Мусоҳиба бо раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
– Муҳтарам Абдулло Раҳмонзода, шумо ва дар шахси шумо тамоми ҷавонони шарафманди диёрро бо Рӯзи ҷавонон самимона табрик мегӯем. Дар оғози суҳбат мехостем дар бораи кумита ва дар умум, фаъолияти созандаи ҷавонони кишвар ҳамчун неруи пешбари ҷомеа дар замони соҳибистиқлолӣ андешаҳои худ-ро иброз медоштед.
– Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба шумо ва хонандаҳои сершумори нашрияи “Омӯзгор” низ фархунда бод! Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди ваколатдор дар самти ҷавонон ва варзиш аст. Яъне, татбиқкунандаи асосии сиёсати кор бо ҷавонон ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ҳамин ниҳод мебошад.
Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷомеаи имрӯзаи мо аз ҳама қишри фаъол ба ҳисоб мераванд. Онҳо, воқеан, як неруи тавонову бузурганд. Метавон онҳоро неруи пешбари ҷомеа номид, созандагони фардои ин Ватани маҳбуб донист. Дар тамоми мавридҳо метавон ба неруи ҷисмонию зеҳнии онҳо эътимод кард, зеро ҷавонони кишвар зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва Сарвари кишвар онҳоро дар ҳама мулоқоту вохӯрияшон эътимоди давлату ҳукумат меноманд.
– Дастгирию таваҷҷуҳ ва ғамхорию иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди баланд бардоштани нақшу мақоми ҷавонон хеле муассир ва бузургу мондагор аст. Мушаххасан дар ин бора изҳори назар мекардед.
– Таваҷҷуҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа аз замони ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб шуданашон оғоз гардидааст. Ҳамин таваҷҷуҳ буд, ки аз миёни 15 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистон аввалин шуда, қонуни махсус дар бораи ҷавононро ба имзо расонид. Ва имрӯз дар ин мактаби бузурги давлатдорӣ, ки сарварии онро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда доранд, ҷавонони бисёр закӣ ва ҳамқадами замон ба камол расидаанд. Барои чӣ бо ифтихор иброз медорем, ки мо ба ҷавонони кишвар бовар дорем?! Зеро онҳо дастпарварони бевоситаи мактаби давлатдории Пешвои миллат ҳастанд ва дарси гирифтаи толибилми ин мактаб дарси худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллии миллати тоҷик аст. Агар гӯем, ки дастпарварони ин мактаб, ба қавле, “патриоти асил” ҳастанд, хато нахоҳем кард, яъне, дӯстдори ватану ҳимоятгари арзишҳои миллӣ.
– Соҳаи маорифу илм заминаи асосии рушду тараққии ҷомеа ба шумор меравад. Натиҷаи дастовардҳои ҷавонон, хосатан, донишҷӯён дар самти кашфиёту ихтироот, таҳқиқоти илмӣ, адабиёт, варзиш ва амсоли инҳо дар чӣ сатҳ қарор дорад? Дар ин маврид чӣ гуфтанӣ доред?
– Дар муқоиса ба солҳои қаблӣ дастовардҳои ҷавонони мо дар самтҳои мухталиф ба тадриҷ беҳтар мешаванд, зеро имрӯз тамоми шароити инфрасохторӣ барои фаъолияти онҳо муҳайёст. Акнун замоне расидааст, ки мо аз ҷавононамон дар самтҳои гуногун натиҷа талаб намоем. Замоне расидааст, ки тавассути ин неруи созандаву боэътимод кишвари азизамонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як кишвари дорои имконоти зиёд барои ҷавонон боз ҳам беҳтар муаррифӣ намоем.
– Тайи чанд соли охир бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои гуногун рӯйи кор омадаву теъдоди зиёде аз шаҳрвандони кишвар дар онҳо фаъолона ширкат меварзанд. Вобаста ба иштироки наврасону ҷавонон дар озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм — фурӯғи маърифат”, ““Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” чӣ метавон гуфт?
– Дарвоқеъ, тадбирҳои мавриди назар, ки бевосита аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуданд, натанҳо завқи ҷавонон, балки таваҷҷуҳи тамоми қишрҳои ҷомеаро ба худ ҷалб карда тавонистанд. Тавассути ин озмунҳо мардум дубора ба китобу китобхонӣ ва фарҳангдӯстӣ ру оварданд. Сатҳи омодагӣ ва иштироку муваффақиятҳои ҷавонон қобили ситоиш аст. Агар аҳаммият дода бошед, озмунҳо миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор мешаванд ва ҳамасола аксари ғолибони озмунҳои мавриди назар ҷавонон мебошанд, ки ин боиси ифтихор аст.
– Ҳамкориҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо литсею гимназия, коллеҷҳо ва донишкадаву донишгоҳҳои кишвар чӣ тавр ба роҳ монда шудааст? Дар ин маврид ба кадом самтҳо бештар таваҷҷуҳ карда мешавад?
— Ҳамкориҳои кумита бо муассисаҳои таълимӣ ва дар умум, бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст. Дар баробари чорабиниҳои дорои хусусияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, ки мо бо вазорат анҷом медиҳем, дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар бахшҳои ҷавонон фаъоланд ва мо тайи се соли охир фаъолияти онҳоро вусъат бахшидем. Дар баробари ин, тавассути филиалҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон хонишҳои сиёсиро бо усули факултет ба факултет дар коллеҷу муассисаҳои таълимӣ ва донишгоҳҳо амалӣ менамоем. Миёни факултетҳои донишгоҳҳо мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор менамоем, то татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар муассисаҳои зертобеи вазорат, ки ҷавонон аққалияти онро ташкил медиҳанд, роҳандозӣ карда шавад.
– Тарбияи ахлоқӣ ва хештаншиносии насли наврас ва ҷавонон аз масоили калидӣ ва меҳварӣ ба шумор меравад. Дар замони ҷаҳонишавӣ бо баҳонаи истиқбол аз фарҳангу тамаддуни ҳамдигарии кишварҳо иддае аз ҷавонон ба зуҳуроти номатлуби тақлиду пайравии ноогаҳона, бахусус, дар боби анъанаву урфу одат, тарзи либоспӯшӣ, қабули андешаҳои носолим, гирифтор шудаанд. Дар боби ҷилавгирӣ аз ин омили нохушоянд ва фирефтаи таблиғоти бебунёди гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ нагардидани ҷавонон аз ҷониби кумита чӣ тадбирҳо амалӣ гардидаанд?
— Мо дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои кориро тибқи ҷадвалҳои тасдиқшуда бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондаем. Ҷадвалҳои мазкур танҳо фарогири қишри ҷавони ҷомеа набуда, балки дарбаргирандаи тамоми бахшҳои ҷомеа мебошанд. Мавзуъҳо ва мушкилоте, ки шумо зикр кардед, ҳамарӯза ва мунтазам тавассути кормандони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш дар 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ бо усулҳои мавриди омӯзиш ва тавзеҳу баррасӣ қарор мегиранд, яъне, барои аз байн бурдани мушкилоти мавриди назар мо на танҳо бо ҷавонон, балки бо дигар қишрҳои ҷомеа низ кор мекунем, зеро ин омилҳо худ ба худ сари ҷавон бор намешаванд. Ин ҷо омилҳои зиёди таъсиррасон вуҷуд доранд, ки барои ба таври зарурӣ фаҳмонидани онҳо мо бояд бо ҳам масъулият эҳсос намуда, хубтар кор кунем.
– Барои як суҳбати фарогир аз шумо сипосгузорем.
Дилафрӯз ҚУРБОНЗОДА,
“Омӯзгор”