ОИНАИ БЕҒУБОР

Муъмин Қаноат. Шоири шаҳиру тавоно ва воломақоме, ки бе исми ӯ, бе назми оламгираш наметавон адабиёти тоҷику ҷаҳонро тасаввур кард. Воқеан, бе ҳеҷ муболиға метавон устод Муъмин Қаноатро шоири бузурги миллат номид ва бо номи ӯ ифтихор кард. Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳорату ҳунари шоирӣ ва хидматҳои нотакрори шоири ҳамосасаро чунин баҳоро лоиқ дидаанд:
«Муъмин Қаноат дар рушди адабиёти муосири тоҷик хидмати шоистаеро ба анҷом расонида, солҳои зиёд ба ҳайси раиси Иттифоқи нависандагон, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизати сулҳ, муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ кору фаъолият дошт. Наслҳои гуногуни адибони тоҷик аз эҷодиёти саршор аз меҳру муҳаббати шоир ғизои маънавӣ гирифта, ба камол расидаанд».
Нишонаҳои истеъдоди шоирии Муъмин Қаноат аз солҳои нахустини сурудани шеърҳои шогирдонааш, ки ба давраи донишҷӯияш рост меояд, буруз карда, зуд таваҷҷуҳи донишмандони фунуни шеър ва адабиётшиносонро ба худ ҷалб намуд. Устодони забардасти адабиёти тоҷик Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода аз шеъри нахустини эҷодкардаи шоир ояндаи дурахшони ӯро пай бурда, барои тарбия ва камолоти шоирии ӯ кӯшиданду талош варзиданд. Тавре ки маълум аст, устод Мирзо Турсунзода солҳои 60-ум боре ба шодравон Боқӣ Раҳимзода гила мекунанд, ки аз байни ҷавонон шоиронро хеле кам тарбия карда истодаед. Боқӣ Раҳимзода дар посухи шоири шаҳир чанд шеъреро дар назди ӯ мегузорад. Чун шеърҳоро устод Мирзо Турсунзода қироат мекунанд, «аҳсан, аҳсан»-гӯён бо қаноатмандӣ сар меҷунбонанд. Боқӣ Раҳимзода мегӯяд, ки ин шеърҳоро донишҷӯе бо исми Муъмин Қаноат навиштааст.
– Қобилияти хуби шеъргӯии ин ҷавон аз ҳамин шеърҳои шогирдонааш маълум аст. Агар ӯро тарбия кунем, оянда шоири бузург мешавад,-мегӯяд бо ҷиддияту салобати хос устод Мирзо Турсунзода.
Дар воқеъ, Муъмин Қаноат аз маҷмуаи нахустини шеърҳояш бо номи «Шарора» ва китобчаи дувумаш – «Ситораҳои замин» ҳамчун шоири соҳибсабк, баистеъдоду фазилатпеша ба хонандагон худро муаррифӣ намуд.
Ба маҷмуаи ашъори шоир «Ситораҳои замин» адабиётшинос ва мунаққиди маъруф Соҳиб Табаров соли 1964 тақризе навишта, таъкид кардааст:
«Шеърҳои характери тарбиявӣ – ахлоқӣ дошта дар ашъори Муъмин Қаноат ҳоло бисёр нестанд, вале намунаҳои нахустини онҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки ӯ дар эҷод кардани чунин шеърҳо қобилияти хуб дорад ва умед аст, ки дар оянда доир ба ин масъалаҳо шеърҳои пурмазмун эҷод хоҳад кард.
Маҷмуаи «Ситораҳои замин» аз инкишофи маҳорати эҷодии Муъмин Қаноат гувоҳӣ медиҳад. Мавзуъ ва хусусиятҳои бадеии ашъори ӯ сол то сол равшантару возеҳтар шуда, дар назм услуби хоси шоир муайян гардида истодааст». Адабиётшиносони номвар Шарифҷон Ҳусейнзода, Абдунабӣ Сатторзда, Худоӣ Шарифзода, Сафар Абдулло, Абдураҳмони Абдуманнон, шоирон Олҷас Сулаймонов, Аскар Ҳаким, Рустам Ваҳҳобзода ва дигарон шеъру достонҳои устод Муъмин Қаноатро ба таври амиқу ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, ӯро ҳамчун шоири соҳибмактаб муаррифӣ кардаанд. Яке аз шеърҳои пурмуҳтавои Муъмин Қаноат, ки соли 1963 таълиф гардидааст, «Барои ҳурмати мӯи сафедаш» номгузорӣ шудааст. Шеъри мазкур дар маҷмуаҳои шоир борҳо чоп шудааст, вале дар ҳеҷ ҷойи он ишора нашудааст, ки он ба устод Мирзо Турсунзода бахшида шудааст. Аммо воқеият он буд, ки ин шеър ба устод Мирзо Турсунзода бахшида шудааст. Дар шеър пайрави Мирзо Турсунзода будани худро аз қавли адабиётшинос Абдунабӣ Сатторзода, ба гунаи зер баён доштааст:
Барои хотири шеъраш, ки онро
Ба роҳи хеш болу пар намудам,
Барои шеъри мардумошнояш,
Ки аз он шеъри худро сар намудам.
Донишманди фарҳехта Абдунабӣ Сатторзода поэтикаи махсуси асарҳои Муъмин Қаноатро муайяну мушаххас намуда, шеъри ӯро ба ҷараёни «услуби романтикии ҳамосӣ» мансуб донистааст. Шоири хушкалом Камол Насрулло ба эҷодиёти устод Муъмин Қаноат баҳои баланд дода, ашъори ӯро «каломи ҷонофарин» номидааст. Ба андешаи ӯ, «сухани Муъмин Қаноат фишурда, амиқ, нишонрас ва мондагор аст. Симои миллӣ, мароми маънавӣ ва қисмати сангини халқи тоҷикро касе мисли ӯ чунин ҳунармандона таҷассум накардааст:
Ба тундӣ хашми дарёям,
Ба тамкин сабри саҳроям,
Ба нармӣ чун дили ошиқ,
Ба сахтӣ санги хороям,
Ба савдо рафта дунё чун
Самарқанду Бухороям,
Макун дигар ту савдоям».
Дар хусуси достонҳои шоири ҳамосасаро олимону адабиётшиносон хеле зиёд навиштаанду изҳори назар намудаанд. Мунаққид, шодравон Худоӣ Шарифзода тамоми паҳлуҳои эҷодии шоирро аз нигоҳи илмӣ таҳлилу баррасӣ намудааст. Адабиётшинос Сафар Абдулло достони «Гаҳвораи Сино»-ро ҳамвазни достонҳои шоири барҷастаи литвонӣ Юстинас Мартсинкявичус шумурда, зикр намудааст, ки «ҳам Мартсинкявичус ва ҳам Муъмин Қаноат дар достонҳои худ ба тадқиқи бадеии ҳодисаҳою воқеаҳое кӯшидаанд, ки дар таърихи халқҳои мо як гардиши бузург, як дигаргунии куллиро ба вуҷуд овардаанд». Донишманди пурхонда перомуни достони «Гаҳвораи Сино» андешаронӣ карда, ин достонро асари дархӯри замон меномад ва дар посух ба онҳое, ки ба таърих, ба забон, ба маданият ва гузаштаву имрӯзаи миллати тоҷик буҳтон мезананд, ин пораро аз достон чун далели раднопазир иқтибос меорад:
Сароғозат Бухорову саровози ту Алванд аст,
Миёни ин ду манзил банд – банд,
пайванд – пайванд аст,
Яке пайванди ҷисмонӣ,
Яке пайванди руҳонӣ.
Адабиётшиноси пурмаҳсул Худоӣ Шарифзода достони «Ситораи Исмат»-ро достони ҳамосию ғиноӣ номидааст.
Хулоса, эҷодиёти устоди сухан, Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат гуногунрангу серпаҳлу буда, барои тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар руҳияи хештаншиносию эҳсоси волои ватандӯстӣ ва ормонҳои миллӣ хидмати мондагорро анҷом медиҳад.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»