ЧУ ЯК ПИРИ ХИРАД МИРАД…

Бо мақсади ибрози андешае атрофи баъзе хусусиятҳои ашъори устод Лоиқ Шералӣ ба гунаи як нафар мухлиси эҷодиёти ашъори ноби ӯ китоберо бо номи «Ҳамболи офтоб», ки ҳамчун мунтахаби ғазалиёт, рубоӣ ва дубайтиҳо аз сӯйи интишороти «Хуросон» (шаҳри Хуҷанд, 336 саҳифа, соли 2021) чоп шудааст, боз намудам. Ин ғазал, ки бо матлаи:
Чу як пири хирад мирад, бимирад ҷумла осорам,
Чу як ҳамсоли ман мирад, гаронтар мешавад борам, —
шуруъ мегардад, маро ба андеша фурӯ бурд. Он соли 1982, ки шоир ҳамагӣ 41 сол дошт, эҷод гардидааст. Ғазал аз ҳафт байт иборат буда, як навъ инъикоскунандаи симои қаҳрамони лирикӣ ва мавқеи иҷтимоии шоир мебошад.
Шоир мегӯяд, ки агар пири донишманде бимирад, маро тасаввур мешавад, ки тамоми осори ман аз байн меравад, нобуд мешавад. Шоир марги хирадмандонро хеле сахту сангин мепазирад ва барои ҳар яке изҳори ҳамдардӣ мекунад, ба як маънӣ, дарди дигаронро дарди худ медонад.
Ман он ҷонбози давронам, ман он дилсӯзи ёронам,
Кашам озор аз сад мору мӯреро наёзорам.
Воқеан, шахсияти шоир ҳамин гунае ки буд, худ дар ин байт таъкид намудааст ва ҳамон тавре ки буд, мо ӯро «дида»-ву «шинохтаем». Шоир адиби даврони мо буд ва ин аст, ки шеъраш заминиву самимӣ иншо гардида.
Бо вуҷуди он ки шоир ҳамчун гӯяндаи шеър андешаи худро баён доштааст, қаҳрамони ғазал на танҳо худи ӯ, балки метавонад ҳар як шеъри хонандаи вай бошад. Ӯ анъанаву суннатҳои классикии шеъри ҳазорсолаи моро равнақ дода, аз санъатҳои лафзӣ ва бадеии шеър моҳирона истифода бурдааст:
Дарахте бишканад, гӯӣ миёнам бишканад, эй дод!
Чу фикре барғалат бошад, шавад афгор афкорам.
Албатта, барои андешаи худро дар қолаби бадеӣ ба хонандаву шунаванда баён доштан ба эҷодкор, хоса ба шоир маҳорати азалӣ ва зотии гуфта тавонистан хеле муҳим аст. Шеъри устод Лоиқро бо фарогирии ҳама мавзуоти замони зиндагияш аз ҳамин зовия бояд баҳо дод, вагарна, ашъореро низ ба мушоҳида гирифтан мумкин, ки бо надоштани фикри бикр, танҳо бо такрори гуфтаи дигарон ва умумигӯӣ завқи мухлиси адабиёт, шеъру шоириро паст мекунад. Вале агар ба шеъри устод Лоиқ ҳар чӣ бештар таваҷҷуҳ карда шавад, боз ҳам паҳлуҳои дигари ҳунари санъаткории ӯ ҳамчун шахси эҷодкор ҳувайдо мегардад.
Ашъори ватандӯстонаи ӯ дар ҳама шаклҳои шеърие, ки эҷод намудааст, ба зудӣ равшану возеҳ мегардад. Ба ин тарзу шева сурудани шеър на ба хотири суханбозӣ, балки воқеияти маҳз мебошад. Дар ғазали мавриди назари мо низ ин мавзуъ хеле равшану ҷозибанок матраҳ гардидааст:
Ба ғурбат дида эй бас беватанҳои ҳақиру зор,
Ҳазорон шукр кардам, ки
Ватан дорам, Ватан дорам!
Чунин ватандорие, ки шоир аз он ифтихор ва шукргузорӣ дорад, дар аксари ашъораш ба мушоҳида мерасад. Ба хотир овардан душвор нест, ки нахустин шеъри ватандӯстонаро ҳангоми ба сулҳу ваҳдат расидани диёр ӯ суруда буд:
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.
Ин аст маҳорат ва ҳунари шеъргӯии шоири тавоно, ки агар ба касе сухан гуфтан аз сулҳу ваҳдати миллӣ ва замони имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ лозим шавад, ҳатман ҳамин шеър ва ё пораҳои ҷудогонаи онро намуна меоранд, яъне, шеъри устод Лоиқ ҳамон гунаест, ки ба таъкиди Маликушшуарои Баҳор: «Боз бар дилҳо нишинад, ҳар куҷо гӯше шунуфт».
Шоир ҳамчун фарзанди замони худ шукргузорӣ аз он мекунад, ки диёри биҳиштосо дорад. Норозӣ будан аз чунин макони гулбасар нишони нодонию ҷоҳилист:
Агар як лаҳза ношукри ҳамин давру замон бошам,
Сияҳбахтам, сияҳрӯзам, сияҳрӯям, сияҳкорам!
Ҳамин гуна ифтихори миллӣ доштану ватандӯстӣ зоҳир намудан пас аз 41 соли дигар (таъкид кардем, ки соли иншои ғазал 1982 аст), хоса дар замони мо мавқеи муҳим дорад, зеро бе ҳувияти миллӣ ва пос доштани арзишҳои он наметавон ба марзу буми кишвар соҳибӣ кард. Талқини муаллифи шеър ҳам маҳз ҳамин масъала аст, ки мавқеи шаҳрвандии ӯро равшан инъикос кардааст.
Ду байти ҳамин ғазал:
Агар пои касе лағжид, хуни дил хӯрам шабҳо,
Ки гӯӣ ман хатокорам, ки гӯӣ ман гунаҳкорам.
Ва:
Чу ман аз тухми деҳқонам, бисабзад то ҳама кишташ,
Наборад абр агар борон, сиришк аз дида меборам, —
фарзанди содиқи Ватан будани гӯяндаи ғазалро ифода кардааст.
Бо ин ҳама тасвироти воқеъбинона Лоиқ Шералӣ дар адабиёти садаи бистум тавонист дар тамоми шаклҳои шеърӣ ва мавзуоти умдаи хеш дар қолаби шеъри ноб, ҳунару нубуғи шоирии худро ба намоиш гузорад. Имрӯз, қишрҳои гуногуни ҷомеа, хусусан, ҷавонон ба таври фаровон аз ашъори ӯ истифода бурдаву андешаҳояшонро бо мисраъ, байт, рубоӣ ва ё дубайтиву ғазали ноби ӯ баён медоранд. Ҳунарпешаҳои тоҷик тавассути ашъори ӯ барномаҳои эҷодии худро таҳия намудаву шуҳрат ҳам ёфтаанд. Чунин бахти баланди эҷодӣ на ба ҳар эҷодкори асил даст медиҳад. Аз ин рӯ, ҳеҷ гоҳ осори ӯ намемирад ва ному фаъолияти шоире, чун устод Лоиқ безавол аст.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»