АЗ ҲАМОВОЗӢ БА ПАЁМИ ПЕШВО ТО ИНЪИКОСИ МАСОИЛИ МЕТОДӢ

Тӯли чанд моҳи охир аз устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ номаҳои зиёде гирифтем, ки дар мавзуъҳои гуногун иншо шудаанд.
Дар меҳвари матолибу мақолаҳои омӯзгорон, асосан, масоили таълиму тарбия, роҳу усулҳои беҳтар гардондани сатҳу сифати машғулиятҳо ва таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба донишазхудкунии хонандагон, ҳамзамон, андешаҳои муаллифон дар хусуси ташаббусҳои байналмилалии Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мушкилоти норасоии об, ҳифзи пиряхҳо қарор дошта, зимнан, дар иддае аз навиштаҳо танқиду мазаммати аҳзобу ҳаракатҳои сиёсии тундгаро, афкори бепояи душманони миллат, ки дар хориҷи кишвар ба таблиғоти муғризонаю пуч машғуланд ва ғайра мавқеи муҳим дорад. Дар бораи аҳаммияти таърихию мондагори Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон (16 ноябри соли 1992) дар навиштаҳои омӯзгорони МТМУ №20-и ноҳияи Айнӣ Абдурашид Аловиддинов, МТМУ №13-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Эътибор Раҷабова, мактаби №102, шаҳри Душанбе С.Ғаффорзода, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Саидмоил Зарипов, дотсенти ҳамин донишгоҳ, муаллифи доимии мо Сафар Эркаев, омӯзгорони ДДҲБСТ Зебо Воҳидова ва Мухбирахон Шокирова, устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров М.Собиров, Шавкат Шарифов, Иброҳим Ҷабборзода, устодони ДДҲБСТ Марҳабо ва Дилрабо Қосимова мулоҳизаҳои ҷолиб ба мушоҳида мерасанд.
Кормандони нашрия то ҳадди имкон мақолаҳои пурмазмун ва ибратомӯзро, ки тозагие дар афкору пешниҳодоти муаллифон ба назар мерасид, дар саҳифаҳои ҳафтанома чоп намуд. Бархе аз номаҳо ҳамовозии омӯзгорону устодонро аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикос намуда, тавъам ба он андешаҳои муаллифонро дар хусуси сатҳу сифати таълиму тарбия ва масоили мухталифи маориф дар бар гирифтаанд. Ба ин қисм матолиби фиристодаи омӯзгори технологияи иттилоотии МТМУ №11-и шаҳри Кӯлоб Зубайдулло Раҳмонзода, узви ИЖТ Ҷаҳонгир Маҳкамов, устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ш.Шарифов ва И.Ҷабборзода, омӯзгор аз ноҳияи Файзобод Ҳокими Сафар, директори китобхонаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Баҳринисо Узбекова, устодони кафедраи фаъолияти бонки ДБССТ Н.Файзов ва Аҳмади Зоҳидҷон, ассистенти кафедраи «Идораи минтақавӣ ва география»-и ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҳотам Камолов, устоди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Шоҳин Туев мисол шуда метавонанд. Перомуни масъалаи обшавии рӯзафзуни пиряхҳо ва иқдоми ҷаҳонии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси эълон шудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряҳо» низ мақолаҳои фаровоне иншо гардидаанд, ки дастгирии устодону омӯзгоронро аз ин пешниҳодоти Сардори давлат ифода менамоянд.
Аз ҷумла, дар навиштаҳои дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ Шуҳрат Саидзода, номзади илми таърих, устоди ҳамин донишгоҳ А.Абдуқодиров, омӯзгорони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва рушди неруи инсонии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Т.Имомов, С.Абдуалиев, Таҳминаи Давлаталӣ (суроғааш номаълум), устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Сабурӣ Хайрулло Мирзозода, Сафар Эркаев, декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ М.Акмалова, аҳли омӯзгорони ДДҲБСТ, ассистент – коромӯзи кафедраи сиёсатшиносӣ (донишгоҳ маълум нест), Г.Азизова, мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ И.Солиев паҳлуҳои мухталифи масъалаи зикршуда бо мисолҳо ва далоилу арқоми мушаххас баррасӣ ва таҳлил шудаанд. Масоили гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла, дастовардҳои замони Истиқлол дар соҳаи маориф, саноатикунони босуръати мамлакат дар мақолаҳои мутахассиси пешбари бахши раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Муҳаммадтоҳир Искандарзода, омӯзгори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Фирӯза Абдуманонова, навиштае бо номи «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ дорад» (мутаассифона, муаллиф ва суроғааш мушаххас нест), омӯзгори ДДҲБСТ Марҳабо Қосимова, корманди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Баҳринисо Узбекова, мудири кафедраи «Методикаи таълими истеҳсолӣ ва фанҳои гуманитарӣ»-и коллеҷи муҳандисӣ – омӯзгории шаҳри Душанбе Саврибегим Гулмирзоева ва матлабе таҳти унвони «Оғози давлати навини тоҷикон» (муаллиф ва суроғааш номаълум) ва чанди дигар инъикос ёфтаанд.
Дар мавзуи сабку шеваҳои навини таълим, дар иртибот бо таҷрибаи зиёди андӯхта ва истифода аз сарчашмаю адабиёти иловагӣ устодону омӯзгорон мақолаҳои ҷолибе иншо ва ба идораи нашрия ирсол намудаанд. Таври мисол, матолиби устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шаҳноза Зарипова – «Фанни «Асосҳои фаъолияти эҷодии журналист». (Таҳлили интиқодии маводи ВАО)-дарси намунавии амалӣ», омӯзгорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Ш.Туев ва А.Саидов – «Математика – калиди омӯзишии илмҳои дақиқ», омӯзгорони МТМУ №8, ноҳияи Шаҳринав Фирӯза Асфияева – «Истифодаи зарбулмасалу мақолҳо дар дарси физика», МТМУ №42-и ноҳияи Фирдавсӣ – «Ҷалби наврасону ҷавонон ба илмҳои дақиқ», омӯзгори химияи литсейи №3, шаҳри Душанбе Азизбек Зумратов – «Истифодаи латифаҳо дар дарсҳои химия», мақолаи «Дар низоми кредитӣ самаранок истифода бурдани тестҳо» (афсӯс ки муаллиф ва суроға номаълум аст), омӯзгори МТМУ №20 (шаҳру ноҳияаш сабт нашудааст) – «Нақши таълиму тарбия дар ташаккули тафаккур ва шахсияти кӯдак», омӯзгори МТМУ №2-и ноҳияи Мастчоҳ З.Дилшод – «Истифодаи достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон» дар дарсҳои таърих, омӯзгорони коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе Саврибегим Қурбонова ва Файзулло Қурбонов – «Нақши таърихии «Овози тоҷик», литсейи инноватсионии «Душанбе» Исҳоқ Хонов – «Усулҳои фаъоли таълим ва ташаккули тафаккури техникии хонандагон зимни таълими математика», омӯзгорони коллеҷи омӯзгории ба номи Х.Махсумоваи ДДОТ ба номи С.Айнӣ Ситора Шодиева – «Ҷалолиддини Балхӣ – пайвандгари дилҳо ва тамаддунҳо, МТМУ №14-и ноҳияи Зафаробод Аюбҷон Азизов – «Роҳҳои беҳтар намудани ҳусни хати хонандагон аз фанни алифбо ва матни ниёгон», МТМУ №17-и ноҳияи Айнӣ Ибодулло Ҳидоятов – «Муаммоҳои риёзӣ», гимназияи иқтисодии шаҳри Душанбе Ш.Бобиева – «Сайре дар олами зиндаи дарс» (табиатшиносӣ), омӯзгори мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон Саодат Масаидова – «Устод Садриддин Айнӣ ва ҳувияти миллӣ», коллеҷи муҳандисӣ – техникии ноҳияи Нуробод Беҳрӯзҷон Сарбозов «Муҳтавои графикаи муосир», гимназияи №3, ноҳияи Деваштич Ибодулло Сафаров – «Ферментҳо» (кимиё), мактаби №14-и ноҳияи Варзоб Муҳсин Умаров – «Тақсимоти миллӣ: аз хиёнат то миллатситезӣ» ва ғайра ба истифодаи методикаи таълим дар машғулиятҳои фаннӣ бахшида шудаанд.
Ситоиши ҳамкорон ва нақл аз фаъолияти густардаи онҳо муҳтавои навиштаҳои дигари омӯзгоронро дар бар гирифтааст. Мақолаҳои Тӯтинисо Азизова (суроғааш номаълум), нафақахӯр, собиқадори соҳаи маориф Б.Маҳмадов, муаллимаи калони кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоӣ (муассисаи таълимӣ ва шаҳру ноҳияаш номушаххас), М.Мамадносирова, номзади илмҳои педагогика Б.Қаландарбекова, омӯзгор аз ноҳияи Қубодиён И.Сӯфиев, омӯзгори собиқадор Муҳаммадталаб Назруллоев, профессор Р.Шарифзода, омӯзгори мактаби №3-и ноҳияи Фирдавсӣ З.Сайдалиева, мактаби №93-и ноҳияи Сино Нурбибӣ Ярова, МТМУ №23-и шаҳри Панҷакент Парвиз Истамов ва ғайра бозгӯйи гуфтаҳои болоянд.
Андешаҳои муаллифон – омӯзгори коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров М.Собиров, омӯзгори МТМУ №15, шаҳри Душанбе Ф.Ғаффорзода, омӯзгорони МТМУ №40-и шаҳри Истаравшан Муъминҷон Ҷумъаев ва Меҳринисо Ҷумъаева, Г.Ҳасанова (суроғааш сабт нашудааст), устодони кафедраи математикаи олӣ ва амалии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (номаи дастҷамъӣ), омӯзгори МТМУ №15-и ноҳияи Айнӣ Убайдулло Соатов, дотсентони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Г.Раҳимова ва Т.Тӯхтаева, омӯзгор аз ноҳияи Айнӣ Фатҳиддин Баҳриддинов, дотсентони ДДҲБСТ Ш.Саидзода, С.Муртазоев, омӯзгор Ҷ.Маҳкамов, аз шаҳри Хуҷанд, устодони ДДҲБСТ О.Самадов. Ғ.Санавварова, М.Ҳасанов, омӯзгорони МТМУ №7 Ҳ.Сангинов, коллеҷи омӯзгории ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Абулқосим Раҳимов, Мубина Қаюмова, дотсенти ДДҲБСТ М.Асророва, сокини ноҳияи Кӯшониён Аловуддин Амирзода, Ҳ.Қурбонов, Д.Бобоҷонов, устодони ДДҲБСТ ва чанди дигар ба ҳамин мавзуъ бахшида шудаанд. Мо аз ин муаллифон, ки вақти худро дареғ надошта, андешаҳояшонро навишта, ба мо ирсол намудаанд, миннатдории хешро самимона баён месозем.
Вобаста ба мавзую масоили гуногун, ҳам методӣ, ҳам таҷлили ҷашнҳои таърихӣ, ҳам гиромидошти шоиру нависандагон ва мутафаккирони гузаштаи тоҷик ва муосир омӯзгори МТМУ №43-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Моҳира Зиёева, устоди ДДТТ С.Қурбонова, омӯзгори литсейи инноватсионии «Душанбе» М.Худойқулова, коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод Аминҷон Зарифӣ, омӯзгори МТМУ №24-и шаҳри Истаравшан Шерзод Комилов, МТМУ №95-и нохияи Сино Ҷаннатгул Ҳусейнова, МТМУ №90, ноҳияи Рӯдакӣ Файзигул Абдуллоева, МТМУ №68-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Сарвиноз Абдуллоева, мактаб – интернати №3, ноҳияи Сино Гуландом Шоикова, МТМУ №2, ноҳияи Айнӣ Меҳрубон Иноятова, омӯзгори МТМУ №10, шаҳри Душанбе Хиромон Тӯраева, МТМУ № 48, ноҳияи Шоҳмансур Нигина Талбакова, литсейи иқтисодии «Ҳилол»-и шаҳри Душанбе Г.Мардонова, устоди донишгоҳ (кадом донишгоҳ, сабт нашудааст) Меҳримоҳ Ватанзода, устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Шамил Назарзода, устоди донишгоҳ (суроға номаълум), Гурдофариди Рустам, намояндаи Созмони ҷавонони коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент Умар Ҷалолов, корманди Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб Саймуҳаммад Обидзода, сармутахассиси бахши табъу нашри коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе Зайнура Собирова, корманди нашриёти «Маориф» Нурӣ Муҳаммади Истам фикру мулоҳизаҳояшонро рӯйи коғаз овардаанд.
Маъмулан, беҳтарин намунаҳои эҷоди бадеии омӯзгорони шаҳру навоҳиро, ки ба нашрияи «Омӯзгор» мефиристанд, дар саҳифаи адабии «Гулистони сухан» ба табъ мерасонем. Аз чопи шеъргунаҳое, ки дар онҳо умумигӯӣ ва нақси вазн ба чашм мерасад, худдорӣ намудем. Шеърҳои Нуриддин Раҳмонов (суроғааш номаълум), омӯзгор аз ноҳияи Мастчоҳ Одина Баротӣ, аз МТМУ №25-и ноҳияи Айнӣ Маҳина Мерганзода, Асомиддин Сайёдӣ (бе суроға), донишҷӯи ДДОТ ба номи С.Айнӣ Фариза Мирзоева, аз ноҳияи Мастчоҳ Қудратшоҳи Одина, омӯзгори МТМУ №37-и ноҳияи Айнӣ Раҷабӣ Раҷабмуҳаммади Шодӣ, МТМУ №48-и шаҳри Душанбе Адолат Алимова, МТМУ №97-и шаҳри Ваҳдат Қудрати Раҳмат, МТМУ №43-и шаҳри Ваҳдат, омӯзгори МТМУ№26-и ноҳияи Рашт Мирзохӯҷа Ифторӣ, омӯзгор аз ноҳияи Зафаробод А.Зарифӣ ва ғайра аз ҳамин қабил навиштаҳо ба ҳисоб мераванд.
Дар хатми навиштаамон бори дигар аз устодону омӯзгорон самимона хоҳиш менамоем, ки ҳангоми иншои мақолаву матлаби хеш ҳатман (!) ному насаб ва суроғаи худро зикр созанд. Дигар ин ки, аз гуфтори умумию забонзад фосила бигиранд, саъй бар он намоянд, ки андешаи ҷолибу омӯзандаро ба хонандаи нашрия пешниҳод созанд. Ба ҳаҷми навиштаи хеш низ диққат диҳанд, зеро ба идора мақолаҳое ворид мегарданд, ки гоҳе аз 7 то 15 саҳифаи компютериро дар бар гирифтаанд.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»