ҚУДРАТИ СУХАНИ АДИБ

Бидуни тардид, насри тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон хеле рушд намуд ва дар ин фосилаи замонӣ силсилаи асарҳои пурмуҳтаво бо сабку шеваҳои навин ба миён омаданд, ки дар инъикоси масоили иҷтимоӣ, офариниши образҳои ҳамзамонон ва тарғиби ғояҳои ахлоқӣ нақши басазо доранд. Шодӣ Раҷабзод низ аз зумраи адибони насли нави адабиётамон буда, бо диди фарох ва андешаи созанда ба ин майдони ҳунар ворид шудааст. Ӯ бо ҷасорату шикебоӣ ва воқеъбинии хоси худ зиндагии мардумро дар раванди таҳаввулоту дигаргуниҳои замони муосир, дар лаҳзаҳои мураккабу пур аз тазоду низоъҳо ба риштаи тасвир кашида, ба эҷоди осори баландғоя муваффақ гардидааст. Адабиётшиноси маъруф, профессор Абдунабӣ Сатторзода ба ҳамин ваҷҳ дар пешгуфтори маҷмуаи аввалини Шодӣ Раҷабзод “Растагорӣ” (2016) ӯро “адиби маърифатпарвар ва ҳақиқатнигор” номида буд. Китоби мавриди назари мо – “Дасти боло” аз 21 ҳикоя фароҳам омадааст.
Шодӣ Раҷабзод дар навиштаҳояш бештар ба таҳқиқи масоили иҷтимоӣ ва рӯзгори мардум таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар офаридани симои афроди заҳматкашу дилсӯз маҳорати хосса зоҳир месозад ва ба амалу рафтори орӣ аз одамияту адолати ашхоси каҷназару бадгавҳар бетараф намебошанд. Қаҳрамонҳои ӯ дар ҳаёти воқеии имрӯз баҳри пешрафту ободии ҷомеа саъю талош ва кору амал мекунанд ва аксар комёб ҳам мешаванд. Қисмати аъзами ҳикояҳои нависанда маҳз ба бозтобу инъикоси бадеии мавзуъҳои зикршуда бахшида шудаанд. Шодӣ Раҷабзод дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ дар мактаби деҳот фаъолият дошт ва аз ҳамин боис аз иллатҳои сар задани ҷанги дохилӣ хуб огаҳӣ дорад ва оқибатҳои ногувору фоҷиабори онро ба зиндагии мардуми заҳматкаш, ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, хусусан, раванди таълиму тарбия бо чашми сар дидаву аз сӯҳони дил гузаронидааст.
Дар ҳамаи ҳикояҳои адиб мушкилоти иҷтимоии мардум ва нигоҳи некбинонаи қаҳрамонҳо дар ҷойи аввал қарор дорад. Қудрату тавонмандии сухани нависанда низ дар гиреҳкушоии бандҳои чигилу мураккаби мушкилоти мавҷуда, бозгӯи бетафовутии иддае аз масъулону мақомдорон ба иҷрои рисолати хеш, ки ҳароина аз таъсироти ҷанги шаҳрвандӣ маншаъ мегирад, равшан ҳувайдо мегардад.
Фалокату фоҷиаҳои нохуши ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳикояҳои Шодӣ Раҷабзод ба масобаи консепсияи бадеию фалсафӣ мақоми вижа доранд.
Даҳшату таъсири бардавоми ҷанг дар ҳикояи “Ранҷиш” ба таври ошкору диданӣ ба риштаи тасвир кашида шудааст. Нависанда аз азобу маҳрумиятҳои қаҳрамони худ ба сабаби ҷанги хонабарандоз бо сӯзу гудоз қисса мекунад. Дар ин ҳикоя мафҳуми “ранҷиш” моҳияти умумибашарию кайҳонӣ касб карда, танҳо бо фоҷиаву душвориҳои як шахс (қаҳрамони ҳикоя) ва кишвари алоҳидае маҳдуд намешавад. Ба пиндори мо, дар ҳикояи зикршуда тасвиру амиқрафти нигоҳи психологӣ бо истифода аз рамз ҷойгоҳи муҳимро ишғол кардааст. Боғе, ки дар сармои қаҳратун ниҳолони боровар ва дарахтони тановарашро қаҳрамони ҳикоя бурида, баҳри гарм кардани хонаи худ истифода мекунад, намои як кишвар аст. Ҳамзамон, қаҳрамони ҳикоя фарзандонашро ба сабаби бенавоию нодорӣ, ки низ аз таъсири ҷанг рух додааст, хононда, соҳибмаълумот гардонида наметавонад, ки ин бозтоби симои воқеии мардум дар он айём мебошад. Дар ҳар сурат, адиб бо тасвири ҳунармандона аз он ҳушдор медиҳад, ки ҷанг бо неруи аҳримании худ метавонад балоҳои гӯшношунидро ба сари бани башар орад, оламро хароб кунад ва кишварҳоро аз байн бубарад.
Чунонки гуфтем, мавзуи ҷанг чун хатти сурх аз байни тамоми ҳикояҳои Шодӣ Раҷабзод мегузарад ва нақши ин фоҷиаро дар ҳикояи “Ғамкушта”, ки яке аз ҳикояҳои беҳтарини чанд соли ахир дар адабиёти тоҷик ба шумор меравад, равшан мушоҳида карда метавонем. Дар ҳикояи мазкур нависанда даҳшату харобиҳои ҷангро аз нигоҳи як дарахти тут, ки шоҳиди кашмакашу низоъ ва даргириҳои хушунатбору кинатӯзонаи гурӯҳҳои ҷангталаби мусаллаҳ мегардад, бо маҳорат ва ҳунари нигорандагии комил таҷассум намудааст. Дар адабиёт, хусусан, осори насрии муосир бо роҳи ташхисонидан, аз нигоҳи мавҷудоти беҷон, рустанию наботот тасвиру нақл намудани ину он лавҳаву лаҳзаҳои зиндагӣ дар либоси бадеӣ амали нав нест. Вале дар ҳикояи “Ғамкушта” тути ҷавон дар тасвири психологию панорамавии нависанда ҳамчун мавҷуди зиндае падидор мегардад, ки кулли амалу кирдорҳои ғайриинсонии силоҳбадастонро на танҳо наззораву мушоҳида мекунад, балки чун инсон дар ҷисму ҷони худ эҳсос ва таҷриба менамояд.
Дар ҳикоя маҳорати тасвирии адиб такомулу таҳаввул ёфта, адиб бо рамзу киноя андешаҳои тутро, ки фоҷиаву фалокатҳои ҷангро таҳаммул менамояд, вале оқибат аз бетараҳҳумию фазилатношиносии иддае аз насли бани одам пайкараш тадриҷан хушк мегардад, ба манзилати фоҷиаи умумии инсонҳо қаламдод мекунад.
Шодӣ Раҷабзод нависандаи соҳибназар ва дорои ҷаҳонбинии фароху пешрафта мебошад, ки инро аз ҳар як ҳикояи ӯ пай бурдан мумкин аст. Таври мисол, дар ҳикояи “Ғазабкуш” сухан аз зиндагии сангину бечораҳолонаи марде меравад, ки бо шуруи ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози бесомониҳо бо қатъ гардидани фаъолияти корхона маҷбур мешавад, ки дар бозор ба аробакашӣ машғул шавад.
Аммо зиндагии мард бо аробакашӣ дар бозор ҳам одамвор пеш намеравад, аз ин рӯ, вай барои дарёфти ризқу рӯзӣ писари мактабхонашро ҳамроҳ мегираду писарак аз мактаб дур мемонад. Дар ин ҳикоя низ нависанда азобҳои ба сари аробакаш омадаро ба таври воқеӣ тасвир намуда, хулосаву натиҷагирӣ мекунад, ки гоҳо зиндагӣ бо мураккабию печидагиҳои худ инсонро водор месозад, ки аз баъзе қавоиди мавҷудаи дар ҷомеа ҳукмфармо сарфи назар намуда, баҳри дарёфти луқмаи нон дар баробари қонунҳои ҷорӣ хешро ба ҳар навъе ҳақ барорад. Яъне баъзан воқеият муқаддам аз қонун аст. Аз ҳамин хотир, ба сабаби аз мактаб дур мондани фарзандаш, директори мактаб пас аз чандин таъкиду огоҳию ҳушдордоданҳо маҷбур мешавад, ки бо корманди шуъбаи дохилӣ ба хонаи мард, падари Шамсуллои мактабхон ояд ва барои охирин бор ҳамсари ӯро огоҳ созад, ки барои ин амал шавҳараш ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Бояд хотиррасон кард, ки дар ҳикояи зикршуда симои зане офарида шудааст, ки бо вуҷуди азобҳои беҳисоби зиндагӣ иродатманду боматонат буда, пеши роҳи ҷанҷолу низоъеро, ки бо гуноҳи шавҳараш рух диҳад, мегирад. Дурандешиву сабурӣ, аз вазъи бади мавҷуда хулосаи зарурӣ баровардан ва ба гуноҳи худ иқрор шудани қаҳрамон дарунмояи ҳикояи фавқуззикрро ташкил медиҳад ва нависанда ба ин васила таъсири фалокатбору зиёновари ҷанги дохилиро хотиррасон ва таъкид мекунад. Ҳамин ғоя дар ҳикояи “Бозгашт” низ ба мушоҳида мерасад. Муаллими пешқадаму шинохтаи деҳа бо тақозои зиндагӣ — душвориҳои рӯзгор ва сари вақт пардохт нагардидани маош маҷбур мешавад, ки ба шаҳр омада, дар корхонаи шахсии хиштрезӣ ба ин кори сангину машаққатбор машғул шавад. Масоили ахлоқию иҷтимоиро дар мадди назар қарор дошта, нависанда аз забони қаҳрамонҳояш огоҳ кардан мехоҳад, ки одаму одамият, некию накукорӣ, қадршиносии инсонҳои шоиста ва обрӯю нуфуз ба василаи кори ҳалол аз хислатҳои бузурги инсонӣ буда, дар ҳама давру замон баёнгари камолоту булуғи одамист. Оҳангҳои зарофату мутоибаомез дар иддае аз ҳикояҳои Ш. Раҷабзод, ки ҷанбаи интиқодӣ доранд, боло гирифта, омилу сабабҳои сар задану реша давондани кирдору амалҳои номатлуб ва зуҳури равандҳои нохушоянду нигаронкунанда, ки ба пешрафти ҷомеа латма ворид мекунанд, аз ҷониби нависанда ошкор ва мазаммат карда мешавад.
Аз мутолиаи ҳикояи «Имтиҳони қисмат», ки ҷанбаи қавии психологию фалсафӣ дорад, сухан дар бораи сарнавишти мӯйсафеди солманде меравад, ки бо амри тақдир аз пойи равону забони гӯё маҳрум гардидааст. Вай, синнаш аз 80 гузаштаву бо вуҷуди соҳиби фарзандону наберагони зиёд будану дар як деҳи бузург, дар байни мардум умре ба кору заҳмат машғул будан, дар бистари беморӣ азоби руҳии танҳоӣ мекашад. Ҳол он ки мӯйсафед тамоми умр ронандагӣ карда, ба нафъи кишвару ҷомеа хидматҳои шоиста анҷом додааст. Бар асари зуҳури ҷанги бемаънии дохилӣ аз кору пешаи худ — ронандагию аз мошини «Камаз» ҷудо гардиданашро бо ҳасрату дард дар бистари беморӣ пеши назар оварда, мӯйсафед аз он ки қадру шарафи инсонияш дигар барои мақомоту амалдорон аҳамияте надорад, амиқан шигифтзада гардида, танҳо ба ҷавони ақлбохтае, ки ногаҳон ба ин хонадон роҳ ёфтаву бо ӯ унс пайдо мекунад, ниёзманд мешавад. Тасвири андешаҳои ботинӣ ва таҳлилу хулосабарориҳои мӯйсафед дар бораи қадру қимати Инсон, бетафовутию кӯтоҳназарии иддае аз атрофиён, бо ба амал омадани ҷанг ҳамчун фалокату ҳодисаи нангину шармандаовар ба гунаи оҷил, нохудогоҳ тағйир ёфтану дигар шудани одамон, бо ҳунару маҳорати баланди нигорандагӣ аз ҷониби нависанда анҷом дода шудааст. Лаҳзаҳои ба дидори ҳам мушарраф гардидани мӯйсафеди Исо ва Комрони ақлбохта дар ҳикоя басо пуробурангу муассир, бо забони балеғу шоирона инъикос ёфтааст:
«Комрон бо ваҷду руҳе барозанда ҳар рӯз, ҳамин ки хуршед аз гиребони уфуқ сар баровардаю оламро бо нурҳои тиллогуни хеш пурдурахшу музайян месохт, ҳамин ки олами кунду карахт бо бонги хурӯсону навои ҷонфизои парандагони дар интизори дамидани субҳ осемаю беқарор ба ҳаракату чархиш медаромад, ҳамин ки модараш аз ин писари ҳардамхаёлаш нигарону маъюсу малолатманд, чашмонаш мамлу аз андуҳи лобаёни талх пешаш дастархон мекушоду чою нону ширинию маска мегузошт, Комрон бо ба даҳон бурдани як пора нону як пиёла чойи ширин дарсоат роҳи хонаи мӯйсафеди беморро пеш мегирифт…
…Аз он ҷониб, мӯйсафед низ, ки ба ҳузури Комрон одат карда буд, бо дамидани субҳу фурӯзон гардидани чароғи офтоб ва равшан шудани Замину Осмон носабуронаву беқарор омадани Комронро интизорӣ мекашид. Ин интизории муйсафед он қадар дурдаи ширинӣ дар таҳти зарфи дилаш дошт, ки ғалаёну шӯру шавқеро дар хунаш бармеангехту дар мағзаш фикри абадияти Замину Осмон ва ин олами беохиру зиндагиро устувортару собиттар месохт. Нуре умедворкунанда бар кулбаи ҷонаш нуфуз мекард, меангошт, ки омили бақои умри ӯву ҳаёт бо аз дар даромадану сабуку нарм нишастани Комрони ҳардамхаёл иртибот дорад. Ва Комрон меомаду рӯзашро дар назди мӯйсафеди бемор ба шом мерасонду ғубору зангори аламу дардҳои ӯро аз синааш мезудуд» (саҳ 50-51).
Таъкид бояд кард, ки дар ҳамаи ҳикояҳои адиб ҷузъиётнигорӣ бо андешаҳои ҳакимонаи қаҳрамонон тавъам сурат гирифта, онҳо дар хусуси рухдодҳои зиндагӣ ба гунаи ҳатмӣ мулоҳизаву нуқтаи назари хешро баён мекунанд, ки анбошта аз мушоҳидаву бардошт ва таҷрибаи ҳаётияшон буда, дар ҳастаи худ ҷавҳари фалсафӣ ва диди вижаро дороянд, ки ҳароина, ибратомӯз ва ахлоқиянд. Ҳамин махсусияти образофарию услубӣ дар ҳикояҳои «Сарнавишти ду тан», «Интизорӣ», «Бародарам», «Ҷазо», «Дасти боло», «Гиряи пушаймонӣ», «Чорсӯ», «Ғамкушта» ва чанди дигар равшан ба чашм мерасад. Таври мисол, ҳикояи «Бародарам» бо сабки руҷуъ ё монологи психологӣ таълиф гардида, банду баст ва инкишофи воқеаҳо, ки аз зиддиятҳову мураккабиҳои ҳодисаву афроди алоҳида (асосан, камонбадастон ва намояндаи раёсати ҷамоати деҳот образи мусбат) таркиб ёфтааст, ғайриқолабию анъанавӣ буда, таҳкиягар ба сифати инсони покниҳоду соҳибназар аз рухдодҳои муҳлику вазнине, ки ба сари бародараш меояд, ҳикоят мекунад ва аз ривояти ӯ пеши назар инсоне ҷилвагар мешавад, ки ҷалолу шукӯҳ ва обрӯю нуфузи баланд дошта, дар масири ҳифзи манфиату ормонҳои мардуму иродату ҷасорати гӯшношуниде зоҳир намуда, дар ҷамъомаде, ки камонбадастон дар масҷид барпо мекунанд, дар муқобили пешниҳоду тасмимгириҳои онҳо андешаҳои волои худро баён карда, қатъан ба онҳо зид мебарояд, ки заминҳоро набояд ба зери дасти худ дароранд.
Як хусусияти сабки эҷодии нависанда, маҳорати ӯ дар офаридани лаҳзаҳову манзараҳои гуногуни зиндагӣ мебошад. Дар ҳикояи «Интизорӣ» чунин нигориш вусъат ёфта, Ш.Раҷабзод ба гунаи батамкин ва дар айни ҳол муназзам манзараи ба Русия, ба муҳоҷирати корӣ равон шудани қаҳрамонони ҳикояро, аз лаҳзаи ба қатора нишастану то шаҳри Маскав расидан ва дар истгоҳи роҳи оҳану толори интизорӣ ба дасти нозирони тартибот гирифтор шудани чанде аз онҳо, азоби гуруснагию ташнагӣ, бепулӣ ва интизорӣ кашидани мусофирони тоҷикро то як поси шаб бағоят чирадастона ба риштаи тасвир кашидааст, ки аҳсанаш бод! Дар сарсухани китоби «Дасти боло» нависандаи баркамол, барандаи Ҷоизаи адабии ҷумҳуриявии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Юнус Юсуфӣ ҳамин омилро ба эътибор гирифта, зимнан, хотиррасон менамояд:
«…Комёб будани ӯ дар иншои ҳикояро ман дар парҳез аз тасвири беобуранги ҷараёни ҳодисот ва таваҷҷуҳ ба ботини инсону кӯшиши раҳ бурдан ба фарозу фурудҳои руҳиву равонии қаҳрамон дар пайванд ба рухдодҳо мебинам. Барои дастёбӣ ба ин мақсад ӯ қаҳрамонашро дар гирдоби пешафтодҳои душвору ногаҳонӣ меандозад ва дар ин фазову ҳаво ӯро ба мушоҳида мегирад, ниҳоду бунёдашро зерурӯ месозад ва фитрату сиришташро ба хонанда менамоёнад».
Дар ҳикояи «Интизорӣ» бархӯрдҳои ногаҳонию ғайримунтазира ончунон аз ҷониби адиб рӯйи коғаз меоянд, ки ба воқеию табиӣ ва ҳақиқатнигорона будани он ҳама заррае шакку тардид домангири хонанда намегардад. Дар ин эпизодҳо ҳақиқати зиндагӣ ба ҷойи аввал баромада, обурангу пардози бадеӣ ва тахайюл ин воқеаҳоро такмил мебахшанд.
Дар ҳикояи фавқ чунин аст вохӯрии билкул тасодуфии қаҳрамони он бо ҷавонзани рус, ки бо фарзандҳояш озими шаҳре аз шаҳрҳои Русия мебошад. Андешаҳои ҳакимонаву хирадгароёнаи қаҳрамон тору пуди ҳикояро фаро гирифтааст, ки тозаву ноб ва омӯзандаанд. Аз ҷумла:
«…Ин фазою муҳити батамом бегона аз дунёе мегуфт, ки дар он ба инсон ягон зарра сидқу раҳм гузошта намешуд, ҳама кору ҳама чиз ба пул баркашида мешуд, нафс дар ин қаламрав ҷамеи арзишҳои бузурги инсониро фурӯ бурдаву аз дил, ки махзани дӯстдорию шафқат аст ва руҳи инсонро нерую тавон мебахшад, комилан нишоне нест. Вақте инсон дили худро фаромӯш месозад, яқин мағзаш ба тоблуи холӣ ва ё дуҳули дар зери борон тару намкашида табдил меёбад. Он гоҳ на аз хонаи дил ва на аз ҳисори мағз садое зиндагисозу ишқгуна берун нахоҳад омад. Вуҷуди шахс ба хоросанг монанд мешавад. Муҳаббат маҳв мешавад, одам ба кирме, ки ғизояш гил аст ва ё мӯре нотавону заиф мубаддал мегардад…» (саҳ 66-67).
Дар дигар ҷойи ҳамин ҳикоя омадааст:
«Ишқ ҳаст, намемирад, то он даме ки диле бузург ва дар масири эътиқод собиту росихе дар рӯйи олам мавҷуд аст. Ишқро онҳое маҳв месозанд, ки дилро фаромӯш кардаанд. Ғизои ишқ дилу ғизои руҳ эътиқод аст. Илҳому ангезаи ин ҳар ду дар болост…» (саҳ 72)
Оҳангҳои фалсафӣ дар ҳикояҳои «Ҳасрат», «Гиряи пушаймонӣ», «Шаби сиву якум», «Тақдирҷунбон» низ қавӣ буда, аз марҳала ба марҳала ба офаридани олами мураккаби инсон ва баёни ғояи ҳакимонаю андарзбор рӯ овардани нависанда шаҳодат медиҳад. Як силсила навиштаҳои нависандаро ҳикоёти ҳаҷвӣ ташкил медиҳанд. Ҳаҷвияҳои «Кӯрнамакҳо», «Вов, муаллим», «Балогардон», «Диван» ва «Ҳай дареғ» ба танқиди амалдорону мазаммати хислатҳои тамаллуқу хушомадгӯйӣ, фиребгарию ришваситонӣ ва амсоли инҳо бахшида шудаанд. Мағзи ин ҳикоятҳоро танзу ҳаҷв ва зарофати нозук, вале дар айни замон ҳадафманди интиқодии масоили иҷтимоӣ фаро гирифта, нависанда образҳои хотирмон меофарад ва тасвирҳояш, ғолибан, муҷаз ва ҷаззобанд.
Дар маҷмуъ, китоби тозаи ҳикояҳои нависандаи соҳибистеъдод Шодӣ Раҷабзод «Дасти боло» дастоварди муҳим дар насри муосири тоҷик ба шумор рафта, ба дарёфти Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ арзанда мебошад.
Шодӣ ШОКИРЗОДА,
номзади илми филология