Мавҷудияти биосфера маҳз ба ҳастии об марбут аст. Ду масъалаи баҳсталабу ташвишовари глобалии сайёра, ки боиси нигаронии аҳли башар ва мавҷудоти зинда гардидааст, тағйирёбии глобалии иқлим ва истифодаи захираҳои об ба шумор меравад.
Тоҷикистон аз рӯи захираҳои об ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Президенти мамлакат сабаби асосии тағйирёбии иқлимро дар босуръат об шудани пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ маънидод кардаанд.
Пиряхҳо захираи асосии оби соф мебошанд. Дар ин робита, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2025 Соли байналмиллали ҳифзи пиряхҳо муайян карда шуда, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Боиси ифтихор аст, ки дар асоси Қатънома пешниҳодҳои Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтаанд:
21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид.
Имрӯз замоне фаро расидааст, ки муносибати инсон бо табиат фақат маънои истеъмолӣ дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои амнияти экологии аҳолӣ, самаранокии унсурҳои табиат таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Тибқи моддаи 13-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Замин, сарватҳои зеризаминӣ об, фазои ҳавоӣ олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат буда, ба манфиати халқ кафолат медиҳад”. Тавре ки мушоҳида мешавад, дар қаламрави мамлакати азизамон корҳои ободонию созандагӣ, аз қабили маъракаҳои дарахтшинонӣ ба хотири коҳиш додани партов ва маъракаҳои гулшинонию кабудизоркунӣ ба хотири зебо гаштани кӯчаву гулгаштҳои шаҳру ноҳияҳо ҳамасола баргузор карда мешаванд, ки ин ҳама аз ташаббусҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд.
Агар муҳити зисти Тоҷикистон ба таъсири номатлуби гуногун, аз ҷумла, инсонӣ дучор гардад, барои барқарор намудани он аз 50 то 100 сол лозим аст. Бино бар ин, бо мақсади ҳифзи олами набототу ҳайвоноти нодир Китоби сурхи Тоҷикистон таълиф гардидааст. Дар қаламрави кишвар якчанд мамнуъгоҳи давлатӣ-табиӣ, аз қабили “Ромит”, “Даштиҷум”, “Бешаи палангон” ва “Зоркӯл” таъсис дода шуда, олами наботот ва ҳайвоноти нодир зери назорати давлат қарор дорад.
Дилшода АТАМУРОДОВА,
донишҷӯи курси 3-и
ДДХ ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров
