БОЗ ЯК ШУМОРАИ ПУРМУҲТАВОИ НАШРИЯ

(«Омӯзгор», №22, 01.06.2023)
Аҳли қалами ҳафтаномаи «Омӯзгор» ҳамвора ба он мекӯшанд, ки ҳар як шумораи нашрия мутобиқ ба шавқу завқи хонандагон бошад ва навиштаҳоеро фаро бигирад, ки аз онҳо муштариёни ҳафтанома тавонанд бардоштҳое судманд ва хотирмон дошта бошанд.
Рисолати аслии нашрия чопи иттилооти навин оид ба соҳаи маориф ва нигоштаҳои мақбулу муҳтавоманди аҳли таълиму тарбия мебошад. Ҳар як шумораи ҳафтанома суҳбату мулоқоту табодули афкорро мемонад перомуни умдатарин масоили соҳаи маорифи кишвар бо доираи васеи хонандагон.
Шумораи тозанашри «Омӯзгор» (№22, аз 1 июни соли 2023) бо чопи матни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи сарҳадбонон ҳусни оғоз дарёфтааст. Сарвари кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла, иброз доштаанд, ки «Аз рӯзи нахустини таъсисёбии худ Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, ҳимояи амнияти давлату ҷомеа ва зиндагии ороми мардум нақши босазо гузошта, дар мушкилтарин рӯзҳо барои ҳифзи марзҳои давлатӣ ва пешгирӣ кардани воридшавии гурӯҳҳои муташаккилу мусаллаҳи ҷиноӣ, аслиҳа ва маводи мухаддир хидмати воқеан таърихӣ анҷом доданд».
Ба ҳукми анъана, чанд сафҳаи аввали нашрия (саҳ. 2,3) –ро силсилаи фишурдагузоришҳо перомуни навгониҳо дар Вазорати маориф ва илми кишвар ва умуман, дар соҳаи таълиму тарбия фаро гирифтааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки 24 май бо ҳузури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода коллеҷи хусусии омӯзгории «Асосгузор» ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 93 мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин саҳифаҳо, ҳамчунин, оид ба баррасии масоили муҳим дар ҷаласаи назоратии Вазорати маориф ва илм, вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо директори минтақавии Бонки Исломии Рушд, ҷаноби Иброҳим Шукрӣ, вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷ.Ҷӯразода бо муовини директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон, ҷаноби Чарлз Инвани, раванди баргузории сессияи тобистона дар як қатор мактабҳои олӣ, оғози олимпиадаҳо аз фанҳои ҷамъиятӣ — гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ байни хонандагони синфҳои 9-10-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ гузоришҳо пешниҳод шудаанд.
Фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. «Дар бораи нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои аъзои Шурои СММ оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмияти шарҳи универсалии даврӣ (даври сеюм) барои солҳои 2023-2026» ва нақшаи чорабиниҳои вазорат вобаста ба иҷрои нақшаи миллии амалҳо… дар саҳифаҳои 4-5 оварда шудааст.
Мақолаҳои У.Ҳасанзода «Заминҳои муассисаҳои таълимиро ҳифз намоем», А.Байзоев «Тобистон фаро мерасад» ва Х.Раҷабалиев «Қотилони Хушбахти Ҳайдаршо наҳзатиҳо буданд», ки ба масоили муҳимми рӯз бахшида шудаанд, муҳтавобахши саҳифаи 6-и нашрия гардидаанд.
Дар мақолаи Ҳ. Ғафурӣ «Киштии наҷот»-и мо» «сухан аз масоили арзишҳои миллӣ ва ҳифзи сулҳу ваҳдати кишвар ба миён оварда шудааст.
«Қӯшунҳои сарҳадӣ – посбонони марзу буми Ватан» мусоҳибаи фарогиру пурдалелест оид ба фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат ба муносибати Рӯзи сарҳадбонон (28 май). Зимни ин мусоҳиба (дар саҳ.8) ба саволҳои мухбири ҳафтанома Ш.Раҷабзод мушовири раёсати корҳои сиёсӣ-тарбиявии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ, полковник О.Маликов посух гуфтааст.
Саҳифаҳои 9-10-и ҳафтанома мақолаҳои муаллифон Ф.Султонзода, С. Муродов, Б.Ҷаҳонгир ва Р.Санговро оид ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон (1 июн) дар бар гирифтааст. Дар ин мақолаҳо сухан аз олами рангину ширини кӯдакон, тарбияву таълими онҳо, ҳуқуқу имтиёзҳои наврасон ба миён омадааст.
Мулоҳизаву пешниҳодҳое, ки дар мақолаи вусъатманди мудири шуъбаи адабиёти бачагонаи муассисаи нашрияи «Маориф», шоири маъруфи кӯдакон Ҷӯра Ҳошимӣ бо номи «Таваҷҷуҳафзои кӯдакон ба адабиёт» оварда шудаанд, хеле судманд ва шоистаи таваҷҷуҳанд. Муаллифи мақола иброз медорад: «Дар партави сиёсати маърифатию фарҳангии Ҳукумати Тоҷикистон месазад, ки мақоми Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасонро баландтар бардорем, доираашро васеътар гардонем ва барои рангинтару пурмазмунтар гардиданаш саҳми бештар гузорем».
Номгӯи мавзуъҳои намунавӣ барои бахшҳои машварати августии кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, ки Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ таҳия ва пешниҳод кардааст, дар чаҳор саҳифаи нашрия (12-15) оварда шудааст. Чопи пешакии номгӯи мавзуъҳо ба омӯзгорон имкон фароҳам меоварад, ки ба машваратҳои августӣ омодагии комил дошта бошанд.
Саҳифаи ниҳоии ҳафтанома хабареро бо номи «Килки сабз -2» чоп шуд», муаммои «Истироҳат» ва чанд иттилои дигарро фаро гирифтааст.
Бовар дорем, ки шумораи навини «Омӯзгор»-ро хонандагон бо камоли майл мутолиа хоҳанд кард ва аз он баҳрабардорӣ хоҳанд намуд.

Навбатдори шумора: А.Муродӣ