам дар донишгоҳҳо маҳсуб мегардад. Мушоҳида кардаам, ки баъзе донишҷӯён ба донишгоҳ танҳо ба ин хотир меоянд, ки устодон дар дафтари қайди будан ё набудан онҳоро «ғоиб» нагузорад ва он донишҷӯ фикр мекунад, ки ҳоло ки устод ӯро «ғоиб аз дарс» нагзошт, дигар масъала ҳалли худро ёфта ва ӯ метавонад назди падару модар бо сари баланд бигӯяд, ки «ман ҳамеша дар дарсҳо ҳозирам».
Албатта, имрӯз ин мушкил бо будан ё набудани донишомӯзу донишҷӯ сари дарс ҳал намешавад ва тавре медонем, дар ҷаҳони имрӯз «омӯзиш аз роҳи дур» ё ба истилоҳ «омӯзиши маҷозӣ» роҳандозӣ гардида, ки донишомӯз метавонад ба мактаб ё донишгоҳ ҳузурӣ наояду аз роҳи дур омӯзиш бубинад. Ва ин таҷриба дар даврони шадиди «пандемия» мавриди истифода қарор гирифт ва дар чанд кишвари ҷаҳон то андозае муваффақ ҳам буд.
Аммо, мутаассифона, ин таҷриба дар кишвари мо натиҷаи чандон хуб надошт, зеро нахуст ин ки мо аз назари истифодаи технологию интернетӣ вазъияти муносиб надоштем. Ҳарчанд технологияҳои муосири интернетӣ ба кишвари мо зиёд ворид гардидааст, фарҳанги истифода аз воситаҳои технологии интернетиро ёд нагирифтаем, зеро баъзе аз донишомӯзону донишҷӯёни мо телефонҳои мобилии худро на ба хотири дастрасӣ ба иттилооти лозима, балки танҳо ба хотири ба намоиш гузоштан ва ифтихори хушку холӣ аз модели он ҳамроҳ меоваранд. Тавре қаблан зикр намудам, дар баробари ворид намудани технологияи наву замонавӣ бояд фарҳанги истифода аз он низ ворид мегардид.
4. Оид ба масъалаи омӯзишу парвариши донишӯёну донишомӯзон ва ояндаи онон низ бояд таҷдиди назар сурат гирад. Яъне, фарди довтабалаб ҳадди ақал аз ҳирфа ё пешаи интихобкардааш иттилооти даркориро дошта бошад, зеро надоштани ишқу алоқа ва огоҳии комил аз риштаи таҳсилӣ ё пешаи интихобкарда, омили дигари камтаваҷҷуҳии донишҷӯ ба дарсу дарсхонӣ гардидааст. Чунончи, боре аз донишҷӯе сабаби камтаваҷҷуҳияш ба дарсу китобхониро савол кардам, дар посух гуфт, ки ман аслан, мехостам пас аз хатми донишгоҳ дар мақомоти гумрук фаъолият намоям, аммо ҳамдарсонам мегӯянд касби итихобкардаи мо (педагогӣ) тамоман аз ин соҳа дур аст, яъне, донишҷӯ ҳатто намедонад, ки дар куҷо таҳсил мекунаду дар оянда ба чӣ коре машғул ҳохад шуд. Оё дар чунин вазъият заҳмати устод ё ҳатто худи донишҷӯ беҳуда нест?
5. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад ва мо — тоҷикон низ наметавонем худро аз ин оилаи бузурги ҷаҳонӣ дар канор бигзорем.
Вазъияти имрӯзаи ҷаҳон моро низ бетараф намегузорад ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ «ҳамроҳи ҷамоат» хоҳем буд. Ва дар чунин вазъияти ҳассосу пурталотуми ҷаҳонӣ «киштии наҷот»-и мо танҳо омӯзиши илму дониш ва баҳрабардорӣ аз технологияи замонавӣ хоҳад буд. Аз ин рӯ, ҳар нафари моро лозим аст, ки баҳри омӯзиши илму дониш пайваста талош намоем, бахусус, дар тарбияи насли наврас бетараф набошем, зеро ояндаи неки ҷаҳон дар дасти касоне хоҳад буд, ки худро бо илму дониш ва технологияҳои муосиру замонавӣ муҷаҳҳаз намудаанд.
Ҳусниддин ҒАФУРӢ,
мутахассиси дараҷаи олии Анҷумани тоҷикон
ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»