НАҚШИ СОЗАНДАИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ КИШВАР

Истиқлоли давлатӣ ва ноил гардидан ба ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин арзишҳои милливу давлатӣ мебошанд, ки Тоҷикистон ба он соҳиб гардидааст. Дар бунёди давлати демокративу дунявӣ мақоми ҷавонон бағоят бузург аст, зеро дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати неруи пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта шудаанд.
Муҳимтарин хусусияти иҷтимоӣ, маънавӣ ва ахлоқии ҷавонон, меросбарӣ аз таъриху фарҳанг, таҷриба ва умуман, арзишҳои миллӣ мебошад. Ин аст, ки ҷавонон рамзи ҳастии миллат ва фардои он мебошанд.
Дар Тоҷикистон масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон пайваста дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Дар ин замина, соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ба тасвиб расид, ки санади мазкур заминаҳои ташкиливу ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавононро муҳайё намуд.
Сипас, дар марҳалаҳои баъдӣ як силсила санадҳои дахлдор, аз ҷумла, «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», аз 04.10.2011, №480, «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 03.06.2014, №228, «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 — 2026» аз 30.12.2022, №567, «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» аз 30.12.2022, №166 ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027», аз 29.12.2022, №629 қабул гардиданд, ки асосҳои ҳуқуқӣ ва самтҳои фаъолияти имрӯзу ояндаи ҷавононро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.
Таъсиси мақоми ваколатдор дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, таъсиси Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, таъсис додани стипендияҳо, аз ҷумла, стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон», таъсиси квотаҳои Президентӣ, ҷудо намудани грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон далели дастгирии ин қишри созанда ва ояндаи кишвар дар сатҳи милливу давлатӣ мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо атрофи мафҳумҳои «худшиносӣ», «худогоҳӣ» ва «ҳувияти миллӣ» озодона ибрози андеша намуда, комёбиҳои назаррасро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ба даст овардаанд, ки далели ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли созандаи кишварамон мебошад.
Дар замони бархӯрди манфиатҳо ва бартариҷӯии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, ҳифзи манфиат ва арзишҳои миллӣ, барои ҳама қишрҳои ҷомеа, алалхусус, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва ҷамъият мебошанд, аз ҳама муҳим арзёбӣ мегардад, чунки ҷумҳурӣ имрӯз дар марҳилаи ҳассос қарор дошта, ба таъмини амният, ҳифзи асосҳои истиқлол ва суботи комил бештар ниёз дорад.
Таъмини амнияти миллӣ имрӯзҳо муҳимтарин бахш дар раванди бунёди давлатдории миллӣ ҳисоб меёбад. Ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ ба амнияти ҷомеа алоқаманд мебошанд.
Тибқи таҳлилҳое, ки аз ҷониби мутахассисони соҳа дар мақомоти корҳои дохилӣ анҷом дода шудаанд, аз доираи шахсони воридгардида ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ зиёда аз 10% дорои маълумоти олӣ, 13-15% — и онҳо маълумоти олии нопурра ва миёнаи махсус ва зиёда аз 78% онҳо маълумоти миёнаи умумии нопурра мебошанд. Вобаста ба синну соли шахсоне, ки ба гурӯҳои террористиву ифротгароӣ ворид гаштаву дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи давлатҳои Сурия ва Ироқ ширкат варзидаанд, метавон зикр намуд, ки зиёда аз 87% -и онҳоро ҷавонони аз 18-то 35 — сола ташкил медиҳанд.
Омили динӣ низ дар раванди ҷалб гардидани бархе ҷавонон ба доираи фиреби чунин гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ хеле васеъ ва манфиатҷӯёна истифода мегардад.
Яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар ин ҷода, дар зеҳни ҷавонон ҷо намудани ақидаҳои пучу беасос, сӯистифода аз арзишҳои динӣ, ки минбаъд таассуби диниро ба вуҷуд меоранд, ба шумор меравад.
Вобаста ба масъалаи ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонон ва иштироки онҳо дар ҳодисаҳои номатлуби ҷомеа, метавон зикр намуд, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон, махсусан, наврасону ҷавонон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.
Ҳамзамон, сабабҳои дигари гаравидани ҷавонон ба созмонҳои экстремистӣ-террористӣ, шиносоӣ ба ғояҳои гурӯҳҳои мазкур ва фарҳанги пасти истифодаи интернет ба ҳисоб меравад.
Тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани иддае аз ҷавонон, тақлидкорӣ, рафтору гуфторе, ки ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонанд, ба ҳисоб меравад.
Дар муқобили терроризм ва ифротгароӣ мо аз ватандӯстӣ қувваи беҳтареро дида наметавонем, чунки маҳз тақвияти ҳисси ватандӯстӣ метавонад дар замири шаҳрвандон қобилияти ҳарчи бештари тафаккури оштинопазирро бар зидди бегонапарастиву даҳшатафканӣ ба вуҷуд оварад.
Вобаста ба ин, дар моддаи 43, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати тақвияти ҳимоя ва ҳифзи Ватан, арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои давлату ҷомеа муқаррарот пешбинӣ гардидааст.
Маҳз таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии сиёсии кишвар аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, дар ин самт як қатор санадҳои қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамои давлатӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки 24 декабри соли 2022 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонидаанд, тасдиқи гуфтаҳои боло мебошанд. Қонуни мазкур барои тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хидмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ ва ҷаҳду талошҳо баҳри фардои боз ҳам ободу дурахшони кишвар ва некуаҳволии рӯзафзуни халқ таҳия ва қабул гардидааст, ки дар таҷрибаи давлатдории кишварҳои собиқ Шуравӣ як қадами нахустин ва дорои таҷрибаи хос мебошад.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо ҷавонони кишвар дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст. Ин аст, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва бунёдкори ҷомеа, бо ифтихор аз меҳани хеш дар ҳама чорабиниҳои фарҳангӣ ва сиёсии вазорат фаъолона ширкат меварзанд.
Файзалӣ ШАРИФЗОДА,
сардори Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент