ҲИФЗИ ВАТАН — МОДАР ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ

Ҳимояи марзу буми кишвар вазифаи ҷонии ҳар як фарди ватандӯст буда, ҳамеша ба
дифои сарзамин омода будан рисолати асосии ҷавонмардони асили Меҳан ба шумор меравад. Ҷои шубҳа нест, ки хидмати Ватан-Модар шараф буда, ҳар як ҷавони ба синни даъват расидаро мебояд пайи иҷрои ин рисолати хеш фаъол бошад.
Тавре ки огаҳем, дар кишвари азизамон ду бор – дар фасли баҳор ва тирамоҳ шаҳрвандони аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд. Соли равон низ пас аз интишори Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” дар асоси моддаи 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мудофиа” даъвати баҳорӣ оғоз ёфта, он то имрӯз муташаккилона идома дорад. Тибқи ин Фармон ҷавонони то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин, шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хидмати ҳарбиро надоранд, барои хидмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд. Комиссариатҳои ҳарбии ҷумҳурӣ дар ҳамкорию ҳамбастагӣ бо раисони шаҳру навоҳӣ маъракаи даъват ба хидмати ҳарбиро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, дар иҷрои саривақтии нақшаи даъвати имсола саҳми назаррас мегузоранд. Тавре ки огаҳ ҳастем, бисёре аз шаҳру ноҳияҳо аз иҷрои нақша дар рӯзҳои аввали оғози даъвати баҳории имсола гузориш дода буданд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамчун пешсафи ин маъракаи муҳим рӯзи якуми даъвати баҳорӣ эълон дошт, ки нақшаи даъвати ҷавононро ба хидмати ҳарбӣ сад дар сад иҷро намудааст.
Дар ин росто, дигар ниҳодҳо, аз ҷумла, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ дар иҷрои ин чорабинии муҳим саҳми назаррас гузошта истодаанд. Ректорони донишкадаву донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ташаббус нишон дода, барои зиёд шудани сафи ҷавонмардони далери Ватан як қатор корҳои арзишмандро ба анҷом расониданд. Аз ҷумла, муддатест, тариқи васоити ахбори омма дар бораи довталабона ба хидмати ҳарбӣ рафтани донишҷӯёни донишгоҳҳои кишвар хабарҳои зиёд мехонем.
Пешгоми ин маъракаи муҳим дар байни дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки то имрӯз беш аз 600 нафар донишҷӯйи ин даргоҳ бо баргузории маросими бошукӯҳи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ватанамон довталабона пайвастанд. Зимни таъйиди ин хабар, устоди донишгоҳ, декани факултаи журналистикаи ДМТ Бахтиёри Қутбиддин иброз дошт, ки дар ин самт корҳо идома доранд.
Тибқи иттилои ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Сайфиддин Давлатзода, то имрӯз ҳудуди 400 нафар аз донишгоҳи мазкур бо майли худ ба сафи родмардони далеру шуҷои Ватан пайвастанд.
Сармуҳаррири рӯзномаи “Анвори дониш”-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ дар суҳбат зикр кард, ки аз оғози мавсими даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ то имрӯз 73 нафар донишҷӯро ба хидмати Модар-Ватан гуселонидаанд. Ҳамаи ин ҷавонписарон бо хоҳиши худ мақсад гузоштаанд, ки марзу буми кишварро мардонавор ҳифз намоянд.
Роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ дар самти ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ пешқадамиро мароми худ қарор дода, то имрӯз беш аз 60 нафар донишҷӯи довталаби хидмати ҳарбиро бо баргузории барномаҳои бошукӯҳи фарҳангӣ-адабӣ барои ҳифзи сарҳадоти Ватан гусел намуданд. Муовини ректори муассисаи таълимӣ Исломбек Хоркашов иброз дошт, ки тайи солҳои ахир, хушбахтона, ҷавонони худогоҳу хештаншиноси кишвар пас аз хатми донишгоҳ зери шиори “Ҳифзи Ватан-Модар қарзи фарзандии мост” бо хоҳиши худ ба хидмати ҳарбӣ мераванд ва ин ҷараён рӯз ба рӯз афзоиш меёбад.
Ҳамагон тариқи расонаҳои хабарӣ огоҳ шудем, ки дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ барои гусели ҷавонони далер ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тадбирҳои судманд амалӣ карда шуданд. Дониёр Сангинзода, муовини ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ гуфт, ки аҳли раёсати донишгоҳи мазкур дар ин самт бетараф набуда, то имрӯз 45 нафар ҷавонро бо дархости худашон ба хидмати ҳарбӣ фиристоданд.
Донишомӯзони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев низ дар даъвати баҳории имсола бо мақсади ҳимояи сарзаминамон аз худ ташаббус нишон доданд. Ба гуфтаи ректори донишгоҳи номбурда Амид Комилбеков, айни замон 26 нафар донишҷӯи муассиса дар ҳифзи кишварамон сина сипар намуда, номи пуршарафи сарбозиро соҳиб гардидаанд ва рисолати фарзандии хешро адо менамоянд.
Б. АВАЗ,
“Омӯзгор”