Рӯзҳои Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони имсола ману муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшани Махсумзод ба ноҳияи Файзободу шаҳри Роғун вобаста гардидем. Сафари эҷодӣ чун дар ҳамаи маъракаҳои Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон бисёр самимӣ, ботантана, бо намоиши китобҳо ва дастранҷи бачаҳои гулдаст баргузор гардид. Суҳбати мо бо хонандагони мактаби рақами 19-и деҳаи Усто Шамси Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод дар саҳни мактаб сурат гирифт. Бачаҳо дар қироати шеърҳову пораҳои наср, бо суруду рақсу саҳначаҳо хуб ҳунарнамоӣ карданд.
Бисёр вохӯрии самимию хотирнишин буд. Ман ҳангоми суҳбат аз онҳо пурсон шудам, ки оё касе аз шумо то имрӯз шоир ё нависандаеро аз наздик дидааст ё не? Аз касе садое набаромад. Дар ин мактаб маъракаи Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон бори аввал баргузор мегардад ё 10 — 12 сол пештар барпо гаштааст, ки ин насли хонандагони мактаб чунин маҳфилу вохӯрӣ бо адибонро дар ёд надоранд.
Ба ёдам расид, ки ин тадбири адабию фарҳангӣ таърихи 80 — сола дорад. Соли 1943, ҳангоме ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ артиши Иттиҳоди Шуравӣ ба ғалабаҳои пай дар пай ноил шуд ва бовари мардум ба ғалабаи комил бештар гардид, дар шаҳри Маскав адибон ба тарбияи маънавии бачаҳо рӯй оварданд. Чанд нафар адиб бо сарварии нависандаи мумтози бачаҳо Лев Кассил ҷамъ омаданд ва бо бачаҳо вохӯрию суҳбатҳо карданд ва ин маъракаҳоро “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон” ном доданд. Ин тадбир, ки тадбири нав ва хеле аҷиб буд, тадриҷан дар доираҳои васеътар барпо гардид ва ниҳоят, ба як тадбири анъанавии умумииттифоқӣ табдил ёфт. Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон бо навбат дар пойтахти яке аз ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ баргузор мешуд ва ба он адибони маъруфу маҳбуби бачаҳои тамоми ҷумҳуриҳо ҷамъ меомаданд ва бо хонандагони шаҳру ноҳияву вилоятҳои “ҷумҳурии навбатдор” вохӯрию суҳбатҳо баргузор мекарданд. Дар ин тадбир аз ҷумҳурии мо одатан ҳамасола ду нафар адиби бачаҳо иштирок мекарданд.
Ман аз адибон Мирсаид Миршакар, Бобо Ҳоҷӣ, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Убайд Раҷаб, Мавҷуда Ҳакимова, Нуъмон Розиқ, Наримон Бақозода, Алӣ Бобоҷон, Нозирҷон Боҳирӣ ва чанд нафари дигар, ки дар ин маъракаҳо як ё якчанд бор иштирок кардаанд, ҳикояту ёддоштҳое шунидаам, ки афсонаҳоро мемонанд.
Ман он солу замонҳо ҷавонтар будам ва ин гуна сафарҳои эҷодиро орзу ҳам карда наметавонистам. Воқеан, боре ҳам аз дилам нагузаштааст, ки дар ин маросими умумииттифоқӣ иштирок карда бошам. Ҳарчанд ки дар ин тадбирҳо китобхонону китобдорони беҳтарин, адабиётшиносону тарҷумонҳо, кормандони матбуоту нашриёти кӯдакону наврасон аз ҳар гӯшаву канори мамлакати паҳновари Шуравӣ иштирок мекарданд.
Аммо, ба ҳар ҳол, бахтам тофт. Ман ҳам як бор дар ин маросими бузурги умумииттифоқӣ иштирок кардам. Фақат бо мақсади иштирок дар ин маросим ба ҷумҳурии дуру наздике нарафтам. Балки худи ин тадбир ба пеши ман омад. Яъне навбати кушоиши ин Ҳафтаи муборак ва меҳмондориву мизбонии меҳмонони ин базми адабию фарҳангии умумииттифоқӣ ба Тоҷикистон расид.
Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон он солҳо одатан ҳангоми таътили баҳории мактабиён – аз 23 март то аввали моҳи апрел баргузор мегардид. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо сарварии устод Муъмин Қаноат, адибони маъруфи бачаҳои ҷумҳурӣ Мирсаид Миршакар, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Болта Ортиқзода, аъзои Шурои адабиёти кӯдакон ва наврасони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои марбутаи мамлакат ба пешвози ин тадбири муҳимми давлатӣ аз аввали сол омодагӣ гирифтанд. Нақшаи пазироии меҳмонон, манзили будубошашон дар давоми ҳафта, макону замони вохӯрии онҳо бо хонандагони мактабҳои шаҳру ноҳияву вилоятҳои ҷумҳурӣ то рӯзу соати гусели ботантанаашон дақиқ гардид. Нишони зебои сарисинагии ин Ҳафта ҳам, ки иборат аз акси давраи як духтараки тоҷики китобхон, ки китобаш аз худаш калонтар буд, омода шуд.
Инак, ҳафтаи охирини моҳи марти соли 1981 тантана оғоз ёфт.
Ман дар давоми як ҳафта бо тамоми ҳастӣ шукӯҳу шаҳомати ин иди китоби кӯдакону наврасонро эҳсос кардам ва нақши ин таассурот то имрӯз дар дилу ҷонам боқист.
Ман он рӯзҳо ҳамчун мухбири рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон”, ки рӯзномаи ягонаи бачаҳо буду ҳар ҳафта ду бор беш аз 300000 нусха чоп мешуд, бо адибони маъруфи бачаҳо — Анатолий Алексин, Мария Прилежаева, Яков Аким, шоири украин Богдан Чалий, шоирони маъруфи туркман Қайюм Тангриқулиев ва Нурӣ Байрамов, бо шоири русзабони Ӯзбекистон Раҳим Фарҳодӣ, чанд адибу рӯзноманигори Финландия, ки ному насабу пешаашон бароям нав буд, бевосита шинос шудам ва барои рӯзномаамон мусоҳиба ташкил кардам.
Вохӯрию суҳбати ман бо шоири украин Богдан Чалий ва шоири шаҳири бачаҳои рус Яков Аким бисёр шавқовару хотирмон буд.
Богдан Чалий бо изтиробу ҳаяҷон нақл кард, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар яке аз муҳорибаҳои шадид сахт маҷруҳ шуд ва ӯро барои табобат ба шаҳри Душанбе оварданд. Меҳмонхонаи “Вахш” ва тарабхонаи имрӯзаи “Памир” госпитал (беморхонаи ҳарбиён) буд ва дар ин ҷо маҷруҳони зиёди майдони ҷанг табобат ёфтанд. Вай дар шаҳри Душанбе чун як шоири ҷавон бо бисёр адибони тоҷик, хусусан, бо устод Мирсаид Миршакар ошнову дӯст гардид. Як рӯз, ки андак ба по шудаву роҳ гашта метавонист, Мирсаид Миршакар хабар дод, ки “Аз фронти Украина боз як эшелон маҷруҳ оварданд. Як ба вокзал бирав. Шояд ягон шиносатро мебинӣ”.
– Ман кашолаву пуштора шуда ба вокзал рафтам, – гуфт Богдан Чалий, — ва медонед дар ин ҷо киро ёфтам?! Ин дам овозаш гирифт. Ба риққат омад. Дар чашмонаш ашк ҳалқа зад. Лаҳзае чизе гуфтан натавонист. Ниҳоят, худро ба даст гирифта, нидо кард: – Модарамро! Модарам духтур буд. Дар хатти пеши фронт маҷруҳонро табобат мекард. Ман ӯро се сол боз надида будам. Аз зиндаву мурда буданаш хабар надоштам. Ин хурсандӣ, ин изтиробу ҳаяҷон ва ин дидорбинии ҷонбахшро гуфтану навиштану тасаввур кардан имкон надорад. Барои эҳсосу дарки лаззати ин дидор танҳо ҳамчун ман дидану озмудан лозим аст.
Модарҷонам маҷруҳони майдони ҷангро то шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ кардааст, ки ба госпиталҳои ин ҷо супорад ва бедиранг ба посгоҳи худ, ба пешгоҳи фронт баргардад…
Богдан Чалий ба адабиёту адибони мо, ба миллати мо, ба сарзамини мо он қадар дилбастагӣ ва меҳру муҳаббат дошт, ки гуфтану навиштан надорад.
Вай ба ману Юсуфҷон Аҳмадзода пешниҳод кард, ки шеърҳоямонро дар тарҷумаи таҳтуллафзӣ барояш бифиристем. Шахсан худаш онҳоро манзум мекунад ва дар шакли китоби диданию хонданӣ ба чоп мерасонад. Вай омода аст барои адибони тоҷик тамоми корҳои имконпазирро ба сомон расонад ва худро барои чунин корҳо қарздор медонад.
Вохӯрию суҳбати ман бо Яков Аким – муаллифи манзумаи машҳури “Неумейка” (Акобир Шарифӣ ин манзумаро бо номи “Ношудак” тарҷума кардааст) низ бисёр аҷибу хотирмон буд, ки дар ин хусус вақти дигаре менависам. Аммо дар омади гап гуфтанам лозим меояд, ки ӯ дар охири суҳбат аз кору бор ва рӯзгори ман пурсон шуд. Чун донист, ки ман як фарзанди мактабхон дорам, китобаки “Неумейка” — ро бо имзояш ба духтарам Ширин, ки дар синфи севум мехонд, ҳадя кард. Ин китоб то имрӯз дар китобхонаи оилавии мо чун як туҳфаи бебаҳои таърихӣ нигаҳдорӣ мешавад. Шояд як китоби маро бо номи “Сурудаке дар бораи ҳарфи О” дар нашриёти машҳури “Детская литература”-и Маскав тарҷумаву ба чоп омода карданаш ба шарофати ҳамин Ҳафтаву ҳамин вохӯрӣ бошад.
Ин дидору гуфтугӯйҳои пур аз меҳру муҳаббат танҳо ба шарофати Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон рӯйи кор омад, вагарна “Салоҳи кор куҷову мани хароб куҷо?”
Афсӯс, ки ин анъанаи нек монанди бисёр муносибатҳои адабию фарҳангию иқтисодӣ бо ҷумҳуриҳои дигар суст шуд, қисман ё тамоман барҳам хӯрд. Аммо ёди он рӯзҳои меҳрбор дар хотиру дилҳо гӯё ҳаккокӣ шудаанд, ки барқарору барҷост.
Воқеан, дар партави ин Ҳафта шоир, носир ва ношири маъруфи имрӯзаи мо, сарвари Ташкилоти байналмилалии “Истиқбол” Латофати Кенҷа, замоне, ки сардабирии маҷаллаи “Машъал” — ро бар уҳда дошт, бо номи “Фестивали маҷаллаи “Машъал” маҳфиле ташкил кард. Чандин сол вохӯрии адибони бачаҳову олимонро бо хонандагони мактаб ва лагерҳои пионерии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор намуд. Ба ин муносибат бисёр адибону рӯзноманигорони мо ба ноҳияҳои Айнию Панҷакент ва Узуну Бойсуну Самарқанд сафарҳои эҷодӣ доштанд.
Баъди чанд муддати ба Истиқлоли давлатӣ расидани ҷумҳурӣ бо ибтикори шоири шаҳири бачаҳо Наримон Бақозода, ки муовини раиси Кумитаи сулҳи Тоҷикистон буд, ин маросими муҳимми адабию фарҳангӣ бо номи “Фестивали китоб ва мусиқии кӯдакону наврасон” дар мамлакат оғоз ёфт ва чандин сол давом кард. Раиси собиқи Китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Қурбон Ғуломзода ин анъанаро такмил дод ва ҳусну таровати дигар бахшид. Ӯ гимни ин Ҳафтаро бо оҳанги Саъдии Қаландар бар шеъри Рӯдакӣ (Дониш андар дил чароғи равшан аст) таҳия кард, ки бачаҳо дар оғозу анҷоми Ҳафта бо шавқу завқи тамом месароянд. Раиси имрӯзаи китобхонаи мазкур Ҳусейн Сафарзода бо ҳамдастонаш дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагон, Вазорати фарҳанг ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар баргузории ин тадбир камар бастаанд.
Чанд сол пештар мо ҳамроҳи шодравон Алӣ Бобоҷон ҳафтае дар вилояти Суғд ва ҳафтае дар вилояти Хатлон сафари эҷодӣ доштем.
Вохӯрию суҳбатҳои мо бо аҳли адабу фарҳанг ва хонандагони мактабҳои ин вилоятҳо бисёр пурмазмуну пурмуҳтаво буд. Дар раванди ин вохӯриҳо ман бори дигар ба ин хулоса омадам, ки Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон танҳо барои бачаҳо нест. Ҳафтаи эҷодии адибони бачаҳо ҳам ҳаст, зеро адибони бачаҳо ҳам ин рӯзҳоро чун бачаҳо беқаророна интизор мешаванд. Дар давоми ин ҳафта бо ҳампешагони худ, бо навқаламону навкорони адабиёти бачаҳо вомехӯранд, ба онҳо маслиҳат медиҳанду раҳнамоӣ мекунанд. Бо эҷодиёти нави ҳамдигар ошно мешаванд. Аз навиштаҳои ҳамдигар илҳом мегиранд. Ба ҳамдигар ёрию мадад мерасонанд. Ба шарофати ин маросими муҳимми адабию фарҳангӣ адабиёти кӯдакону наврасон ҳам ривоҷу равнақ меёбад.Аз хонандагони мактаби 19 -и деҳаи Усто Шамс пурсидани ман, ки “Оё аз ин пештар шоир ё нависандаи зиндаеро дидаед?” таърихчае дорад. Боре дар чунин рӯзҳо, ки бо сарварии Наримон Бақозода дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ будем, як директори мактаб нақл кард, ки “Духтарам дирӯз баъди вохӯрии шумо дар мактабаш бо шавқу ҳавас ҳикоя кард, ки “Мо имрӯз шоиру нависандаҳои зиндаро дидем!” Шоиру нависандаи зиндаро дидан ва бевосита аз забони ӯ шунидани шеъру нақлу ҳикояташ ҳаловату таъсири дигар дорад. Чунон ки ман соли 1964 дар чунин тадбир Аминҷон Шукӯҳиро, ки аз шоирони машҳуру маҳбуби замон буд, дидам. Шеъри “Гӯсолаи алочаам”-ро бевосита аз забонашон шунидам, нишонияшонро гирифта, шеърҳои аввалинамро барояшон фиристодам. Эшон ба мани мактабхон ҷавоб навиштанд ва 60 сол мешавад, ки ин нома ҳамчун як чизи муққадас бо ман аст.
Ман ба хонандагони бисёр мактабҳо чунин савол медиҳам, вале на ҳамеша ҷавоби мусбат мегирам, яъне Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон дар доираҳои танг мегузарад. Аксаран бо шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва баъзан бо вилоятҳои Хатлону Суғд анҷом мепазирад. Гузашта аз ин, чунин тадбирҳо бештар дар мактабҳои сарироҳӣ барпо мегардад, то ба мактабҳои дуртар аз маркази шаҳру ноҳияҳо камтар роҳ меёбад. Боре нашунидаам, ки касе аз адибон дар доираи ин тадбир то Бадахшони мо рафта бошад. Дуруст аст, ки дар шаҳри Хоруғ Бахши вилоятии Иттифоқи нависандагон ҳаст ва дар атрофи он адибони зиёде фаъолият доранд. Аммо табиист, ки бевосита аз пойтахт рафтани намояндае шукӯҳу шавкати Ҳафтаро бештар мегардонад.
Имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбияи маънавӣ ва китобхонию маърифатнокии насли наврас эътибори махсус зоҳир мекунад. Бо ин мақсад озмуну тадбирҳои ҷумҳуриявӣ ба роҳ мемонад.
Дар партави ин сиёсати маърифатию фарҳангӣ месазад, ки мақоми Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасонро баландтар бардорем, доираашро васеътар гардонем ва барои рангинтару пурмазмунтар гардиданаш саҳми бештар гузорем.
Ҷӯра ҲОШИМӢ,
мудири шуъбаи адабиёти бачагонаи муассисаи
нашриявии “Маориф”
