ТАВАҶҶУҲ БА КАСБҲОИ КОРГАРӢ МЕАФЗОЯД

Мусоҳиба бо сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Амиров
– Муаллими муҳтарам, маълум, ки ҳамасола дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши ихтисосҳои нави гуногун роҳандозӣ мешавад. Зарурати чунин ташаббусро дар чӣ мебинед?
– Ин ҷо ҳадафи асосӣ омода намудани кадрҳои коргарии сазовори замон вобаста ба талаботи бозори меҳнат мебошад. То имрӯз аз рӯйи ихтисосҳои амалкунанда 126 стандарти тахассусии зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ тасдиқ ва дастраси муассисаҳои таълимӣ шудааст. Бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ вобаста ба талаботи замон ва пешрафти ҷомеа як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳияву тасдиқ ва барои корбарӣ ба муассисаҳои таълимӣ ирсол гардиданд.
Дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таъсис додани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва ба ин восита соҳибмаълумот намудани ҷавононе, ки рағбат ба гирифтани маълумоти миёнаи касбӣ доранд, дар чанд соли охир натиҷаҳои дилхоҳ ба бор оварданд. Айни замон теъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 84 ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 63 ададро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ барои ҷалби донишҷӯён дар риштаҳои гуногуни педагогӣ, иқтисодӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва кишоварзӣ шароити мусоид фароҳам овардаанд.
– Барои ҳавасманд намудани ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунарҳо дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ чӣ гуна тадбирҳо андешида мешаванд?
– Яке аз роҳҳои ҳавасманд намудани ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунарҳо ба роҳ мондани тарғибу ташвиқи ихтисосҳои ба талаботи бозори ҷаҳонӣ созгор мебошад. Ба хонандагон фароҳам овардани шароити хуби иҷтимоӣ — хобгоҳ, стипендия, кумак ба ятимону муҳассилини имконоташон маҳдуд ҳар сол теъдоди муштариёни ин муассисаҳоро афзоиш медиҳад. Маҳз ҳамин омил ба ҳар сол афзудани муштариён ва ифтитоҳи муассисаҳои таълимии нав мусоидат кардааст.
Дар баробари ин, барои ба калонсолон омӯзондани ихтисосҳои коргарӣ ташкили курсҳои семоҳаю шашмоҳа ва нуҳмоҳа яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, натиҷаҳои дилхоҳ медиҳад.
– Маълум, ки масъалаи аз ҳама асосӣ баланд бардоштани сифати таҳсил ба ҳисоб меравад, зеро бидуни дониши назарӣ наметавон ҳамаи хостаҳоро амалӣ кард. Дар ин самт чӣ иқдомҳо пеш гирифта шудааст?
– Сол ба сол афзудани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таъмини онҳо бо компютер ва дигар воситаҳои нави техникӣ, таъмири биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳо, кушода шудани ихтисосҳои нави ба талаботи бозори меҳнати кишвар ҷавобгӯ ва фароҳам омадани заминаҳои зарурии бо ҷойи кор таъмин шудани хатмкунандагони муассисаҳои таълимии мазкур барои баланд шудани сатҳу сифати таҳсил ва афзудани таваҷҷуҳи довталабон ба ин муассисаҳо замина фароҳам овардааст. Иҷро шудани нақшаи қабул дар муассисаҳое, ки шароити мазкурро муҳайё карда тавонистаанд ва тарғибу ташвиқи муассисаи таълимиро тавассути воситаҳои ахбори омма ва дигар васоити ташвиқотӣ ба роҳ мондаанд, гувоҳи фаъолияти хуби онҳо мебошад.
Имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии шаҳри Душанбе ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳое, ки шароити мувофиқ доранд, паркҳои технологӣ ташкил карда шуда, ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои амалӣ ва саҳм гирифтан дар истеҳсолот шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Таъмиру тармим, сохтмони биноҳои иловагӣ, сохтану ба истифода додани толорҳо ва майдончаҳои варзиш, ташкили хоҷагиҳои ёрирасон дар муассисаҳои таълимӣ сол ба сол афзоиш ёфта, вазъи иҷтимоии хонандагону донишҷӯён бамаротиб беҳтару хубтар гардидааст.
– Айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз рӯйи чанд ихтисос ва равия касбу ҳунар омӯзонида мешавад?
– Дар 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ хонандагон аз рӯйи 97 ихтисос ва 4 Маркази таълимии касбомӯзии назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, 5 Маркази таълимии калонсолон бо 41 филиал ва 21 намояндагӣ аз рӯйи 93 касби ба талаботи бозори меҳнат ва ҷомеаи навин ҷавобгӯ ба таълим фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ дар 84 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи 8 равия – (тиббӣ, омӯзгорӣ, аграрӣ, фарҳанг, техникӣ, технологӣ, иқтисодӣ, варзишӣ ва ҳуқуқ) донишҷӯён ба таълим ҷалб гардида, аз рӯйи 190 ихтисос мутахассис омода карда мешавад. Дар ин муассисаҳо бештар аз навад ҳазор донишҷӯ ба таҳсил ҷалб гардидаанд. Танҳо дар ду соли охир бо иштироки Роҳбари давлат се муассисаи таълимии миёнаи касбӣ, аз ҷумла, коллеҷҳои тиббии ғайридавлатии шаҳри Бохтар, коллеҷи тиббии хусусии ноҳияи Восеъ ва бинои таълимии коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифтанд.
– Дар солҳои соҳибистиқлолӣ на танҳо мазмуни таҳсилот дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тағйир ёфт, балки муассисаҳои таълимӣ ба худ шакл ва мазмуни нав гирифтанд…
– Оре, барои дар сатҳи таҳсилоти байналмилалӣ мутобиқ намудан як қатор омӯзишгоҳҳо ва техникумҳо тадриҷан ба коллеҷҳои мустақил табдил дода шуданд. Ҳамчунин, нақша ва барномаҳои намунавии онҳо таҷдиди назар карда шуданд. Мақсад аз муттаҳид намудани коллеҷҳо, қабл аз ҳама, бартараф намудани такрор шудани ихтисосҳо, мустаҳкам гардидани пояи моддию техникии таълим, ихтисори воҳидҳои идоравию хоҷагӣ, беҳтар намудани шароити кори сохторҳои дигар мебошад. Дар баробари ин, ба сабаби суст будани заминаҳои моддию техникӣ, таълимию кадрӣ ва набудани талабот дар даврони истиқлол як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз ҷумла, коллеҷи савдои шаҳри Душанбе, коллеҷи аграрии шаҳри Хуҷанд, коллеҷи политехникии шаҳри Панҷакент, филиалҳои техникуми политехникии шаҳри Душанбе дар ВМКБ ва ноҳияи Ховалинг ва гурӯҳҳои таълимии фаъол дар ноҳияҳо барҳам дода шуданд.
– Ҷавонон имрӯз ҳангоми интихоби касб бештар ба кадом соҳаҳо таваҷҷуҳ менамоянд?
– Тибқи таҳлилҳои Вазорати маориф ва илм дар чанд соли охир, таваҷҷуҳи довталабон имрӯз дар кишвар ба риштаҳои тиббӣ, омӯзгорӣ ва техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бештар буда, ин омил ба сол аз сол аз ҳисоби сектори давлатӣ ва хусусӣ афзудани теъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ мусоидат кардааст.
Зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар раванди омода намудани кадрҳои баландихтисос фаъолияти густардае дошта, пас аз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ бо мутахассисон нақши бузург гузоштааст. Фаъолияти пурсамари мутахассисони ин зинаи таҳсилот таваҷҷуҳи корхонаю муассисаҳоро ба мутахассисони омоданамудаи онҳо меафзояд.
Дар доираи қонунгузории кишвар ва иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 09. 2020, №2567) раванди омода намудани кадрҳо дар ин зинаи таҳсилот ҷараёни тоза гирифта, шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ ва иҷтимоӣ дар онҳо фароҳам оварда шудааст. Таъкид намудан бамаврид аст, ки дар бештари кишварҳои олам шаҳрванд пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳамчун мутахассис ба кор рафта, ниёз ба идома додани таҳсил надорад. Аниқтараш, ӯ имкон дорад, ки ҳамчун мутахассиси техникӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ ва ё ҳамчун мутахассиси фарҳангу варзиш тамоми умр фаъолият намуда, бе зарурати гирифтани маълумоти олии касбӣ дониш ва ҷаҳонбинии фарохи худро истифода намояд.
Роҳбарияи муассисаҳои таҳсилоти касбиро зарур аст, ки ҷиҳати аз аккредиататсияи байналмилалӣ гузаронидани коллеҷҳо ё якчанд ихтисоси онҳо бояд иқдом намоянд. Ин раванд ҳам ба обрӯю нуфузи онҳо ва ҳам ба ҷалби донишҷӯён аз хориҷи кишвар таъсири хуб мерасонад.
– Маълум, ки барои беҳтар гардидани сифати таҳсилот ашёи хониш, пеш аз ҳама, китобҳои дарсии тахассусӣ нақши муҳим доранд. Дар ин самт дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ вазъ чӣ гуна аст?
– Мутаассифона, ҳоло муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсии тахассусӣ саросар таъмин набуда, фаъолияти онҳо бо дарназардошти кушода шудани ихтисосҳои нави ба талаботи бозори меҳнати кишвар ва ҷаҳон ҷавобгӯ то андозае ба мушкилот рӯ ба рӯ мегардад. Тибқи озмуни пешниҳоднамудаи Вазорати маориф ва илм ҳар як олиму муҳаққиқ ва омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар таҳияи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонад саҳм бигирад. Дар ин самт нашри китобҳо тариқи электронӣ, таҳияи дастурҳои методию илмӣ барои омӯзгорон, дастурҳои таълимии ёрирасон, роликҳо ва филмҳои таълимӣ зарур буда, мақомоти дахлдор сари он бояд андеша намоянд.
Ҳамчунин, бояд қайд кард, ки барои баланд бардоштани сифати таҳсилот фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва заминаи моддию техникӣ дар муассисаҳои таълимӣ, бо компютер ва бо дигар воситаҳои нави техникӣ баргузор намудани дарсу машғулиятҳо имкони ҷалби бештари шаҳрвандонро ин зинаи таҳсил фароҳам меорад.
– Имрӯз, ба назари шумо, боз кадом масъалаҳои мубраме вуҷуд доранд, ки ба ҳалли онҳо таваҷҷуҳ зоҳир кардан ба фоидаи кор аст?
– Дар асоси Нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илм тасдиқ шудааст. Роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар ин замина нақшаи чорабиниҳои худро ба тасвиб расонда, ҷиҳати пешгирии амалҳои ғайриахлоқии экстремистию ифротгароӣ миёни хонандагону донишҷӯён корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ба роҳ мондаанд.
Масъалаи дигар, ки имрӯз сари он муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бо Вазорати маориф ва илм ҳамкорӣ намуда, ҷиҳати амалӣ гардидани он бояд иқдом намоянд, дар заминаи коллеҷҳое, ки шароити дурусти таълимӣ, заминаи моддию техникии хуб доранд, таъсис додани шуъбаи бакалавр ва додани маълумоти олии касбии бакалавр дар ин зинаи таҳсилот мебошад. Ин иқдомест, ки дар бештари кишварҳои пешрафта ва рӯ ба рушд амалӣ шуда, натиҷаҳои дилхоҳ додааст.
Дар сурати боз ҳам такмил ва ривоҷ ёфтани чунин иқдомот зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар рушду пешравии кишвар вобаста ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисос метавонад фаъолияти беҳтар ва назаррастар дошта бошад.
Мусоҳиб Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»