Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ талафоти калон дид. 22 маи соли 2023 олими варзида, мудири шуъбаи таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ, коршиноси моҳири соҳаи мактабҳои камнуфус, сарвари бонувони Пажуҳишгоҳи рушди маориф, Аълочии маорифи Тоҷикистон, зани ҳалиму меҳрубон Мирбобоева Бибивахӣ аз олам даргузашт.
Шодравон фаъолияти кориашро аз соли 1984 ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби миёнаи №8-и ноҳияи Ишкошим оғоз намуда, баъдан аз соли 1985 то 1986 ба ҳайси мудири шуъбаи баҳисобгирӣ ва молиявӣ дар кумитаи ҷавонони ноҳияи Ишкошим кор кардааст. Аз соли 1986 то соли 1991 дар омӯзишгоҳи педагогии ноҳияи Рӯдакӣ, ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ва аз соли 1991 то соли 1994 ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар парваришгоҳи солимгардонии ноҳияи мазкур кор кардааст. Аз соли 1994 то соли 2003 муаллимаи синфҳои ибтидоии ҳамин парваришгоҳ буд ва аз соли 2003 то соли 2008 иҷрои вазифаи ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявиро дар парваришгоҳи солимгардонии ба номи Б.Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ ба уҳда дошт. Аз соли 2008 то охири ҳаёт дар Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ фаъолият намудаст. Аввалан ба сифати ходими калони илмӣ дар шуъбаи омӯзиш ва таҳқиқи стандартҳои давлатӣ, нақшаю барномаҳои таълимӣ ва мониторинги таҳсилоти ПРМ АТТ, баъдан ҳамчун ходими калони илмии Маркази омӯзиши масъалаҳои гузариш ба таҳсилоти 12-солаи ПРМ АТТ, аз соли 2011 то соли 2014 ходими калони илмии шуъбаи рушди мактаб (синфҳо)-и камнуфуси ПРМ АТТ ва баъдан аз моҳи сентябри соли 2015 то охир ҳамчун мудири бахши омӯзиши масъалаҳои мактабҳои камнуфуси Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Таҳти роҳбарии академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Муҳаммад Лутфуллозода дар мавзуи «Ҳамкории мактаб ва хонавода дар ташаккули муносибати мусбати хонандагон ба техника ва технологияи муосир» кори илмӣ ба анҷом расонида, 8 апрели соли равон онро ҳимоя намуд.
Аз тарафи шодравон 92 кори илмӣ, таълимӣ ва методӣ (6 дастури методӣ, 6 дастури таълими-методӣ, зиёда аз 20 мақолаи илмӣ – оммавӣ, 29 мақолаи илмӣ, 10 мақолаи илмию методӣ, 13 мақолаи методӣ, 16 мақолаи таълимӣ-методӣ) ба чоп расидааст.
Хотираи ин шахсияти варзидаи соҳаи маорифу илм, бонуи зебосирату зебосурат абадан дар ёди аҳли маорифи Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пажуҳишгоҳи рушди маориф
ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ