МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАЪЛИМИЮ МЕТОДИИ НАЗДИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Номгӯйи мавзуъҳои намунавӣ барои бахшҳои машварати августии кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023
1. Масъалаҳои муҳимми рушди маориф
1. Ислоҳоти соҳа — омили рушду пешравӣ ва беҳ шудани раванди таълиму тарбия.
2. Саҳми мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр (ноҳия) дар пешравии соҳаи маориф.
3. Ҳамкории шуъбаи маориф ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба афзалиятнок эълон гардидани соҳаи маориф.
4. Нақши мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар самти маблағгузории сарикасӣ ҳамчун омили фаъолияти босамари муассисаи таълимӣ ва беҳ шудани ҳифзи иҷтимоии омӯзгорон.
5. Фаъолияти раёсат ва шуъбаҳои маориф ҳамчун мақомоти маҳаллии соҳа дар рушд ва беҳдошти раванди таълиму тарбия.

2. Мудир ва мушовирони кабинетҳои методии раёсату шуъбаҳои маориф
1. Истифодаи васоили ташхис дар раванди мушоҳидаи дарс
2. Арзёбии сифати дониши хонандагон-омили муҳимми баланд бардоштани сифати таълим.
3. Ҷанбаҳои муҳимми рушди муттасили касбии омӯзгор ва таснифоти онҳо.
4. Роҳ ва усулҳои гузаронидани корҳои санҷишӣ ва нақши он дар баланд бардоштани сифати дониш, малака ва маҳорати хонандагон (аз таҷриба).
5. Муносибати сохторӣ ва функсионалӣ дар таълим ва афзалияти онҳо.
6. Мутобиқсозӣ ва истифодаи изҳорот (хиштчаҳо) дар ҷанбаи “Шакли кор” дар раванди ташхиси дарс.
7. Роҳ ва усулҳои асосии омӯзиш, ҷамъбаст ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогии омӯзгорон (аз таҷриба).
8. Муносибати босалоҳият дар раванди таълим ва афзалияти он дар беҳтар гардидани сатҳ ва сифати таълим.
9. Нақши мушовир дар рушди касбии омӯзгор.
10. Технологияи муосири педагогӣ ва тарҳрезии раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.
11. Сохтори хадамоти методии муассиса ва вазифаҳои он дар раванди таълим.
12. Роҳбаладӣ-яке аз шаклҳои асосии фаъолияти кабинетҳои методии раёсату шуъбаҳои маориф.

3. Директори муассисаи таҳсилоти умумӣ
1. Директор-роҳбари умумии муассисаи таълимӣ.
2. Зарурати донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф барои фаъолияти директори муассисаи таълимӣ.
3. Директор-менеҷмент ва менеҷер.
4. Номгӯйи ҳуҷҷатҳо барои роҳбарӣ ва назорати фаъолияти муассисаи таълимӣ.
5. Нуктаҳои муҳимми фаъолияти муштараки директор ва муовини директори муассисаи таълимӣ оид ба таълим дар самти идоракунӣ ва назорат.
6. Ҳуҷҷати аз ҳама муҳим барои идоракунии муассисаи таълимӣ.
7. Нақши назорати дохилитаълимгоҳӣ дар идоракунӣ ва назорати фаъолияти муассисаи таълимӣ.
8. Нақши Шурои педагогӣ дар идоракунии раванди таълиму тарбия.
9. Нақши ҳамоҳангсозии фаъолияти Шурои педагогӣ ва Шурои методӣ дар беҳ кардани раванди таълиму тарбия.
10. Иштирок ва таҳлили дарси омӯзгорон аз ҷониби роҳбарият ва нақши он дар баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон.
11. Тарзи ташкил ва гузаронидани аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.
12. Нақши директор дар ҷалби бачагони талаботи махсусдошта ба муассисаи таълимӣ. Таҳсилоти фарогир.
14. Роҳҳои ғанӣ гардонидани фонди ғайрибуҷавии муассисаҳои таълимӣ.

4. Муовинони директор оид ба таълим
1. Равиши омӯзиши таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар муассисаҳои таълимӣ.
2. Идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ.
3. Технологияи муосири таълим-омили рушди маҳорати касбии омӯзгор.
4. Тарз ва роҳҳои гузаронидани мониторинги сатҳ ва сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ.
5. Талаботи асосии таҳияи ҷадвали дарсӣ дар муассисаи таълимӣ.
6. Самтҳои асосии омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогии омӯзгорон.
7. Тарзи кор бо мутахассисони ҷавон дар самти рушди маҳорати касбии онҳо.
8. Фаъолияти муназзами Шурои методӣ-кафолати суботи раванди таълим.
9. Маҳфилҳои фаннӣ ва тарзи тартиб додани нақшаи кории онҳо.
10 Нақши маҳфилҳо дар раванди касбинтихобкунии хонандагон.
11. Дарси муосир ва талабот ба он.
12. Омӯзиш, таҳлил ва назорати дафтарҳои талабагӣ, рӯзномаи хонандагон-омили баланд бардоштани сифати таълиму тарбия.
13. Муносибати босалоҳият ва роҳҳои татбиқи он дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.
14. Талаботи илмию методӣ ба мураттабсозии ҷадвали дарсҳо.
15. Методикаи таълими фанҳои таълимӣ бо дарназардошти муносибати босалоҳият дар таълим.

5. Муовинони директор оид ба тарбия
1. Мавқеи оила ва муассисаи таълимӣ дар ташаккули шахсияти хонандагон.
2. Ташкили созмони худидоракунии хонандагон дар муассисаи таълимӣ (аз таҷриба).
3. Талаботи асосии худидоракунии ҷараёни таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ.
4. Идораи раванди тарбия –рисолати падару модар ва омӯзгор.
5. Нақши чорабиниҳои адабӣ дар тарбияи хонандагон.
6. Инноватсия дар ташкил ва гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ.
7. Мафҳум, мақсад ва заминаҳои тарбияи миллӣ дар асоси талаботи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
8. Мавқеъ ва вазифаҳои роҳбарияти муассисаи таълимӣ ва роҳбари синф дар тарбияи хонандагон дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд».
9. Мавқеи Созмони хонандагон дар ҷорӣ намудани интизоми хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ.
10. Тарбияи таҳаммулпазир нисбат ба хонандагони шӯх, сустхон ва имконоташон маҳдуд.
11. Пос доштани арзишҳои миллӣ-омили асосии худшиносии хонандагон.
12 Нақши муовини директор оид ба тарбия дар татбиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
13. Аҳамият ва ташкили иттиҳодияи методии корҳои тарбиявӣ дар раванди таълиму тарбия.
14. Роҳҳои пешгирӣ намудани муноқишаҳои байни хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ
15. Омилҳои асосии косташавии ахлоқи хонандагон ва роҳҳои пешгирии онҳо.
16. Роҳҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”.
17. Сабабҳои косташавии маънавиёти ноболиғон

6. Равоншиносони муассисаҳои таълимӣ
1. Нақши равоншиноси муассисаи таълимӣ дар ташаккули қобилияти зеҳнии хонандагон.
2. Асосҳои психологии муътадилгардондани муносибатҳои байниҳам дигарии хонандагон ва падару модар.
3. Заминаҳои психологӣ ва педагогии рушди тафаккури инноватсионии наврасону ҷавонон дар раванди истифода аз технологияи муосири таълим.
4. Нақши равоншиноси муассиса ва шахсони бонуфузи маҳал дар инкишофи тафаккури зеҳнии хонандагон.
5. Роҳ ва усулҳои пешгирии қонунвайронкунӣ ва косташавии ахлоқи наврасону ҷавонон.
6. Хусусиятҳои психологии хонандагони синну соли хурди мактабӣ
7. Хусусиятҳои психологии хонандагони синну соли миёнаи мактабӣ.
8. Нақши машварати психологӣ дар муътадил гардондани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ.
9. Омилҳои пайдоиши зуҳуроти манфӣ дар кӯдак ва роҳҳои бартараф намудани он.
10. Нақши китоб дар ташаккули зеҳнии хонандагони хурдсол.
11. Ташаккули шавқу ҳавас ва донишандӯзии хонандагон дар раванди таълим.
12. Истифодаи роҳҳои фаъол гардондани хонандагон дар ҷараёни таълим.

7. Педагогикаи истисноӣ (инклюзивӣ)
1. Дар руҳияи таҳаммулпазирӣ тарбия намудани хонандагони имкони маҳдуддошта.
2. Фаъолгардонидани бачагони камшунаво дар раванди корҳои тарбиявӣ.
3. Фаъолияти корбарӣ бо кӯдакони имконоташон маҳдуд ва ҳамкорӣ бо падару модари онҳо дар МИК.
4. Хусусиятҳои таълими савод дар синфҳои 1-уми муассисаҳои таълимии ёрирасон (кӯдакони узви бинояшон осебдида).
5. Ба касбомӯзӣ ҷалб намудани бачагони имконоташон маҳдуд.
6. Заминаҳои ҳуқуқӣ, равонӣ ва педагогии ташкили таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
7. Заминаҳои педагогӣ–иҷтимоии тарбияи кӯдакони имконоти маҳдуддошта дар раванди таҳсилоти фарогир.
8. Мушкилоти тарбия ва таъмин намудани омодагии бачагони имконоти маҳдуддошта ба ҳаёти оилавӣ ва тарбияи фарзанд.
9. Ташаккули шуури ахлоқии бачагони дорои имконоташон маҳдуд дар раванди таълим.

8. Роҳбарони синф
1. Нақши роҳбари синф дар ташаккули маънавии хонандагон.
2. Вазифа ва мавқеи роҳбари синф дар раванди корҳои тарбиявӣ.
3. Тарбияи ахлоқии хонанда-вазифаи муҳимми оила ва муассисаи таълимӣ.
4. Талабот ва мақсадҳои асосӣ дар таҳияи нақшаи тарбиявии роҳбари синф.
5. Омӯзиш, таҳлил ва назорати дафтар ва рӯзномаи хонандагон –омили баланд бардоштани сифати таълиму тарбия.
6. Ҳуқуқҳои роҳбари синф ва тартиби ҳуҷҷатнигории онҳо дар замони муосир.
7. Интихоби мавзуъҳо барои дарсҳои тарбиявӣ дар асоси 18 унсури Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
8. Талаботи асосӣ ба нақшаи солонаи корҳои тарбиявӣ дар мутобиқат бо Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
9. Ҳамкории роҳбарони синф бо мақомоти худидоракунии хонандагон дар муассисаи таълимӣ.
10. Тарз ва шакли гузаронидани маҷлисҳои синфӣ
11. Талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ оид ба тарбияи насли наврас.
12. Тартиби истифодаи журналҳои синфӣ.
13. Роҳбари синф ва нақши он дар тарбияи хонандагон.
14. Ҳамкории роҳбари синф бо АВО-и муассисаи таълимӣ.
15. Роҳҳои самаранок ва шавқовар ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои тарбиявӣ.

9. Забон ва адабиёти тоҷик
1. Ҷанбаи хештаншиносӣ ва меҳанпарастӣ дар асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳу усулҳои истифодаи онҳо дар раванди дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик.
2. Корҳои беруназсинфӣ аз фанни адабиёт ва нақши меҳварии онҳо дар баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон.
3. Роҳу усулҳои ғанӣ гардонидани захираи луғавии хонандагон ва инкишофи нутқи шифоҳии онҳо.
4. Риояи меъёри баҳогузорӣ ба эссе ва тарзи ислоҳи ғалатҳои хонандагон дар корҳои хаттӣ.
5. Истифодаи усулҳои ҳамкорӣ (интерактивӣ)–василаи шавқманд намудани хонандагон дар дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик.
6. Тарзи гузаронидани тадбирҳои беруназсинфӣ аз фанни адабиёт дар мавзуи «Об-манбаи ҳаёт».
7. Муносибати босалоҳият ба таълим-талаботи замон.
8. Омилҳои асосии ташаккули зеҳнии хонандагон дар дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик (аз таҷриба).
9. Тарзи таълими воситаҳои тасвири бадеӣ дар синфи 7-ум.
10. Роҳҳои гузаронидани санҷишҳои тестӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ва нақши он дар баланд бардоштани сифати дониш, малака ва маҳорати хонандагон (аз таҷриба).
11. Роҳҳои истифодаи техника ва технологияи муосири таълим дар дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик.
12. Мавқеи дониш дар эҷодиёти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ.
13. Нигоҳи Саъдӣ ба илму ҳунар.
14. Бо истифода аз усули ҳамкорӣ (интерактивӣ) таълим додани «Модарнома»-и М. Турсунзода дар синфи 11.
15. Диктантҳои таълимӣ ва аҳаммияти онҳо дар инкишофи нутқи хаттию шифоҳии хонандагон.
16. Истифодаи усулҳои интерактивӣ дар раванди дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик.
17. Тарзи ислоҳи ғалатҳои корҳои хаттии хонандагон ва арзёбии онҳо.
18. Роҳҳои асосии ташаккули зеҳнии хонандагон дар раванди таълими фанни забон ва адабиёти тоҷик (аз таҷриба).
19. Воситаҳои тасвири бадеӣ ва тарзи таълими он дар синфи 7.
20. Роҳу усулҳои ғанӣ гардонидани захираи луғавии хонандагон ва инкишофи нутқи хаттӣ ва шифоҳии онҳо.
21. Таълими омехта дар фанни забон ва адабиёти тоҷик.

10. Забони давлатӣ
1. Ҷанбаи хештаншиносӣ, гуманистӣ ва ватанпарастӣ дар асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳу усулҳои истифодаи онҳо дар ҷараёни дарсҳои забони давлатӣ.
2. Тавассути эссе, иншо ва нақли хаттӣ тақвият додани малакаи эҷодии хонандагон.
3. Аҳаммияти санҷишҳои тестӣ дар дарсҳои забони давлатӣ.
4. Риояи меъёри «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар дарсҳои забони давлатӣ.
5. Низоми баҳогузорӣ ба сатҳи дониш, маҳорату малакаи хонандагон дар доираи муносибати босалоҳият ба таълим.
6. Роҳҳои ғанӣ гардонидани захираи луғавии хонандагон аз фанни забони давлатӣ.
7. Роҳҳои васеъ гардонидани ҷаҳонбинии хонандагон тавассути мутолиаи китобҳои бадеӣ.
8. Истифодаи усулҳои ҳамкорӣ (интерактивӣ)-и таълим дар дарсҳои забони давлатӣ.
9. Роҳҳои пешгирӣ намудани ғалатҳои имлоии хонандагон дар раванди дарсҳои забони давлатӣ.
10. Усулҳои шавқовар гузаронидани дарс (бо саволномаҳои тестӣ, варақаҳои фардӣ, муаммо, криптограмма ва чайнвордҳо)
11. Роҳҳои ислоҳи ғалатҳои имлоӣ, китобатӣ ва грамматикӣ дар дарсҳои забони давлатӣ.
12. Роҳҳои дарки мафҳум ва матни шеър дар ашъори шоирони форсу тоҷик (таҳлили муқоисавӣ)
13. Истифодаи бозиҳои дидактикӣ дар ҷараёни дарси забони давлатӣ (аз қабили нақшофарӣ, кроссворду чайнвордҳо).
14. Истифодаи усулҳои фаъоли таълим (УФТ) дар раванди дарси забони давлатӣ (ангезиши зеҳн, ММД, диаграммаи ВЕНН ва ғайра).

11. Ӯзбек тили ва адабиёти
1. Она тили ва адабиёт дарсларида техник воситаларидан фойдаланиш усуллари.
2. Фан метод бирлашмасининг ӯқитувчи касбини шакллантиришдаги ӯрни. (тажриба асосида).
3. Салоҳиятли таълим асосида дарс ӯтиш усуллари.
4. Ӯқитувчиларнинг ёзма нутқини такомиллаштиришда “эссе” ёзиш методикаси.
5. Бадиий адабиётни ӯрганиш востасида комил инсонни шакллантириш усуллари.
6. Адабий тил меъёрларига риоя қилишни ӯргатишда ӯқитувчи маҳорати
7. Гӯзаллик ва нафосатни ҳис этиш қобилиятини пайдо қилиш усуллари
8. Таҳлил (морфологик, синтактик, фонетик) қилишда ӯқувчилар билимини ошириш йӯллари
9. Ӯқувчиларнинг билим даражаси, маҳорат ва малакаларини баҳолаш таълим сифатини оширишнинг муҳим омили
10. Адабий тур ва жанрларни ӯрганиш методлари.
11. Саидаҳмад Аҳмаднинг Насрий асарларне салоҳият муносибатларе асосда ӯргатеш методикаси.
12. Салоҳиятлӣ таълим асосида дарс ӯтиш усулларӣ.
13. Ӯқувчиларнинг ёзма нутқини такомиллаштиришда (эссе) ёзиш методикаси.
Ӯқувчиларнинг билим даражаси, маҳорат ва малакаларини баҳолаш таълим сифатини оширишнинг муҳим омили.

11. Русский язык и литература
1. Использование современных педагогических технологий на уроках русского языка.
2. Тестирование-один из современных методов контроля в обучении русскому языку.
3. Использование басни в процессе обучения русского языка.
4. Инновационные методы и способы их использования на уроках русского языка.
5. Особенности обучения русскому языку учащихся средних общеобразовательных школ в компютерном классе.
6. Инновационные методы и способы их использования на уроках русского языка.
7. Праздник славянской письменности и культуры.
8. Учитель и его профессия.
9. Методика проведения интегрированного типа урока с использованием компютерных технологий.
10. Преимущество всемирной компютерной сети Интернета в изучении русского языка.
11. Знаки препинания и их роль в письменной речи.
12. Роль заимствованные слова в русском языке.
13. Лексика русского языка нашего времени.
14. Морфологические признаки частей речи.
15. Фразеологические обороты в русском языке.
16. Речевой этикет в разных профессиях.
17. Реализатсия компетентностного подхода на уроках русского языка и литературы во 2-4 и 5-11 классах общеобразовательных учреждений.
18. Методика проведения интегрированных уроков в старших классах.
19. Что такое эссе и как правильно его отличать сочинений и других видов письменных работ.
20. Формирование критического мышления и умение учиться на уроках русского языка.
21. Методика проведения письменных и контрольных работ по русскому языку и литературы в условиях реализатсии компетентностного подхода в обучении.
22. Формирующее оценивание на уроках русского языка.
23. Методика обучения основных видов речевой деятельности на уроках русского языка.

12. Барои омӯзгорони забони хориҷӣ (англисӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ ин мавзуъҳо барои ҳама забонҳои хориҷӣ муштарак истифода мешаванд).
1. Мақсади омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои таълимӣ.
2. Нақши барномаҳои давлатӣ дар беҳдошти омӯзиши забонҳои хориҷӣ.
3. Нақши омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар ташаккули тафаккур ва ҷаҳонбинии хонанда.
4. Нақши луғат дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ.
5. Нуктаҳои зарурии «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ» дар пешрафти фаъолияти забономӯзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.
6. Авлавиятҳои ҳатмӣ дар мавриди омӯзиши забонҳои хориҷӣ.
7. Истифодаи мафҳумҳои алоқамандии байнифаннӣ ва байнимавзуӣ дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ.
8. Усули аз ҳама муҳим ва маъмулӣ зимни омӯзиши забонҳои хориҷӣ.
9. Нақши воситаҳои техникӣ дар таълими забонҳои хориҷӣ.
10. Тартиби ташкили муҳити созгор зимни омӯзиши забонҳои хориҷӣ.
11. Талаботи муҳим барои омӯзгори забонҳои хориҷӣ зимни таълим.
12. Пайдо намудани омилҳои созгор ва дастрас ҳангоми таълими забонҳои хориҷӣ.
13. Нақши кори мустақилона ва кор аз рӯйи расм дар ташаккули забондонии хонанда ва фикрронии ӯ дар дарсҳои забонҳои хориҷӣ.
14. Зарурати тасрифи феълҳо дар калимаву ҷумласозӣ ҳангоми таълими забонҳои хориҷӣ.
15. Истифодаи муносибатҳои босалоҳият дар таълими забонҳои хориҷӣ.

13. Алифбо ва матни ниёгон
1. Истифодаи бозӣ дар дарсҳои “Алифбо ва матни ниёгон» (аз таҷриба).
2. Ҳадафҳои асосии таълими имло аз фанни «Алифбо ва матни ниёгон».
3. Роҳҳои таълими калимаҳое, ки дар таркибашон «айн» ва «ҳамза» доранд.
4. Тарзи таълими ҳуруфи мунфасила (аз таҷриба).
5. Роҳҳои омӯзиши навишти ҳуруфи ниёгон.
6. Роҳу усулҳои таълими ҳарфҳои муттасила.
7. Санҷиши дониши хонандагон тариқи саволномаҳои тестӣ дар дарсҳои «Алифбо ва матни ниёгон».
8. «Хоҳӣ шавӣ хушнавис, бинавису бинавису бинавис!». Омӯзонидани тарзи хушнависӣ (Аз таҷриба).
9. Бо роҳу усулҳои фаъол таълим додани ҳуруфи ниёгон
10. Тарзи таълими садонокҳои кӯтоҳ ва дароз.
11. Вазифаҳои ҳарфи «вов».

14. Маърифати оиладорӣ
1. Ташкили оилаи ҷавон, муҳаббати марду зан-шарти асосии ташкили оила.
2. Омода кардани ҷавонон ба оиладорӣ.
3. Никоҳи хешутаборӣ ва оқибатҳои он.
4. Маросими никоҳ, баргузории тӯйҳои арӯсӣ ва пешгирӣ аз хароҷоти зиёд
5. Муносибат бо падару модар ва аъзои оила.
6. Меҳнат, даромад ва низоми сарфу харҷ.
7. Сабабҳои вайрон шудани оилаҳои ҷавон ва пайомадҳои он.

15. Таърих, асосҳои давлат ва ҳуқуқ
1. Истифодаи китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар дарсҳои таърих.
2. Истифодаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2. 3. XII соли 2023) дар дарсҳои таърих.
3. Санҷиш ва баҳисобгирии сатҳи дониши хонандагон дар дарсҳои таъриху ҳуқуқ (аз таҷриба).
4. Усулҳои истифодаи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар дарсҳои таъриху ҳуқуқ (аз таҷриба).
5. Шаклҳои ташкили раванди омӯзиш дар дарсҳои таърих.
6. Истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар дарсҳои таъриху ҳуқуқ (аз таҷриба).
7. Чорабиниҳои беруназсинфӣ ва нақши онҳо дар баланд бардоштани дониш, маҳорат ва малакаи хонандагон.
8. Усулҳои истифодаи саволномаҳои тестӣ дар дарсҳои таъриху ҳуқуқ (аз таҷриба).
9. Дастовардҳои соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бисту панҷ соли Истиқлолият.
10. Ҷиҳозонидани кабинети фаннӣ, таъмин бо маводи таълимию методӣ ва нақши он дар баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон.
11. Арзёбӣ ва баҳодиҳӣ ба сифати таълими хонандагон дар раванди таълими дарсҳои таърих ва ҳуқуқ (аз таҷриба).
12. Истифодаи технологияи иттилоотии муосир дар раванди дарсҳои таърих ва ҳуқуқ.

16. Математика
1. Таълими проблемавӣ дар дарсҳои математика — асоси ташаккули зеҳнии хонандагон (аз таҷриба).
2. Аҳаммияти бозиҳои шавқовар дар таълими математика.
3. Нақши иттиҳодияи методӣ дар рушди касбии омӯзгорони математика.
4. Истифодаи технологияи муосири таълим дар дарсҳои математика.
5. Аз таҷрибаи тайёр намудани хонандагон ба аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо (аз таҷриба).
6. Кори мустақилонаи хонандагон воситаи тақвияти малакаҳои эҷодии хонандагон.
7. Чорабиниҳои беруназсинфӣ аз математика — воситаи баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагон.
8. Методикаи омӯзиши ҳалли масъалаҳои геометрӣ (дар мисоли созишҳои геометрӣ).
9. Роҳҳои гуногуни ҳалли системаи муодилаҳои ирратсионалӣ.
10. Тарзу усулҳои инкишофи дониши шифоҳӣ ва хаттии хонандагон дар дарсҳои математика.
11. Методикаи омӯзиши графики функсияи квадратӣ дар синфи 9.
12. Методикаи таълими мавзуи фоиз (протсент) дар синфи 5.
13. Методикаи ҳалли масъалаҳои матнӣ бо ёрии системаи муодилаҳои дараҷаи дуюм.
14. Истифодаи масъалаҳои матнӣ дар тадқиқи ҳосила.
15. Нақши кабинети математика дар ташаккули маҳорату малакаи хонандагон.
16. Нақшаи тақвимӣ-мавзуи аз фанни алгебра, синфи 10 тибқи Стандарт ва барномаи фаннӣ.
17. Ба нақша гирифтани таълими фанни математика дар асоси муносибати босалоҳият дар таълим.
18. Роҳҳои татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими фанни математика.

17. Физика ва нуҷум
1. Мавқеи таълими фанни физика дар амалӣ намудани «Ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар».
2. Татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф” дар дарсҳои физика ва нуҷум (аз таҷриба).
2. Муносибати функсионалӣ дар таълими фанни физика.
3. Моҳияти ҳалли масъалаҳо дар ҷараёни таълими фанни физика.
4. Мавқеи кабинет ва озмоишгоҳ дар таълими фанни физика (аз таҷриба).
5. Тарзи ба нақша даровардани дарси яксоата бо назардошти муносибати босалоҳият дар таълими фанни физика (аз таҷриба).
6. Нақши корҳои санҷишӣ дар арзёбии сатҳу сифати дониши хонандагон аз фанни физика.
7. Муносибати босалоҳият дар таълими мавзуи “Майдони электрӣ. Шадидияти майдони электрӣ”.
8. “Мегаолам”-мафҳуми астрофизикӣ ва кайҳонии ҳозиразамон дар таълими фанни астрономия.
9. Роҳу усулҳои банақшагирии таълими фанни астрономия.
10. Роҳу усулҳои ҳалли мушкилот дар таълими фанни физикаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (аз таҷриба).
11. Истифодаи бозиҳои таълимӣ ва масъалаҳои шавқовар дар раванди таълими физика.
12. Роҳҳои татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими фанни физика.
18. Химия
1. Методикаи таълими гидролизи намакҳо ва тартиб додани муодилаи гидролизи намакҳо дар таълими химия.
2. Мавқеи ҳалли масъалаҳои гуногуни химиявӣ дар таълими химия.
3. Муайян кардани дараҷаи оксидшавии элементҳо бо истифода аз усулҳои нави таълим.
4. Усули ҳалли масъалаҳо оид ба ёфтани моддаҳои номаълуми органикӣ ва ғайриорганикӣ.
5. Бо усули салоҳиятнок омӯзонидани «электроманфиати элементҳои химиявӣ» ба хонандагон.
6. Аҳаммияти омӯзиши мавзуи аммиак, истеҳсол ва истифодаи он дар ҳаёт.
7. Нақши гузаронидани «Ҳафтаҳои фаннӣ» ва «Маҳфилҳои фаннӣ» дар баланд бардоштани дониши хонандагон.
8. Роҳу усулҳои тайёр намудани хонандагони боистеъдод ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз фанни химия (аз таҷриба).
9. Роҳу усулҳои ташкил ва гузаронидани корҳои лабораторӣ ва амалӣ аз фанни химия дар синфҳои 10-11 (аз таҷриба).
10. Истифодаи усулҳои интерактивӣ дар таълими фанни химия (аз таҷриба).
11. Муҷаҳҳаз кардани кабинети химия — талаботи замон.
12. Тавсифи элементҳои химиявӣ аз рӯйи мавқеяшон дар системаи даврӣ.
13. Бо усули графикӣ ҳал намудани масъалаҳои химиявӣ.
14. Мавқеи метан дар карбогидридҳо.
15. Роҳҳои омӯзонидани системаи муосири элементҳои химиявӣ.

19. Биология ва экология
1. Рушди ҷаҳонбинии илмӣ, донишҳои замонавӣ бо тафаккури техникӣ яке аз ҳадафҳои «Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040» дар дарсҳои биология ва экология.
2. Таълими мавзуи “Муҳофизати рустаниҳои нодир ва нестшаванда” дар раванди таълими фанҳои биология ва экология.
3. Омилҳои антропогенӣ сабабҳои дигаргуншавии иқлим.
4. Усулҳои омӯзиши ҳифзи табиат ва истифодаи сарватҳои табиат.
5. Назарияи, эволютсияи биохимиявӣ ва марҳалаҳои инкишофи Замин.
6. Бо усули салоҳиятнок омӯзонидани «Пешгирӣ аз бемориҳои меъдаю рӯда» дар дарсҳои биология.
7. Рушди тарбияи экологии хонандагон дар замони муосир.
8. Арзёбии донишу малака ва маҳорати хонандагон дар дарсҳои экология ва биология дар шароити татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим.
9. Гузаронидани дарси кушод бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 аз фанни экология (аз таҷриба).
10. Усулҳои таълими Ҳалли масъалаҳои генетикӣ ва биологӣ.
11. Таълими мавзуи “Генетика ва таърихи инкишоф”.
12. Усули таълими мавзуи “Биосфера ва инсон” дар дарси биология барои синфи 11.
13. Таълими мавзуи “Аҳамияти нармбаданҳо дар табиат ва ҳаёти инсон”.
14. Омилҳои таъсири инсон ба ҷамоаи табиӣ.
15. Таърихи инкишофи замин ва олами органикӣ.

20. География ва асосҳои иқтисодиёт
1. Роҳҳои самараноки истифодаи харитаи мактабӣ ва дигар маводи иловагии таълим дар дарсҳои география.
2. Пул. Таърихи пайдоиш ва вазифаҳои он дар раванди ҷаҳонишавӣ.
3. Ташкили бозӣ ва саёҳат ҳамчун воситаи донишандӯзии хонандагон дар раванди дарсҳои география.
4. Роҳҳои истифодаи воситаҳои аёнии муосир дар дарсҳои география.
5. Бонкҳо. Сабабҳои пайдоиш ва нақши онҳо дар раванди иқтисодиёти ҷаҳон.
6. Мушоҳида ва таҷриба – воситаи фаъолгардонии хонандагон дар раванди омӯзиши фанни геграфия.
7. Даромади оилаҳо. Нобаробарии даромад ва оқибатҳои он.
8. Бозор ва хусусиятҳои он. Омилҳои асосии рӯй овардан ба бозори ҷаҳонӣ.
9. Воситаҳои фаъолгардонии хонандагон дар дарсҳои география.
10. Муносибати босалоҳият дар дарсҳои география ва асосҳои иқтисодиёт.

21. Технологияи иттилоотӣ
1. Риояи техникаи бехатарӣ ҳангоми ҷиҳозонидани кабинети технологияи иттилоотӣ.
2. Банақшагирии маводи омӯзишӣ дар маҳфили технологияи иттилоотӣ ва ҷалби хонандагон.
3. Истифодаи барномаҳои компютерӣ дар ҳалли мисолу масъалаҳо.
4. Нақши фанни технологияи иттилоотӣ дар такмили касбии омӯзгорон.
5. Нақши технологияи иттилоотӣ дар гузаронидани санҷишу имтиҳонҳои тестӣ.
6. Роҳу усулҳои таҳияи барномасозӣ дар таълими фанни технологияи иттилоотӣ.
7. Тарзи ташкил ва гузаронидани санҷишу имтиҳонҳои тестӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ.
8. Чорабиниҳои технологияҳои иттилооти беруназсинфию беруназмактабӣ ва самаранокии онҳо дар ҷараёни таълим.
9. Роҳҳои тайёр намудани хонандагон ба олимпиадаҳои фаннӣ дар раванди таълим.
10. Роҳҳои таҳияи лоиҳаҳои таълимии хонандагон ҳангоми корҳои амалӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ.

22. Нақшакашӣ ва санъати тасвирӣ
1. Истифодаи технологияи нави таълим дар раванди машғулиятҳои таълимӣ аз фанҳои нақшакашӣ ва санъати тасвирӣ (аз таҷриба).
2. Тартиб додани нақшаи тақвимӣ ва дарсӣ аз фанҳои нақшакашӣ ва санъати тасвирӣ.
3. Истифодаи самараноки воситаҳои аёнӣ дар дарсҳои нақшакашӣ ва санъати тасвирӣ.
4. Ташкили самараноки фаъолияти маҳфил-яке аз омилҳои баланд бардоштани майлу рағбати хонандагон дар дарсҳои нақшакашӣ ва санъати тасвирӣ.
5. Усулҳои таълими “Тасвир аз асл” дар ҷараёни дарси санъати тасвирӣ (аз таҷриба).
6. Мақсаднок ва бошуурона ба роҳ мондани омӯзиши фанни «Санъат ва меҳнат» дар синфҳои ибтидоӣ.

23. Технология (таълими меҳнат)
1. Роҳҳои ҷалби хонандагон ба интихоби мақсадноки касб вобаста ба талаботи бозори меҳнат.
2. Ташкил ва ҷиҳозонидани гӯшаи «Интихоби касб» дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (аз таҷриба).
3. Нақши ҳунаромӯзӣ дар чорабиниҳои беруназсинфӣ.
4. Омӯхтани касбҳои миллӣ ва роҳҳои пайдо намудани майл ба касбҳои ба талаботи замон ҷавобгӯй.
5. Нақши роҳбари синф ва омӯзгорони фаннӣ дар таблиғу ташвиқи интихоби касб дар байни хонандагон.
6. Манбаъҳои шиносоӣ бо касбҳои гуногун ва роҳҳои соҳиб шудан ба касби дилхоҳ.
7. Ҳунарҳои миллӣ ва эҳёи онҳо.
8. Тарзи ташкил ва таҷҳизонидани кабинети интихоби касб.
9. Тарзи гузаронидани корҳои ташвиқотӣ оид ба интихоби касб дар байни хонандагон.

24. Синфҳои ибтидоӣ
1. Муҳиммияти татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими синфҳои ибтидоӣ, хусусиятҳои фарқкунандаи ин навъи муносибат.
2. Нақши истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар раванди таълими синфҳои ибтидоӣ (аз таҷриба).
3. Воситаҳои арзёбии хонандагон дар раванди таълими фанни математикаи синфҳои ибтидоӣ.
4. Методикаи ҳалли муодилаҳои дуамала дар синфи 4.
5. Манфиати корҳои лоиҳавӣ дар таълими синфҳои ибтидоӣ.
6. Истифодаи воситаҳои аёнӣ – техникӣ ва аҳаммияти он дар раванди таълим.
7. Истифодаи бозиҳои дидактикӣ дар давраи таълими савод.
8. Истифодаи усулҳои интерактивӣ барои дарки мазмуни матн дар синфҳои ибтидоӣ.
9. Роҳҳои баландбардоштани маърифати экологии хонандагони синфҳои ибтидоӣ.
10. Таълими тафриқа ва аҳамияти он дар таълими синфҳои ибтидоӣ.
11. Нақши китобҳои бадеии бачагона ва аҳамияти он дар таълими синфҳои ибтидоӣ.
12. Методикаи ҳалли масъалаҳои матнӣ дар синфҳои 1-4.
13. Методикаи таълими луғатомӯзӣ ва марҳилаҳои он дар таълими фанни забони модарии хонандагони синфҳои ибтидоӣ.
14. Роҳҳои фаъолгардонии хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар раванди таълим ( аз таҷриба).
15. Истифодаи тестҳо дар раванди таълими фанҳои забони модарӣ, математика ва табиатшиносии синфҳои ибтидоӣ.
16. Методи гузаронидани корҳои санҷишӣ (нақли хаттӣ, диктанти санҷишӣ, иншо), муҳлат ва меъёрӣ баҳогузорӣ дар синфи 4.
17. Методикаи гузарондани корҳои хаттӣ аз фанни математика дар синфҳои 3-4.
18. Роҳҳои омӯзиши ҳиҷо ва калимасозӣ дар синфи 1.
19. Аҳамияти машқҳои гимнастикӣ дар дарси тарбияи ҷисмонии синфҳои ибтидоӣ.
20. Роҳҳои истифодаи самараноки корҳои таълимӣ дар раванди таълими синфҳои ибтидоӣ.

25. Для учителей начальных классов
1. Использование разных источников средств преподавания компетентностного отношения.
2. Оценка знаний и умения учеников начальных классов в процессе преподования.
3. Использование интерактивных методов в деятельности преподавателей начальных классов.
4. Использование наглядных пособий важные факторы формирования.
5. Методы проведения контрольных работ в начальных классах.
6. Роль методических объединений преподавателей в усовершенствовании профессиональных навыков преподавателей начальных классов.
7. Формирование умственного развития начальных классов по математике.
8. Развивать навыки самостоятельному чтению в процессе обучения начальных классов.
9. Развивать интерес и стремление учащихся начальных классов;
10. Формирование экологического воспитания учеников в преподовании начальных классов.
11. Использование интерактивных методов в деятельности преподавателей начальных классов.
12. Пути осуществления законов сложения и умножения в арифметических операци.
13. Пробуждение желаний и интерес учеников начальных классов в решении математических упражнений.
14. Решение двойственного уравнения по математике в 4 классах.
15. Целевое и интеллектуальное изучение предмета искусства и труда в начальных классов.

26. Бошланғич синф ӯқитучилари
1. Дарс давомида компетенсия таълимини қӯлашда ишлатиладиган ӯқув манбалари.
2 . Ӯқув таълимида бошланғич синф ӯқувчилар билимини, малака ва маҳоратини баҳолаш йӯллари.
3. Бошланғич синф ӯқутувчилари томонидан интерактив методларни қуллаш, талим давомида.
4. Кӯргазмали асбобларни қуллаш – ӯзлаштиришнинг асосӣ негизидир (факторидир).
5. Бошланғич синфларда контрол ишларни ӯтказиш методлари.
6. Бошланғич синф ӯқутувчиларининг малака оширишида методик уюшмаларининг роли.
7. Математика фанни таълими ҷараёнида бошланғич синф ӯқувчиларнинг ақлӣ ‒ маънавӣ ҷиҳатларини шаклантириш йӯллари.
8. Бошланғич синф ӯқуви давомида мустақил ӯқишни ривожлантириш.
9. Бошланғич синф ӯқувчиларининг ӯзлаштириш қобилиятини ривожлантириш.
10. Бошланғич синф ӯқувчиларининг экологик тарбиясини шаклантириш.
11. Бошланғич синф ӯқутувчилари томонидан интерактив методларни қуллаш, талим давомида.
12. Арифметик амалиётларда қӯшув ва кӯпаӣтирув қоннунларини қӯллаш.
13. Бошланғич синф ӯқувчиларининг талабот ва рағбатларини математика бӯйича масала ва машқларни бажаришда шаклантириш.
14. 4-синфда математика фанни бӯйича иккинчи дараҷали тенгламаларни ечиш.
15. Бошланғич синфларда “Меҳнат ва санъат” фаннини мақсадли ва зеҳнли ӯтиш.

27. Кормандони муассисаҳои томактабӣ
1. Роҳҳои омода намудани кӯдакон ба мактаб ва мушкилоти давраи мутобиқшавӣ.
2. Истифодаи технологияи таълимии муосир барои баланд бардоштани сифати таҳсилоти томактабӣ.
3. Усулҳои ташаккули шавқу ҳавас ва донишандӯзии тарбиятгирандагон дар раванди машғулияти ташаккули тасав-вуроти одитарини математикӣ.
4. Нақши мураббӣ дар тарбия, таълим ва инкишофи шахсияти кӯдак.
5. Усулҳои бевоситаи (ғайримустақим) роҳбар ба фаъолияти мустақилонаи бадеии кӯдакон.
6. Дилхушиҳои пагоҳирӯзии идона.
7. Корҳои банақшагирифташуда оид ба тарбияи эстетикӣ.
8. Ҷиҳозонидани синфхонаи таълимӣ барои машғулиятҳои санъати тасвирӣ.
9. Усули шинос намудани кӯдакон бо табиати ғайризинда.
10. Таҷрибаи педагогии донишҷӯён аз рӯи курси «Назария ва усули тарбияи ҷисмонии кӯдакони синни томактабӣ».
11. Табиат ва симои шоиронаи он дар тарбияи ҳисси ахлоқӣ-эстетикӣ.
12. Театр ва дунёи ботинии кӯдак.
13. Шинос намудани кӯдакон бо адабиёти бадеӣ.
14. Инкишофи системаи таҳрикию ҳаракатии кӯдакон.
15. Хусусияти кори мураббияи гурӯҳҳои синну соли гуногун бо волидайн.
16. Мавқеи бозиҳои театрӣ дар тарбияи кӯдакон.
17. Ташкил ва ҳуҷҷатдории кабинети методии муассисаҳои томактабӣ.
18. Нақши мураббӣ дар тарбия, таълим ва инкишофи шахсияти кӯдакони синни томактабӣ.

28. Маркази инкишофи кӯдакон
1. Истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар раванди машғулият ва афзалияти он дар беҳтар гардидани савияи дониши кӯдакон.
2. Истифодаи усулҳои ҳамкорӣ бо падару модар.
3. Нақши мураббӣ ва Маркази инкишофи кӯдак дар ташаккули шахсияти кӯдак.
4. Истифодаи маводи аёнӣ — омили муҳими ташаккули фикрии кӯдакон.
5. Аҳамияти бозиҳои серҳаракат дар тарбия ва инкишофи ҷисмонии кӯдакони синни томактабӣ.
6. Ташкил ва истифодаи гӯшаҳои таълимӣ дар Маркази инкишофи кӯдак.
7. Донишҳои асосӣ барои омӯзгор — мураббиёни маркази инкишофи кӯдакон.
8. Ҳамгироии машғулиятҳои инкишофи нутқ ва математика дар гурӯҳи кӯдакони синни томактабӣ.
9. Мавқеи омӯзгор – мураббӣ дар амалӣ намудани омӯзиши фаъол дар инкишофи кӯдакони синни томактабӣ.
10. Омӯзонидани инкишофи нутқ ва саводомӯзӣ.

29. Тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии ибтидоии ҳарбӣ
1. Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис ва равнақи Қувваҳои Мусаллаҳ.
2. Истифодаи тартиби салоҳиятҳои фанни омодагии ибтидои ҳарбӣ ҳангоми таълим. (аз таҷриба).
3. Истифодаи салоҳиятҳои фанни тарбияи ҷисмонӣ ҳангоми таълим.
4. Раванди инноватсионии таҳсилот дар таълими фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ.
5. Тартиби ҷиҳозонидани толор ва майдончаҳои варзишӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (аз таҷриба).
6. Аҳамияти тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастӣ ва хештаншиносӣ дар дарсҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ.
7. Роҳу усулҳои методикаи муосири таълими машқҳои сафороӣ (аз таҷриба).
8. Аҳамияти машқҳои ҳарбӣ-варзишӣ дар тарбияи ватанпарастии хонандагон.
9. Ташаккули шахс ва тарбияи ҳисси ватандӯстии хонандагон дар раванди таълими омодагии ибтидоии ҳарбӣ.
10. Истифодаи дурусти технологияи инноватсионии таълим дар раванди омӯзиши фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ.
11. Роҳҳои баланд бардоштани ҳисси ватанпарастии хонандагон дар раванди таълими омодагии ибтидоии ҳарбӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва чорабиниҳои беруназсинфӣ.
12. Тарғиби ҳайёти солим ҳангоми таълим дар дарсҳои омодагии ибтидои ҳарбӣ (аз таҷриба).

30. Суруд ва мусиқӣ
1. Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои «Наврӯзи хуҷастапай», «Ваҳдати миллӣ», «Меҳргон ҷашни миллист», «Дар ситоиши модар» дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (аз таҷриба).
2. Роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷудаи дарси суруд ва мусиқӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (аз таҷриба).
3. Нақши санъат ва фарҳанг дар тарбияи зебопарастии кӯдакон ва наврасон.
4. Мавқеи муассисаи таълимӣ, оила ва муҳит дар тарбияи эстетикии кӯдак
5. Муҳимияти омӯзиши суннатҳои қадимаи санъат ва мусиқии мардумӣ тавассути асбобҳои миллӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ.
6. Усулҳои омӯзиш ва технологияи таълими «Суруд ва мусиқӣ» дар синфҳои 5-6.
7. Хусусиятҳои фарқкунандаи омӯзиши фанни «Суруд ва мусиқӣ» дар синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ.
8. Методҳои инноватсионии таълими дарси «Суруд ва мусиқӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ.

31. Мактаб-интернатҳои ҷумҳурӣ
1. Роҳҳои истифодаи таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба соҳаи маориф ва аҳамияти онҳо дар инкишофи ҳувияти миллӣ, ҷаҳонбинӣ ва худогоҳии хонандагони мактаб-интернатҳо (аз таҷриба).
2. Чорабиниҳои беруназсинфӣ ва нақши онҳо дар тарбияи ахлоқӣ ва ҷаҳонбинии хонандагони мактаб-интернат.
3. Тарбия – воситаи муҳимми маълумот ва фарҳангу маърифати хонандагони мактаб-интернат.
4. Тарбияи хонандагони мактаб-интернат дар руҳияи росткорӣ, масъулиятшиносӣ ва дигар хислатҳои неки инсонӣ.
5. Мушоҳидаи дарс ва таҳлили педагогии он (аз таҷриба).
6. Усулҳои фаъолгардонии хонандагони мактаб-интернат дар дарс.
7. Ташкил ва моҳияти корҳои тарбиявӣ бо хонандагони мактаб-интернат дар хобгоҳ.
8. Роҳу усулҳои дарёфт, омӯзиш, ҷамъбаст ва тарғиби таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар мактаб-интернатҳо.
9. Роҳбарӣ ва назорат ба фаъолияти роҳбарони синф ва мураббияҳо.
10. Шурои методӣ ва нақши он дар баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва маҳорати касбии омӯзгорони мактаб-интернат.

32. Китобдорони муассисаҳои таълимӣ
1. Нақши китобхона дар муассисаи таълимӣ.
2. Феҳристи китобҳои серхонанда дар китобхона.
3. Роҳҳои ғанӣ гардонидани фонди китобхонаи муассисаи таълимӣ.
4. Нақши чорабиниҳои берун азсинфию фарҳангӣ дар бедор намудани майлу рағбати хонандагон ба китоб.
5. Нақши китоб дар ҳаёти шахсии хонандагони муассисаҳои таълимӣ.
6. Роҳҳои самараноки ҷалби хонандагон ба китобхона.
7. Нақши китобхонаи муассисаи таҳсилоти умумӣ дар такмили маҳорати педагогии омӯзгорон ва ҷаҳонбинии хонандагон.
8. Китоб — манбаи дониш ва омили муҳимми ташаккули маърифат ва ҷаҳонбинии хонандагон.
9. Фарқияти китобхонаи электронии муассисаи таҳсилоти умумӣ аз китобхонаи анъанавӣ.
10. Шаклҳои ҷалби хонандагон ба китобу китобхона.

33. Роҳбарони созмони талабагӣ
1. Мақсади Созмони талабагӣ оид ба идоракунӣ ва банақшагирии созмони талабагӣ дар солимгардонии ҳаёти хонандагон.
2. Мақсади асосии зинаи аввали Созмони талабагӣ “Ахтарон” (аз таҷриба).
3. Фаъолият аз рӯйи самтҳои “Ворисони Сомониён” (аз таҷриба).
4. Фаъолияти аъзои зинаи сеюми Созмони хонандагони “Сомониён” (аз таҷриба).
5. Тартиби банақшагирии фаъолияти Созмони талабагӣ дар муассисаи таълимӣ тибқи Низомнома (аз таҷриба).
6. Тартиби ба роҳ мондани самтҳои фаъолияти созмон дар муассисаҳои таълимӣ (аз таҷриба).
7. Ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои Созмони хонандагон.