ҲАР ГӮШАИ ИН ДИЁР ЗЕБОСТ!

Яке аз мавзеъҳои хушбоду ҳавои Тоҷикистон, ки диққати сайёҳони дохилу хориҷро ба худ ҷалб кардааст, Сари Хосор мебошад, ки дар ноҳияи зебоманзари Балҷувон ҷойгир аст.
Аз маркази ноҳияи Балҷувон то Сари Хосор якуним – ду соат роҳ аст. Ҳангоми сафар ба он ҷо аз дидани шаршараи овозадори мавзеъ дар ҳайрат мондем. Гирду атрофи он пур аз дарахтони гуногуни ҳамешасабз мебошад, ки ба ҳусни он ҷилои дигар бахшидаанд. Тибқи маълумотҳо, шаршараи Сари Хосор, ки дар баландии 2010 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад, дар кишвар зеботарин ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки бо мақсади ҳифзи навъҳои нодири набототу ҳайвонот ва рушди соҳаи сайёҳӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 – уми октябри соли 2005 дар ин мавзеъ Парки табиии «Сари Хосор» таъсис дода шудааст. Он зертобеи Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар масоҳати 3805 гектар доман паҳн кардааст.
Дар мавзеи Сари Хосор 20 навъ набототи нодиреро вохӯрдан мумкин аст, ки соли 2015 ба «Китоби Сурх» — и Тоҷикистон дохил шудаанд.
Мавзеи Сари Хосор бо дарахтони куҳансолу сарсабз сайёҳони зиёдро дар ҳайрат гузоштааст. Чанорҳои куҳнаи мавзеи Дашта, манзилгоҳи Шоҳ Неъматуллои Заробии балҷувонӣ ва деҳаи Дошмандиро метавон мисол овард, ки аз 200 то 1300 сол умр доранд. Дар дохили яке аз чанорҳои азимҷусса ҷувоз ҷой дода шудааст, ки бо номи «Чинори ҷувоз» машҳур мебошад.
Мавзеи дигари сайёҳии Сари Хосор деҳаи Боғи Зоғон аст, ки дар он зиёда аз 150 хонавода умр ба сар мебаранд. Шуғли сокинон чорводорӣ ва боғдорист. Дар деҳа чашмае бо номи Чашмаи Сулаймонӣ маъруф аст, ки хусусияти дармонбахшӣ дорад. Оби он, ки аз байни сангҳои азимҷусса ҷӯш зада мебарояд, дар ҳама фасли сол ҷорист.
Бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон дар мавзеи зебоманзари Сари Хосор меҳмонхонаи сеошёнаи замонавӣ бо тарҳи муосир сохта шудааст, ки дорои шароити хуби хидматрасонӣ мебошад.
Мавзеи дигари хуби сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб кӯҳи Чилдухтарон дар ноҳияи Муъминобод мебошад. Ҳамасола дар фаслҳои баҳору тобистон аз ин мавзеи хушобу ҳаво ҳазорҳо нафар сайёҳони дохилу хориҷӣ дидан мекунанд.
Ҳангоми сафар ба ин макон бо дидани табиати зебою назаррабо, ҷалгалзорҳои боҳашамату чашмаҳои мусаффо диламон ба ваҷд омад. Роҳи автомобилгарди мавзеи Чилдухтарон навсозию сангфарш гардидааст ва ҳар сайёҳу кӯҳнавард метавонад бидуни мушкилот аз мавзеҳои тамошобоби он дидан намояд. Дар мавзеи Чилдухтарон меҳмонхонаи панҷошёнаи дорои тамоми шароит сохта шудааст.
Мавзеи таърихии «Ҳавзи Қайнар» яке аз мавзеъҳои хуби сайёҳӣ дар ноҳияи Восеъ буда, тибқи сарчашмаҳо, таърихи дерину рангин дорад. Ин макон дар Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ ҷойгир аст. Мардум онро кӯли Нозкӯл низ меноманд. Ин мавзеи таърихӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони маҳаллӣ навсозӣ гардида, 4 октябри соли 2021 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Мисқолбӣ Саидова, директори мавзеи таърихии «Ҳавзи Қайнар», иттилоъ дод, ки масоҳати умумии кӯл 50 ҳазор метрии мураббаъро ташкил медиҳад. Сокинони ин деҳа ривоёти зиёдро оид ба пайдоиш ва муъҷизаҳои кӯл қисса мекунанд. Гӯё дар дохили кӯл аспи азим, ки дар зебоӣ назир надорад, зиндагӣ дорад. Сокинони деҳа ин маконро ҷойи таърихию муқаддас шуморида, ҳатто аз доштани моҳиҳои дохилаш худдорӣ мекунанд. Соли 2008 ҳангоми кофтукови археологӣ бостоншиносон дар ҳудуди кӯл тангаеро пайдо намудаанд, ки ба замони Кӯшониён мутааллиқ дониста мешавад.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
Рӯзноманигор