БОҒИ ПАДАРУ МОДАР – ФАРЗАНДИ ХУШАХЛОҚ

Дар муассисаҳои таълимӣ дар баробари таълим тарбия низ дар мадди аввал қарор дошта, маҳз одобу ахлоқи неку ҳамида хонандаро ба пайроҳаи дуруст ҳидоят мекунад. Вале тарбия ба сифати унсури педагогию психологӣ худ аз худ ташаккулу такомул намеёбад, он ба якчанд омил иртиботи амиқ дорад. Мактабшиносону психологҳо роҳу шеваҳои муассиру ҳадафманди тарбияро дар тадқиқоти анҷомдодаи худ ба василаи таҷрибаю мушоҳидаҳои тӯлонӣ муайяну мушаххас намудаанд.
Мусаллам аст, ки тайи солҳои истиқлолӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани тарбияи насли наврас аз ҷониби Ҳукумат ва Давлат иқдомҳои зиёди судманде ба роҳ монда шуданд. Дар ин росто, роҳнамоию ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле ба маврид буда, бо дастури Сарвари давлат пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҳамовозию дастгирии мардуми ҷумҳурӣ аз он ва қабули қонуни мазкур воқеаи хурсандибахш ва омили беҳтару хубтар гардидани ҳисси масъулиятшиносии волидон гардид. Дар воқеъ, омӯзиши ҳамаҷонибаи қонуни номбурда аз ҷониби аҳли ҷомеа, хусусан, омӯзгорон ва падару модарон дар самти татбиқи бобҳову моддаи ин санади муҳим дар тарбияи насли наврас такони бузург бахшид. Аз ҷумла, дар боби «Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дар моддаи 7 зикр шудааст:
– дар раванди таълиму тарбия, аз ҷумла, назорати сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии фарзанд дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок ва мусоидат намоянд:
– Ба мақомоти дахлдор ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбияи фарзанд дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ бо пешниҳод муроҷиат кунанд;
Ин омилҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳуқуқи падару модар дар мушаххасу муайян намудани сатҳи донишандӯзӣ ва пешрафти фарзандон хеле васеъ буда, онҳо метавонанд дар ҳамкорӣ бо мактабу омӯзгорон дар беҳтар гардидани раванди таълиму тарбия дар муассисаи таълимӣ саҳм гузоранд, зеро вазифаи омӯзгор ба сифати шахси калидию меҳварӣ дар мактаб хеле бузург буда, сарнавишти ояндаи хонанда аз ӯ низ вобастагии зиёд дорад.
Аз ин хотир, волидон ҳақ доранд, на танҳо дар суҳбату вохӯриҳо ва ҷамъомадҳои синфию умумимактабӣ аз ҳолати дарсазхудкунию дониши фарзандашон огоҳ гарданд, балки метавонанд дар машғулиятҳои таълимии устодону омӯзгорон иштирок намуда, ба вазъи мазкур холисона баҳо диҳанд. Ҳамчунин, онҳо нисбат ба методу сабки таълимии омӯзгорони фаннӣ фикру мулоҳизаҳои худро ошкоро баён карда метавонанд. Робитаи падару модар бо омӯзгорон, ба вижа, роҳбари синф ва равоншиноси мактаб бояд дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад. Баъзан ҳолатҳое рӯй медиҳанд, ки ба ину он сабабу омилҳо роҳбари синф дар вақти зарурӣ ба хонаи волидони шогирдаш рафта наметавонад. Аксар вақтҳо калонсолон ба бепарвоию ба дарсҳо омода набудани хонандагон, дарсвайронкунӣ ва таваҷҷуҳи зарурӣ надодан ба омӯзгорону устодон хонанда (фарзанд)-ро гунаҳкор карда, ба қавле, «ба сараш чормағз мешикананд». Ҳол он ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падар дар тарбияи фарзанд» возеҳу равшан дар моддаи 8 зикр шудааст:
– барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит муҳайё намоянд;
– шаъну шарафи фарзандро эҳтиром намоянд ва ба муомилаи бераҳмона насбат ба ӯ роҳ надиҳанд;
Мутаассифона, бештари падару модарон бо иттилоъ ёфтан аз рафторҳои нохуби фарзанд ва ба дарсҳо бе тайёрӣ ҳозир шудани онҳо, бар ивази он ки сабабу омилҳои чунин ҳолатро ҷустуҷӯ намуда, тадбирҳои зарурӣ андешанд, баръакс, ба фарзанд муносибати хашин карда, ӯро дашному суханҳои носазо мегӯянд, ки ин амал ҳаргиз бахшиданӣ нест. Ҳуқуқҳои фарзанд дар «Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ равшану дақиқ нишон дода шудаанд. Аз ин рӯ, бо таҳаммул мебояд решаи ҳолати баамаломадаро ҷӯё шуду таҳқиқ намуд.
Борҳо таъкид шудааст, ки ба роҳ мондани тарбия дар иртибот бо осори безаволи ахлоқию ҳакимонаи шоирону нависандагон ва мутафаккирони гузаштаи форсу тоҷик дар бедории эҳсоси худогоҳию ҳувиятхоҳӣ ва меҳанпарварии насли наврас ва ҷавонон нақши шоиста ва мондагор мегузорад. Дар робита ба ин, масъалаи омӯзишу мутолиаи хонандагон ба ҷойи аввал мебарояд. Дар воқеъ, вобаста ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зери назорати пайваста қарор додани мутолиаи осори бадеӣ аз ҷониби фарзандон муҳим буда, дар ташаккули маънавии онҳо нақши бузург мегузорад. Дар замони мураккабу пуртазоди муосир тарбия моҳияти нав касб карда, ба волидон лозим меояд, ки баҳри аз ҳар гуна таблиғоти хатарноки ҳаракату гурӯҳҳои сиёсии тундраву ифротгаро ҳимоя намудани фарзандон, ки тавассути шабакаи интернет сурат мегирад, талошу кӯшиш намоянд, зеро сарнавишти ояндаи насли наврас аз ҳар ҷиҳат аз масъулияту дилсӯзии омӯзгорону устодон, падару модарон ва аҳли ҷомеа вобастагии амиқ дорад.
Озодамоҳ ХОЛОВА,
мутахассиси пешбари Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ – методии
Вазорати маориф ва илм