Аз соли таҳсили 2016-2017 татбиқи яке аз нақшаҳои муҳимми соҳаи маориф — ислоҳоти мундариҷа ва муҳтавои таълим дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сар шуд. Татбиқи тадбири мазкур давра ба давра ба роҳ монда мешавад. Дар соли таҳсили 2016-2017 татбиқи муносибати салоҳиятнок ба таълим дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ оғоз гардид. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти соҳаро вобаста ба таълими босалоҳият дар зинаҳои таҳсилоти дигар идома медиҳад.
Гузариш ба ин тарзи таълим тағйироти ҷиддиро дар низоми андӯхтани донишҳо тақозо дорад. Муносибати салоҳиятнок дар таълим талаб мекунад, ки сараввал салоҳиятҳои умумитаълимӣ муқаррар карда шаванд. Салоҳиятҳои умумифаннӣ ҷанбаҳои гуногуни тарбия ва рушди шахсии хонандаро фаро мегиранд.
Барои беҳтар намудани салоҳиятҳои хониши хонандагони синфҳои 1-4 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем” ҷорӣ гардид. Ҳамаи ин ташаббусҳо барои боз ҳам такмил додани низоми маориф ва дар маҷмуъ, барои иштироки фаъолонаи хонандагон дар ҳаёти ҷомеа дар оянда мусоидат менамоянд. Хониш дар ҳаёти ҳар як фард нақши муҳим дорад. Ифодаи “хонда метавонад” имрӯз маъниҳои зиёд касб кардааст. Ин ифода натанҳо хонда тавонистан, инчунин, фаҳмидани мазмуни асар, фикри асосӣ, таҳлили маводи хондашударо инъикос мекунад.
Маҳорати баланди хонишро доро шудан яке аз шартҳои асосии пешрафти кӯдакон дар таълим аст. Воқеияти замони муосир дар назди кӯдакон як қатор шартҳои мушкилро пеш гузоштааст. Ҳаҷми донишу маълумоти имрӯза дучанд афзуда бошад ҳам, суръати хониш, тавре ки чанд даҳсола пеш буд, боқӣ мондааст. Вазифаи омӯзгорони имрӯза аз он иборат аст, ки ҳар чӣ бештар кӯдаконро барои хониши босуръат ва роҳу усулҳои муосири таълим омода намоянд.
Табиист, ки гурӯҳе аз кӯдакон чандон хоҳиши хондан надоранд, зеро хониш раванди мушкил ва заҳматталаб аст. Ба зудӣ аз худ намудани малакаҳои хониш ба шавқу ҳаваси хонанда вобаста аст.
Мутаассифона, дар ҷоме-аи муосир нуфузи китоб ва хониш то дараҷае коҳиш ёфтааст. Имрӯз қариб ҳар як кӯдак имкони ба шабакаҳои интернет дохил шуданро дорад, вале онро аксар вақтҳо нодуруст истифода мебарад ва ин боиси дур шудани ӯ аз китоб мегардад.
Ҳадафҳои асосии омӯзиши лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем” ба боз ҳам беҳтар намудани малакаҳои хониши хонандагони синфҳои 1-4 равона гардидааст ва дар меҳвари он тақвияти паҳлуҳои гуногуни ташаккули малакаҳои хониш қарор дорад.
Шамъигул ЯҚУБОВА,
Майрам РАСУЛОВА,
омӯзгорони МТМУ №53,
шаҳри Кӯлоб
