РУШДБАХШИ ҚОБИЛИЯТИ ХОНАНДАГОН

Барои ҳалли вазифаҳои тарбиявии доираи васеи толибилмон шаклҳои умумии корҳои беруназсинфӣ қобили қабуланд. Дар ташкил ва баргузории корҳои беруназсинфӣ нақши омӯзгор бузург аст. Корҳои беруназсинфӣ ба рушди қобилияти эҷодӣ, тақвияти малакаи донишандӯзии хонандагон мусоидат мекунанд, инчунин, дӯстию рафоқати байни онҳоро мустаҳкам менамоянд.
Агар як шакли кори беруназсинфӣ иштироки хонандагон дар тадбирандешиҳои синфӣ, умумимактабӣ ва берун аз мактаб (ҷамоатӣ, шаҳрӣ) бошад, шакл дигар ташкил кардани маҳфилҳост.
Ташкили маҳфилҳо, чи дар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва чи дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, аз манфиат холӣ нест. Маҳфилҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ ва таҳсилоти умумӣ аз рӯи самтҳои зер амалӣ карда мешаванд:
– илмию техникӣ, ки аз бар намудани маҳорату малакаҳои техникию технологӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, азхудкунии техникаю технологияи муосир ва илмҳои дақиқ, инчунин, ба кори фаъолонаи илмию таҳқиқотӣ омода шудани таълимгирандагонро таъмин менамояд;
– таҷрибавию амалӣ, ки барои ҷалб намудани таълимгирандагон ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавӣ, конструкторӣ ва ихтироъкорӣ дар соҳаҳои гуногуни илму техника, фарҳангу санъат, инчунин, фароҳам овардани шароит барои такомули эҷодӣ, ошкор сохтан ва инкишофу дастгирии истеъдодҳои ҷавон мусоидат мекунад;
– ҷамъиятию гуманитарӣ, ки инкишофи қобилияту истеъдод, малака ва маҳорати амалии хонандагонро дар самти андӯхтани донишҳо доир ба асосҳои илмҳои иҷтимоию гуманитарӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ таъмин мекунад;
– китобдорию китобши-носӣ, ки барои боло бурдани шавқи маърифатӣ, фарҳангию иттилоотӣ ва такмили малакаву маҳорати таълимгирандагон ҷиҳати муайян ва мустаҳкам кардани мавқеи онҳо дар ҷаҳони муосири иттилоотӣ нигаронида шудааст;
– экологию табиатшиносӣ, ки аз бар намудани донишҳоро дар бораи муҳити зист, ташаккули маърифати экологии шахс, масъалаҳои экологӣ ва ҳалли онҳо, андӯхтани донишу малака дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла, гулпарварӣ, ҷангалпарварӣ, боғдорӣ, занбӯрпарварӣ, ҷалб кардан ба кори амалии ҳифзи табиат ва дигар самтҳои биологиро пешбинӣ менамояд;
– сайёҳию кишваршиносӣ, ки барои омӯзиши таърихи кишвар ва маҳалли зист, тамаддуни ҷаҳонӣ, объектҳои ҷуғрофӣ, таърихию фарҳангӣ ва зуҳуроти ҳаёти иҷтимоӣ, азбар кардани малакаҳои амалӣ ва маҳорати сайёҳию кишваршиносӣ замина мегузорад;
– бадеию эстетикӣ, ки рушди истеъдоду қобилияти эҷодӣ ва аз бар намудани малакаҳои амалӣ ва дар соҳаи фарҳангу санъати ватанӣ ва ҷаҳонӣ дониш андӯхтани онҳоро дар бар мегирад;
– тарбияи ҷисмонию варзишӣ, ки инкишофи қобилияти ҷисмонии таълимгирандагон, шароити зарурӣ барои солимии мукаммал, обутобёбӣ, истироҳату фароғат, машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тайёр кардани захираҳои варзишӣ барои дастаҳои мунтахаби миллӣ, аз бар кардани малакаҳои тарзи ҳаёти солимро таъмин менамояд;
– ҳарбию ватандӯстӣ, ки тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва дараҷаи зарурии тайёриро ба хидмати ҳарбӣ фаро мегирад;
– солимгардонию гигиенӣ, ки таъмини заминаи заруриро барои истироҳати бофароғат, аз бар намудани донишҳо оид ба тарзи ҳаёти солим, азхуд намудани малакаи беҳдошти саломатии шахсӣ ва ташаккули фарҳанги гигиении шахсро пешбинӣ менамояд.
Маҳфилҳо метавонанд на танҳо барои омӯзиши фанҳои алоҳида, балки соҳаҳои гуногуни дониш низ хидмат кунанд.
Тайёрии ҷиддии муаллим ба маҳфил имкон медиҳад, ки тамоми иштирокчиён бо фаъолияти гуногун фаро гирифта шаванд. Хонандагон бештар ба маҳфилҳои мусиқӣ, хореографӣ, дастаи сарояндагони хор, драма ва маҳфили театри лухтак завқ доранд.
Саидмурод ДАВЛАТОВ,
мудири шуъбаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзии Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ