АЗ СУМКА ТО ФЛЕШКА…

(Барои ҷавононе, ки мехонанд)
СОЛҲОИ БЕҒАМӢ
Даврони кӯдакии мо ба даҳ сол қабл аз пошхӯрии давлати Шуравӣ рост меомад.
Солҳое, ки ба қавли бибии раҳматиям, Брежнуф подшоҳ буд, солҳои беғамӣ ва сериву пурии Шуравӣ ба ҳисоб мерафт.
Ба ҳар сурат, шодмону хурсанд ба сӯи мактаб мешитофтем. Падарам мошини шахсӣ надошт ва аҷаб рӯзгоре буд, ки намедонистем сарвату боигарӣ чист? Касе молу гови бисёр дошт, ӯро бой мегуфтем. Падарам солҳо аз пайи касби омӯзгорӣ рӯзгори моро пеш мебурд. Ёд дорам, ки 100-160 сӯм маош мегирифт. Солҳо пасандоз мекарданд, аммо ин маблағ барои харидани як мошини «Москвич» ҳам кифоят намекард. Шукр, ҳозир болои сари моянд ва заҳмати он солҳоро ба ёд меоранду кам-кам ханда ҳам мекунанд.
БӮИ СУМКА
Соли 1981 шашсола будам. Дар синфи як не, дар синфи «нолавой» мехондем. Аранг-аранге хотироти он солҳо дар хаёл рӯ мезанад.
Аввалин бор ба мактаб рафтан барои хеле хурсандиовар буд. Омодагӣ доштем, бо ҳамсолон омодагии якдигарро таъриф мекардем ва рӯзи аввали дарс садои занги аввал моро ба синфхонаҳо тақсим мекард. Як тафовутро дар омодагиҳои ин давраву он давра мебинам. Мо-наврасону мактабхонҳо ба ҳамдигар на сару либосу пойафзор, балки сумкаҳои худро нишон медодему таъриф мекардем…
Ҳангоми кушодану маҳкам кардани сумка бӯи хуше аз дохили он зуд ба димоғ мерасид. Сумкаро мекушодаму китобҳоро дар синф рӯи миз мебаровардам, дурустараш, дафтару китоби дарсии фанни дахлдорро. Сумкаи он солҳо борхалтамонанд набуд. Чоркунҷа буд. Як киса дар паҳлуяш дошт. «Замок» надошт ва дохили он аксар аз як ё ду қисмати сарҳаддор иборат буд.
Сумка дороиву сарвати мактабхони он солҳо буд. Чанд давраи сумкадории даврони наврасиям фаромӯш намешавад. То синфи ҳафтум падарам ба ман сумка мехарид. Баъд навбати додаракону хоҳарон ки шуд, вазъ дигар гашт… Вақте мегуфтам, ки ба ман сумка харида диҳед, мегуфт:
– Эээ, бачам. Мо дар деҳаи ҳамсоя мехондем. Дар як рӯмолча дар зимистону сардиҳо китобҳоямонро баста мактаб мерафтем. Мактаб ба хонаамон наздик, 200-300 қадам. Дар як халта ҳам дафтару китобҳоро гирифта баред, мешавад.
Имрӯз мефаҳмам, ки чунин таъкиди падар як усули тарбия будааст. Бо ин таъкид дар ботини мо омодагиҳо бо мушкилоту пастию баландиҳои зиндагӣ ҳамчун замина ба вуҷуд меоваданд. Хоксор будану мутакаббир ба воя нарасидани фарзандонро мехостаанд. Ҳарчанд имкони сумка харидан ҳам доштанд.
Дигаронро намедонам, аммо фикр мекунам, ки сумкаҳои он солҳо як бӯи аҷиб доштанд, бӯи дермантин не, балки бӯи омехтаи китобу дафтару дигар майда — чуйдаҳои дохили сумка. Баъзе ҳамсинфонам аз деҳаи ҳамсоя ба дарс меомаданд. Дар сумкаҳо нону себу дигар хӯрданиҳои хушкро меоварданд. Бисёр мехостам, ки аз нону себи онҳо хӯрда бошам…
ТУҲФА
Падарам аз писари аммаам, ки чанд сол аз ман калон буд, як сумка овард. Онҳо дар Орҷоникидзеобод (имрӯза шаҳри Ваҳдат) зиндагӣ доштанд ва ба пойтахт наздиктар буданд, яъне онҳо нисбат ба мо –кӯҳистониҳо бафарҳангтар буданд. Сумка се қисмат дошт. Дар деҳа нав ё куҳна аз ин навъ сумка касе надошт. Бо ҳавас қариб ду сол ин сумкаро истифода кардам. Аҷаб сумкае буд, ки банд надошт. Хайрият, дар заводи истеҳсолшуда ба он ҷои дастгирӣ монда будаанд. Аммо сумка бароям маъқул буд. То даҳ китоб ва чанд дафтарро дар он ҷо кардан имкон дошт. Азбаски сумка калону барҷаста буд, дар он пинҳонӣ аз падар рӯзҳои дарси тарбияи ҷисмонӣ тӯби резиниро ҷо мекардам. Албатта, ҳавои тӯбро мебаровардам ва дар синф онро аз нав бо ҳамсинфон дам мекардему сӯйи майдон метохтем. Дигар ҳамсинфон низ ин гуна тӯби резинӣ доштанд, ки пинҳонӣ ба мактаб меоварданд.
ДИПЛОМАТ
Солҳои таҳсил дар мактаби миёна гоҳ-гоҳе муаллимон ва ҳайати комиссияҳо аз шуъбаҳои маорифи ноҳия аз мо дар бораи касби оянда мепурсиданд. Бо ҳавас ҳар кас ҳар чиз мегуфт: кайҳоннавард, лётчик, духтур ва ғайра. Намедонам, чӣ иттифоқе буд, ки ман ҷавоб медодам:
– Ҳо, дар телевизион гап мезанад — ку…
Чун он солҳо садои мутантани наттоқони ахборро мешунидам, ҳавас мекардам, ки монанди онҳо шавам. Баъдтар фаҳмидам, ки касби интихобкардаи ман журналистӣ мебошад. Ростӣ, журналистро дар он солҳо шахсе медонистам, ки доимо дар сафари кишварҳои хориҷист…
Аз синфи ҳаштум ва нуҳум касби худро нисбатан мушаххас карда будам — шарқшинос ё журналист!
Амакам – Саъдӣ дар факултети шарқшиносӣ таҳсил мекард. Соли 1986 факултети мазкурро хатм карда, ба сифати тарҷумон ба Бағдоди Ироқ рафт.
Ҳай обрӯ дошт шарқшинос! Медонед, барои чӣ? Чун аз сафар меомаданд, мошини «Волга» мегирифтанд, ки ҳар кас ба ин имкон надошт. Баъди сафари хидматӣ ба Ироқ дипломати донишҷӯияш дар хонаи бибиям монд. Ёдам ҳаст, ки бо ҳавас ба ҷавонони дипломатбадасти он солҳо менигаристем. Рӯзе падарам аз хонаи модараш ин дипломатро дар дасташ алвонҷ дода хона овард. Он қадар ифтихор доштам, ки беҳудуд. Китобу дафтарҳо дар дохили он ботартиб ҷо мегирифтанд. Ҳатто дар халтачаи махсуси он пулҳои коғазии яксӯмаро пинҳон мекардам, ки касе намеёфт.
Шавқи маро ин дипломат барои ба донишгоҳ рафтан ҳар лаҳза меафзуд. Дар дохилаш, дар рӯи чарми хокистарранг бо хати зебои кабуд — «УДТ ба номи В.И.Ленин, факултети шарқшиносӣ» навишта шуда буд. Агар хато накунам, дар мактабамон ду нафар ҳамин гуна дипломат доштем. Бо ин дипломат ду соли охир ба мактаб рафтам ва ин бо дипломат маро ба Душанбе гусел карданд.
ПАПКА
Солҳои навадум дипломат аз мӯд рафт. Ҷои онро папка гирифт. Ба ҳар ҳол, папка чанд сол қариб дар як шакл буд. Дар он китоби бисёр ҷо намегирифт. Як ё ду китобу дафтар кофӣ буд, ки он пур шавад. Папка ба солҳое рост омад, ки бесарусомониҳо дар кишвар зиёд буданд. Барои аксар донишҷӯён оҳиста- оҳиста гирифтани як дафтар мӯд гашт. Мавқеи папка низ танг гардид ва ҷои онро борхалтасумкаҳо гирифтанд. Халтасалафанҳо (масалан, Айген ё дигар салафанҳое, ки суратҳои зебо доштанд) низ як давра серистифода шуданд.
СУМКАИ НОУТБУК
Сумка чанд сол қабл аз нав зинда гашт. Фақат навъҳои он зиёд шуданду бештар вазифаи дар худ ҷо кардани ноутбукро доштанд. Соли 2005 ба Япония рафта будам. Ҳайати гурӯҳи мо ҳамагӣ кӯшиш мекардем, ки аз он ҷо ноутбук дастовез орем. Якто ман ҳам овардам Хато нашавад, дар факултет дувумин касе будам, ки ин навъи компютер доштам. Чанд рӯз Душанберо гашта, як сумкаи муносиб барои ноутбук ёфтам. Ду-се сол ба ҷои китобу дафтар сумкаи ноутбук дар даст ба дарс мерафтам. Дар шаҳр аксари ин ноутбукҳо дар китф мегаштанд ва ифтихор мекарданд, ки ноутбук доранд. Ин ҳолат монанди солҳои ҳаштодуми асри гузашта буд, ки ҷавонон магнитофони «Романтика» дар даст дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе мегаштанд. Ноутбук дар ҷомеа зиёд шуд ва он имрӯз як чизи муқаррарӣ шудааст.
ФЛЕШКА
Солҳои 2005 -2006 як филмро дида будам, ки «Флешка» ном дошт. Аз он филм фаҳмида будам, ки флешка чист? Ростӣ, дар он солҳо флешка чизи нав буд. Бисёриҳо шояд онро мефаҳмиданд, аммо кори мо бо коғазу қалам вобастагӣ дошт. Аз ёдам намеравад, ки рисолаи номзадиямро соли 2004 Малика ном лаборанти донишгоҳ ҳуруфчинӣ карда буд. Худам дар компютер кор карда наметавонистам. Флешка доштан низ мӯд гардид ва аз ёдам намеравад, ки як ҳамкори равоншодамон дар кисаҳояш як ҳамел флешка дошт. Оҳиста — оҳиста бо компютер ман низ унс гирифтам. Акнун ба даст ҳам сумка, ҳам дипломат ва ҳам папка гирифтан бароям як амали зиёдатӣ ба шумор меравад. Дар компютер ҳуруфчинӣ менамоям, онро дар флешка гирифта ба ҷои кор меравам.
ТЕЛЕФОН
Зиндагиро хеле аҷибу хандаовар кард ин телефон. Ҷои ҳама чизро гирифта истодааст. Ҳама корро имрӯз иҷро мекунад. Лексияҳо, тестҳо, китобҳо, ҳуҷҷатҳо ва умуман, ҳама чизро дар худ гунҷонидааст.
Ба истгоҳ менигарам. Агар чор ҷавон нишаста бошанд, ҳатман ҳама ё бо телефон гап мезананд, ё чизеро аз он мехонанд, мебинанд ва мешунаванд. Дар дохили автобус ҳама «боодобона» ба телефони худ менигаранд. Касе ба касе кор надорад. Аз худ мепурсам, ки агар, масалан, матнеро мехонда бошанд, он чӣ матн бошад?
ХУЛОСА
Ҳама чиз моли таърих шуда истодааст. Оҳиста-оҳиста ҳатто ба даст гирифтани сумкаву папка як навъ хиҷолатангез шуда истодааст. Ҳатто журналистоне, ки дар даст сумкаҳои калон доштанд, имрӯз даст дар киса мегарданд. Диктофону камераву дафтари сабташон ҳамин телефони ҳамроҳ шуд ва шояд ин хуб бошад.
Маълум, ки насли куҳансол папкаро бештар истифода мекунанд.
Зиёиён ва донишҷӯву муҳаққиқон, то маҷбур нашаванд, онро ба даст намегиранд. Дарс, маърӯза, нутқу суханрониҳо ҳама чиз «презентатсия» шуда истодааст. Ба ҷои ин ҳама як флешка ё телефони ҳамроҳ бошад, кофист. Чанд сол пеш дар дастам сумка дар кӯчаи маҳалла мерафтам. Марде боодобона салом доду гуфт:
– Ака, шумо ай фалон… идораед?
– Не, – гуфтам ман.
Қаноат накарда, чанд идораи дигарро ном гирифту боз пурсид.
– Не, – андаке бошиддат ҷавоб додам.
– Чаро мепурсед? Ман муаллимам. – гуфтам ба ӯ.
– Ҳааа… – Оқибат қаноатманд шуд ҳамсуҳбатам. Аз он баъд кӯшиш мекунам, ки хеле кам сумка ба даст гирам…
Намедонем, ки баъди чанд даҳсолаи дигар чӣ ҷои чиро мегирад!
Бахтиёри ҚУТБИДДИН,
декани факултети журналистикаи ДМТ