Таваллуди кӯдаки иллатдор волидайнро руҳафтода мегардонад. Онҳо аз ин сабаб ба кӯдаки худ кам таваҷҷуҳ мекунанд, дар ҳоле ки бояд бо чунин кӯдакон бештар муносибати наздик дошта бошанд. Аз ин хотир, онҳоро мебояд ҳамкории худро бо муассисаҳои таълимӣ зиёд намоянд.
Ба дунё омадани кӯдаки нобино дар оилае, ки волидайни нобино доранд, як ҳодисаи пешбинишаванда буда, бо дарки амиқ қабул карда мешавад. Ба дунё омадани кӯдаки нобино дар оилаи одамони солим вазъи равонии дигарро ба миён меорад. Волидон дар оянда чӣ гуна сару кор гирифтан бо кӯдаки нобиноро намедонанд.
Пешомади инкишофи равонии кӯдак ба онҳо равшан нест. Волидони кӯдаки нобино аксар вақтҳо худро дар назди тақдири кӯдак гунаҳкор ҳис мекунанд, ки ин ба ҳолати руҳии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Барои тарбияи кӯдак ба волидон вақти бештар лозим аст.Педагогҳо медонанд, ки кӯдаки нобино дар натиҷаи тарбияи дуруст метавонад ба сатҳи баланди инкишофи ҷисмонӣ ва маънавӣ бирасад. Ӯ касби ба қобилияташ мувофиқро азхуд карда, метавонад навозанда, сароянда, омӯзгор, олими машҳур шавад ва мавқеи худро дар ҷомеа пайдо намояд.
Махсусан, се соли аввали ҳаёти кӯдак муҳим аст, вақте ки волидон метавонанд ба рушди кӯдак таъсири ҳалкунанда расонанд. Яке аз муҳимтарин вазифаҳое, ки дар назди онҳо қарор дорад, муқовимат ба маҳрумияти эҳсосӣ (маҳрум кардани кӯдак аз иттилооти визуалӣ) мебошад.
Тарбияи кӯдаки нобино бояд аз хурдсолӣ бо меҳру муҳаббат, ҳассосият ва сабр сурат гирад. Барои инкишоф додани мустақилии кӯдак кӯшишу ғайрат бояд кард.
Оилаи солим оилаест, ки дар он муносибати шоиста нисбат ба кӯдак дида мешавад.
Аксар вақтҳо модар ва падар аз иллати кӯдаки худ шарм медоранд. Ин ҳодиса дар оила низоъ эҷод мекунад ва ҳатто метавонад боиси пошхӯрии хонадонҳо гардад.
Таълиму тарбияи кӯдаки нобино, ҷидду ҷаҳд барои ислоҳ ва ҷуброни нуқсони ҷисмониву равонии ӯ дар оила аз синни томактабӣ оғоз мегардад. Ҳар қадар корҳои ислоҳӣ барвақт оғоз гарданд, ба роҳ мондани корҳои муолиҷавию солимгардонӣ низ осон мегардад.
Муроҷиат ба духтури чашм, мураббӣ, равоншиноси махсус, тифлопедагог, тарбиятгар ва дигар мутахассисон метавонад ба волидайн дар фароҳам овардани фазои оилавӣ, ки ба инкишофи дурусти кӯдак мусоидат кунад.
Омӯзгор бояд ба оила тавсияҳо диҳад, ки бо кӯдак чӣ гуна корҳои ислоҳотӣ гузаронанд. Мусоидат ба рушди руҳии кӯдаки дорои нуқси биниш бояд аз моҳҳои аввали ҳаёти кӯдак оғоз шавад. Волидайнро лозим аст, ки бо кӯдак робитаи эмотсионалӣ барқарор ва ӯро дар ҳама ҳолат дастгирӣ кунанд. Математика шоҳи фанҳост ва барои ангезиши зеҳн, мустаҳкам намудани хотира, кунҷковӣ ва чолокии хонандагон ёрирасонест беминнат. Ин фан хонандаро барои омӯхтани донишҳои дигар ҳам тайёр мекунад. Омӯзиши боби муодилаҳо, ки аз синфи 2-юм сар мешавад, мавқеи ҳаракати кӯдакро тағйир додан, машқҳои ғайрифаъол бо пойҳо ва дастҳо кардан, диққати кӯдакро ба суруд ва мусиқӣ ҷалб кардан хеле судманд аст. Кӯдак оҳиста – оҳиста дигаронро аз овоз, қадам, ламс карданаш мешиносад.
Кӯдак бояд овози наздиконашро фарқ кунад, ритм ва оҳангҳоро такрор намояд. Бо ин роҳ фаъолияти равонии ӯро метавон ангезиш дод.
Дар тарбияи кӯдаки нобино инкишофи ҳисси фаъолияти ламс аҳамияти хоса дорад. Ба кӯдак лозим аст, ки чизҳои гуногунро ҳис ва номбар кунад ва дар бораи ҳадафи онҳо суҳбат намояд.
Маълум аст, ки нуқсонҳои намоёни визуалӣ ба инкишофи маҳорат ва қобилиятҳои ҳаракати нокифояи ихтиёрӣ ва дар маҷмуъ, қобилиятҳои ҳаракат халал мерасонанд, ки ин фаъолияти нокифояи ихтиёрии ҳаракат ва сустии умумии кӯдакро муайян мекунад.
Бозичаҳои овозӣ ба кӯдакони нобино муфиданд, инчунин, бозичаҳои дорои матн, ки бо ламс хуб дарк карда мешаванд. Кӯдаконе, ки нуқсони биноӣ доранд, дар рушди ақлӣ ва нутқ, тарбияи ҳаракат ва эҳсоси ангуштон ба дарсҳои махсус ниёз доранд. Бармаҳал инкишоф ёфтани нутқи кӯдаки дорои нуқсони биноӣ ба ӯ дар ташаккули қобилияти зеҳнӣ таъсири хуб мерасонад.
Бояд дар назар дошт, ки инкишофи фаъолияти бозӣ дар кӯдаки дорои нуқсони биноӣ ба ташаккули ҷисмонӣ ва фаъолияти равонӣ мусоидат мекунад.
Бисёр бачагони нобино ба мусиқӣ хеле ҳассосанд, ки ин хусусиятро дар рафти таълиму тарбия истифода бурдан лозим аст.
Дар синни томактабӣ кӯдак бо ташаккули ҳассосияти ангуштон барои омӯхтани хондан ва навиштан омода мешавад. Кӯдакони нобино бо ёрии системаи махсуси ҳуруфи нуқтадори алифбои Луи Брайл хондану навиштанро меомӯзанд.
Дар баробари ин, дар асоси такмили дарки нуқтаҳо тасвири ҳарфҳо ва калимаҳо ба вуҷуд меояд. Ҳар як ҳарфи алифбо бо омезиши гуногуни шаш нуқта ифода карда мешавад.
Воситаҳои гуногуни техникии нав мавҷуданд, ки ба мутобиқ шудани нобиноён ба муҳит мусоидат мекунад.
Мутахассисон – тифлопедагогҳо барои кӯдакони нобино асбобҳои заруриро интихоб мекунанд.
Инкишофи мутобиқат ба муҳити атроф, созгор ба ҳаракати озодона, шиносоии кӯдакон бо олами беруна, васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мебошад.
Муҳиддин СУЛТОНОВ,
омӯзгори мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор,
Наргис СУЛТОНОВА,
омӯзгори муассисаи таълимии хусусии «Нури ирфон»