ИНСОНИ КОМИЛ КИСТ?

Инсон бузургтарин насли бошуурест, ки тавасути ақлу хирад, илму дониш, маданият, фарҳанги худ аз дигар офаридаҳои Эзад тафовут дорад. Инсон бо заковату фаросаташ мебинад, мешунавад, дарк мекунад, мефаҳмад ва ҳама дидаву шунидаҳояшро бо ёрии ақлу идрок натиҷагирӣ намуда, худро аз бадию ноҷуриҳо дар канор мегирад.
Ҳамин канорагириҳо инсони комилро дар зиндагӣ соҳибмаърифат, бомаданият ва бузургдил мегардонад. Кист инсони фозил? Он касест, ки донишманд, боандеша, накукор ва ибратомӯзи дигарон дар рӯзгор аст. Касест, ки суханони неку кирдору рафтораш кони ганҷу ҳусну малоҳат ва хираду ҳушмандист. Касест, ки ҷамъият аз ӯ ибрат мегирад, зеро пурдону пуртаҷрибаву бохирад аст ва ҳама ҷову дар ҳама ҳолат хубу бадро тафовут дода метавонад. Ба инсони комил ҳеҷ гоҳ хислатҳои номатлуб хос нест. Ин гуна шахс аз бадон худро канор мегирад. Дар ҷамъомаду нишастҳое, ки иртибот бо бадию зиёнкорӣ доранд, иштирок намекунад. Мекӯшад, ки роҳи дурусти зиндагиро пеша кунад. Барои инсони нек парваридан ҳамеша фарзандонро таълиму тарбияи хуб додан, онҳоро ба зиндагии нек раҳнамун гаштан мебояд. Фарзанд бояд ҳамвора саъй кунад, ки илм омӯзаду фаъол бошад ва пеш аз ҳама, боору номус ба воя бирасад. Бидонад, ки обрую хирад бозор надорад, онро бо заҳмату кору ранҷ ба даст меорӣ ва дар ҷомеа соҳиби иззату икром мешавӣ ва худро инсони комил мешуморӣ. Пайи пайдо намудани чунин фазилатҳои инсонӣ заҳмат мебояд кашид. Агар инсон ба чунин фазилатҳо дар зиндагӣ ноил шавад, дорои хислатҳои бузург гардад, дар ҳама давру замонҳо обрую эътибори худро гум намекунад ва бологузари ҳамаи давраҳо мешавад. Барҳақ:
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
Латофат ҒУЛОМОВА,
омӯзгори коллеҷи тиббии
шаҳри Бохтар