МАСЪАЛАҲОИ МАТНӢ – ТАКМИЛБАХШИ ДОНИШИ ХОНАНДАГОН

Маводи таълимӣ дар китобҳои дарсии математика аз рӯи принсипи консентрикӣ ҷойгир шудаанд. Барои ба тарзи консентрикӣ ҷойгир кардани маводи таълимӣ асосҳои зер мавҷуданд: а) асосҳои психологӣ: дар раванди аввали таълим бояд он донишу маҳоратеро фаро гирад, ки хонандагон барои қабули онҳо қодиранд. Аз ин рӯ, яку якбора ба омӯзонидани ададҳои нисбатан калон, ки барои хонандагон дастрас нестанд, набояд шуруъ кард.
Дар аввал ба хонандагон иҷрои амалҳои арифметикиро ба ададҳои начандон калон омӯзонидан лозим аст; б) асоси методии хусусиятҳои системаи шумор ва қоидаҳои иҷро кардани амалҳои арифметикӣ — дар системаи нумератсияи даҳӣ асоси ададҳои бисёррақамаро номгӯи даҳии якум ташкил медиҳад ва ба ин сабаб консентри ададҳои даҳии якум ҷудо карда мешавад. Вобаста ба хусусиятҳои ададҳои аз 11 то 19 консентри ададҳои даҳии дуюмӣ ба таври махсус ҷудо карда мешавад. Дар ин консентр ҷадвали ҷамъ омӯзонида мешавад, ки он асоси ҷамъкунии хатмро ба ададҳои бисёррақама ташкил медиҳад.
Асоси методӣ ба амалҳои баръакс алоқаманд буда, дар асоси принсипи консентрикӣ дар барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии математика мавод аз арифметика, ҷузъиёти алгебра ва геометрия ҷой дода шудааст. Вобаста ба ин, алоқамандии мазмуни таълими курси математика аз қисмҳои зер иборат мебошад:
1. Нумератсияи ададҳо;
2. Амалҳои арифметикӣ;
3. Бузургиҳо ва чен кардани онҳо;
4. Ҷузъиёти алгебравӣ;
5. Ҷузъиёти геометрӣ;
6. Ҳалли масъалаҳо.
Таҳлили адабиёти методӣ ва омӯзиши таҷрибаи кори омӯзгорони математика бозгӯйи он мебошад, ки айни замон ба истифодаи маводи алгебравӣ дар ҳалли масъалаҳои матнӣ дар таълими математика диққати зарурӣ додан лозим аст. Аҳаммияти калони таълимӣ ва тарбиявии омӯзиши истифодаи маводи алгебравӣ дар дарсҳои математика дар зинаи аввали омӯзиши математика ба назар мерасад.
Дар ҷараёни таълим аз воситаҳои гуногун истифода мебаранд ва дар якҷоягӣ онҳо маҷмуи ягонаро ташкил медиҳанд. Воситаи ёрирасони таълим ба инкишоф додани ғояи китоби дарсӣ кумак мерасонанд.
Хонандагонро ба он одат кунонидан лозим аст, ки онҳо на фақат ба матну расмҳои китоб, инчунин, ба мундариҷаи он, навиштаҷот, ҷадвалҳо, эзоҳи мухтасар, нишондодҳои фаннӣ ва ғайра шинос шаванд. Дуруст истифода бурдани воситаҳои ёрирасон ба хонандагон имкон медиҳад, ки қисми даркориро аз китоб ба осонӣ дарёбанд. Китоби дарсӣ воситаи ягона нест. Барои муаллим дастурҳои методӣ, маводи дидактикӣ маҷмуаҳои машқу масъалаҳое мавҷуданд, ки системаи ягонаи таълимро ташкил медиҳанд.
Маводи дидактикӣ ба муаллим имкон медиҳад, ки дар ҳар лаҳзаи дарс корҳои мустақилонаи мазмуни таълимидоштаро ташкил ва баргузор намояд. Маводи дидактикиро барои ташкил кардану амалӣ намудани корҳои умумӣ ва фардӣ истифода бурдан аз фоида холӣ нест. Дар ташкил кардану амалӣ намудани корҳои санҷишии гуногун аз маводи дидактикӣ истифода бурдан ба мақсад мувофиқ аст.
Истифодаи воситаҳои гуногуни аёнӣ хонандагонро фаъол мегардонад, шавқу ҳаваси онҳоро ба математика меафзояд ва тафаккури хонанда инкишоф меёбад.
Барои истифодаи маводи алгебравӣ дар ҳалли масъалаҳои матнӣ дар математика доир ба барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии математика шароиту имкони фаровон мавҷуд аст.
Системанок истифода намудани тарзу методҳои истифодаи маводи алгебравӣ дар ҳалли масъалаҳои матнӣ дар математика дар ҷараёни таълим ба баланд шудани савияи дониши хонандагон таъсири мусбат расонида, ба пайдо намудани маҳорату малакаҳои тадқиқотии хонандагон ва ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба фанҳои риёзӣ, фаъолиятмандӣ ва мушоҳидакории онҳо кумак расонида, яке аз омилҳои бартарафнамудани сатҳи дониши хонандагон ба ҳисоб меравад.
Барои пайдо намудани шавқу ҳавас ба омӯзиши истифодаи маводи алгебравӣ дар математика, иштирок дар маҳфилҳои «Математикони ҷавон», «Викторинаи математикӣ», ташкил намудани машғулиятҳои таълимӣ, амалӣ ва беруназсинфӣ аз математика мувофиқи мақсад мебошад.
Дилбар ИСОЗОДА,
омӯзгори калони кафедраи
методикаи таълими фанҳои табиӣ – риёзии ДҶТИБКСМ