ҲАСТИИ МО, ШАРАФИ МО МЕҲАН АСТ

Тарбияи хештаншиносӣ ва ватандӯстии насли наврас ҳамеша яке аз вазифаҳои муҳимми мактаби муосир будаву ҳаст, зеро дар вуҷуди хонандагон ҳисси волотарин муҳаббат ба Ватан мебошад. Дар онҳо бояд ҳисси ифтихор аз Ватан ва эҳтиром ба ҳамдиёронро пайваста инкишоф дод. Бояд дар назар дошт, ки дар давраи томактабӣ ҳеҷ сифати ахлоқӣ мукаммал ташаккул намеёбад. Барои сифатҳои инсондӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ… танҳо замина гузошта мешавад.
Ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва волоияти қонун дар мамлакати мо бештар ба сатҳи маърифати шаҳрвандӣ ва тарбияи ватандӯстӣ вобаста аст. Ватандӯстӣ арзишест, ки натанҳо ҷанбаҳои иҷтимоӣ, балки руҳонӣ, идеологӣ, фарҳангӣ, таърихӣ, низоми ватандӯстиро фаро мегирад.
Ватандӯстии ҳақиқӣ моҳиятан гуманистӣ буда, эҳтиром ба дигар халқҳо ва кишварҳо, расму анъанаҳои миллии онҳоро дар бар мегирад ва бо фарҳанги муносибатҳои байни миллатҳо робитаи ногусастанӣ дорад. Мафҳуми ватандӯстӣ анъанаи амиқи назарӣ дорад, ки аз замонҳои қадим оғоз шудааст. Донишманди аҳди бостон Афлотун чунин ақида дошт: “Ватан аз меҳри падар ва модар азизтар аст”. Дар навиштаҳои мутафаккирони барҷаста, мисли Макиавелли, Ж.Ж. Руссо, Фихте муҳаббат ба Ватан ҳамчун арзиши олӣ муаррифӣ мешавад.
Ватандӯстӣ яке аз муҳимтарин арзишҳои инсонию маънавӣ буда, нақши ҳар шахсро дар татбиқи фаъолонаи ободонию бунёдкорӣ дар Ватан нишон медиҳад. Педагоги маъруф К.Д.Ушинский бовар дошт, ки ватандӯстӣ на танҳо вазифаи муҳимми тарбия, балки воситаи пуриқтидори ташаккули шахсият аст: “Муҳаббат ба ватан ва арҷгузории арзишҳои олии он калиди комёбиҳост”.
Ватандӯстии ҳақиқӣ моҳияти гуманистӣ дошта, эҳтиром ба дигар халқҳо ва кишварҳо, расму анъанаҳои миллии онҳоро низ дар бар мегирад. Аз ин лиҳоз, хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ бо фарҳанги муносибатҳои ҳамидаи миллатҳо алоқаманд мебошад.
Ватандӯстӣ эътибор ба таъриху фарҳанг ва пояҳои маънавию ахлоқии миллатро ташаккул медиҳад, мавқеи шаҳрвандии шахсро вусъат мебахшад.
Ватан сар мешавад аз гоҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Ватан беҳбудию беҳрӯзии мост.
Ватан хушномию фирӯзии мост.

Гулбаҳор РАҲИМОВА,
омӯзгори кафедраи педагогика ва психологияи коллеҷи омӯзгории ба номи Х.Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ