Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аслан 73 сол пеш бо қарори Анҷумани Шурои Федератсияи байналмилалии демократии занон (соли 1950) таҷлил гардида буд. Ин сана моро ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоид ба таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила ва тайёр намудани бачагон ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд, ки «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон натанҳо рӯзи таърихӣ, балки айёми ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст. Аз ин лиҳоз, ин рӯз иди калонсолон низ мебошад. Зеро кӯдакон ниёз ба ғамхории доимӣ доранд ва калонсолон дар таъмини ниёзу эҳтиёҷоти онҳо масъуланд».
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба ҳуқуқи кӯдак ва ҳифзи он диққати ҷиддӣ дода, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ ва яке аз аввалин давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 26 октябри соли 1993 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба тасвиб расонид ва он барои Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 ноябри соли 1993 эътибор пайдо кард.
Соли равон мо 30-солагии ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак таҷлил менамоем.
Аввалин гузориш ё ҳисоботи Тоҷикистон вобаста ба рафти иҷрои конвенсия ба Кумита оид ба ҳуқуқи кӯдаки СММ соли 1998 пешниҳод гардид.
Ин конвенсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе қабули қонуни махсус мушкилотро ба миён меовард. Аз ин рӯ, соли 2015 қонуни алоҳида, яъне Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак” қабул карда шуд.
Ҳангоми қабули қонуни мазкур зарурати муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар назди Ҳукумати кишвар ба миён омад. Ҳукумати ҷумҳурӣ 19 августи соли 2016 дар асоси қарори худ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак муайян намуд.
Аз ин лиҳоз, дар назди Вазорати маориф ва илми кишвар зарурат ба миён омад, ки ниҳоди алоҳидаро дар шакли раёсати мустақили воҳиди сохтории вазорат таъсис диҳад, ки ваколат ва функсияҳои вазоратро дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар ҷумҳурӣ амалӣ намояд. Аз ин рӯ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2019, № 634 ба сохтори вазорат тағйирот ворид карда шуда, раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ҳамчун ниҳоди нав бо 8 воҳиди корӣ ташкил карда шуд.
Яке аз ваколатҳои вазорат тибқи қонуни зикршуда ташкил ва пешбурди Махзани ягонаи давлатии маълумот оид ба кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ин самт аз ҷониби вазорат корҳои муайян ба анҷом расонида шудааст, аммо барои ҳамаҷониба ба роҳ мондани ин махзан дастгирии шарикони рушд ҷиҳати таҳияи барномаи махсуси компютерӣ зарур аст. Инчунин, дар маҳалҳо субъектҳои ҷамъоварандаи ин маълумотҳо тибқи қонунгузорӣ бояд мушаххас карда шавад.
Проблемаи дигаре, ки дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак мавҷуд аст, дар мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мавҷуд набудани шуъба ё бахши ҳифзи ҳуқуқи кӯдак мебошад. Айни замон дар мақомотҳои зикршуда комиссияҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак фаъолият мекунанд, ки комиссияҳои мазкур хусусияти ҷамъиятӣ дошта, дар амалия проблемаҳои гуногунро ба миён овардааст. Фаъолияти ин комиссияҳо бар дӯши котибони комиссияҳо мебошад ва як шахс имкон надорад ваколатҳои зиёдро саривақт иҷро намояд.
Аз ин рӯ, зарурат ба миён омадааст, ки дар мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шуъба ё бахши ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ташкил карда шавад.
Проблемаи васоят ва парасторӣ, ки яке аз масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак мебошад, ки дар мадди назари Вазорати маориф ва илм қарор дорад. Ҳоло дар вазорат бо мақсади танзим намудани мақоми васоят ва парасторӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи васоят ва парасторӣ” таҳия шудааст. Масъалаи васоят ва парасторӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии сатҳи гуногун мавриди танзим қарор дода шуда, дар амалия проблемаҳои мухталифи танзими он ба миён омадааст. Аз ҷониби мутахассисон вобаста ба масъалаи мазкур ақидаҳои гуногун мавҷуд аст, аммо ҳамаи мутахассисон пешниҳод доранд, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мақомоти алоҳидаи васоят ва парасторӣ ташкил карда шавад.
Проблемаҳои дигари ин самт, ба монанди масъалаҳои фарзандхондӣ, аз ҷумла, фарзандхондии байналмилалӣ, танзими ҳуқуқии оилаи (мураббии) парастор, паст кардани фарогирии кӯдакон ба мактаб-интернатҳо, ба таҳсил фаро гирифтани кӯдаконе, ки бо сабабҳои гуногун ба таҳсил фаро гирифта нашудаанд, пешгирии ҷинояткорӣ ва оворагардии кӯдакон ва ғ. мебошанд, ки мо — намояндагони вазорат ва идораҳои давлатиро водор месозад, то дар ин самтҳо корҳоро бештар намуда, баҳри рушди ҳаёти кӯдакон, ҳифз намудани ҳуқуқи онҳо дар ҷомеа ва ташкил намудани шароити мусоиди зиндагӣ ба онҳо чораҳои дахлдор андешем.
Бобоҷон ҶАҲОНГИР,
сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ