Ҳафтаи гузашта гурӯҳҳои корӣ бо роҳбарии вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода вазъи соҳаи маорифро дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор доданд. Гурӯҳҳо ба вазъи соҳа, аз ҷумла, ба масъалаҳое чун вазъи заминаи моддиву техникии муассисаҳои маориф, таъминот бо китоби дарсӣ ва ашёи таълим, ҳуҷҷатгузорию ҳуҷҷатнигорӣ, раванди иҷрои барномаҳои соҳавӣ, пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ, ҳолати кабинетҳои фаннӣ, ҷараёни назорати дохилимактабӣ, сифати дониш ва сатҳи аз худ кардани барномаҳои таълимӣ ва меъёри баҳогузорӣ бештар таваҷҷуҳ намуданд.
Вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳҳои корӣ 12-уми майи соли равон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи мушовараи сайёри Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ баргузор гашт, ки дар он муовини вазири маориф ва илми мамлакат Зиёдулло Абдулзода, сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Наврӯз Мирзозода, сардори Саррёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Абдулназар Абдулна-зарзода, сардори раёсати сохтмон Дилшод Сафарзода, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Шарофиддин Асомиддинзода, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми ҷумҳурӣ Зулҳия Нозакзода иштирок намуданд. Ба мушовара муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо – сарпарастони соҳаи маориф, сардори раёсати маорифи вилоят, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, директорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ даъват гардида буданд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҷаласаи мушовараро ифтитоҳ бахшид. Зимни таҳлили вазъи соҳаи маорифи шаҳри Хоруғ аён гашт, ки фаъолияти муассисаҳои томактабии шаҳр дар умум хуб буда, заминаи моддиву таълимии онҳо бад нест, таҷҳизоти зарурӣ мавҷуд буда, аксари биноҳои муассисаҳои томактабӣ ба талабот ҷавобгӯянд. Таъкид гардид, ки муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ бо кадрҳо таъминанд. Боиси хурсандист, ки дар муассисаҳои таълимӣ риояи либоси ягонаи мактабӣ дар сатҳи хуб буд. Хонандагон дар машғулиятҳо фаъол буда, ба дарсҳо бо тайёрии хуб ҳозир мешаванд.
Ҳангоми санҷиш норасоиҳо низ ба мушоҳида расиданд, ки яке аз онҳо марбут ба такмили ихтисоси омӯзгорон аст. Аз ин лиҳоз, нақша танҳо 74% иҷро гардидааст. Норасоии дигар ин аст, ки хонандагон ба таҳсилоти иловагӣ кам фаро гирифта шудаанд (6,5%). Ин ҳол баёнгари он аст, ки марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилоят фаъолияти суст доранд. Натиҷаи ширкат дар олимпиадаҳову озмунҳо ба талабот ҷавобгӯ нест. Чунончи, дар соли 2023 аз 118 нафар иштирокдори олимпиада фақат 23 нафар ба ҷойи ифтихорӣ сазовор шудаанд, соли гузашта ҳамагӣ 7 нафар ҷой гирифта буданд. Ширкат дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” низ қаноатбахш нест. Дониши шифоҳии хонандагон беҳбудӣ мехоҳад, хонандагон ба забони давлатӣ озодона ва равон гап зада наметавонанд. Айб дар роҳбарони муассисаҳои томактабист, ки кӯдаконро дар вақташ ба таври зарурӣ забони давлатӣ ёд надодаанд.
Дар таълимгоҳҳо назорати дохилимактабӣ дуруст роҳандозӣ нагардидааст. Агар як директор ба ҷойи 70 соат фақат дар 14 соат, дигаре дар 8 дарси омӯзгорон ширкат карда бошад, оё натиҷаи хубро метавон чашмдор шуд?!
Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ масъулони шуъбаи маорифи шаҳр ва роҳбарони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумиро вазифадор намуд, ки норасоиҳои зикргардидаро дар муҳлати муқарраргардида бартараф созанд ва аз иҷрои дастуру супоришҳо ба Вазорати маориф ва илм гузориш манзур намоянд.
Мавсуф диққати ҳозиринро ба китобу китобхонӣ ҷалб намуда, изҳор кард, ки дар масъалаи ба мутолиаи осори бадеӣ бештар рӯ овардани насли наврас озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо дастури Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, таъсири судманд ва файзбахш расонд. Озмуни мазкур имкон фароҳам овард, ки хонандагони муассисаҳои таълимӣ амиқу ҷиддан ба мутолиа ва омӯзиши асарҳои адибони ҷаҳон ва муосир пардозанд. Волидони хонандагон ва калонсолон дар ин росто китобҳои адибонро аз дукону фурӯшгоҳҳо харид ва дастраси фарзандон намуда, дар баланд бардоштани завқи мутолиаи онҳо хидмати шоиста анҷом медиҳанд. Воқеан, ин озмун ба раванди муҳим дар масъалаи таблиғу тарғиби китобу китобхонӣ дар байни наврасону ҷавонон табдил ёфт, ки инро аз иштироки фаъолонаи довталабон дар номинатсияҳои гуногун мушоҳида кардан мумкин аст. Аммо иддае аз волидони хонандагон барои харидани китоби бадеӣ ва дастрас намудани он ба фарзандон бепарвоӣ ва бетафовутӣ зоҳир мекунанд. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳро дар тақвият бахшидани ин самти кор, ки ҷавҳари таълиму тарбияро ташкил медиҳад, бештар бояд кард.
Як дастури Вазорати маориф ва илм ба ҳифз кардани 400 калимаи серистеъмоли забонҳои русию англисӣ рабт дошт, вале таҳлилу омӯзиш равшан намуд, ки ин супориш дар сатҳи лозим ба иҷро намерасад. Ин бемасъулиятии мудирони шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои соҳаро бармало нишон медиҳад. Муовинони раисон – сарпарастони соҳа иҷрои дастурро назорат накардаанд. Ҳамчунин, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ эрод гирифт, ки ширкати хонандагони мактабҳои шаҳр дар озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” ташвишовару нигаронкунанда аст, чаро ки натиҷаҳо назаррас нестанд.
Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ муваззаф шуд, ки камбудҳоро дар муддати 6 моҳ бартараф созад.
Дар идомаи ҷаласа вазъи соҳа дар ноҳияи Рӯшон мавриди баррасӣ қарор ёфт. Роҳбари гурӯҳи корӣ иттилоъ дод, ки сифати таълиму тарбия, вазъи ҳуҷҷатгузориву ҳуҷҷатнигорӣ, таъминот бо китоб, ҳолати заминаи моддиву техникӣ, таъмиру азнавсозӣ ва дигар масъалаҳои дахлдор дар МТМУ № 4, 2, 9, 12, мактаб — интернати ҷумҳуриявӣ омӯхта шуд. Ба нақшаҳои кории мактабҳо масъалаҳои тарбиявӣ, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040) ворид нашудаанд. Сифати ҳуҷҷатгузорӣ хуб набуда, ба амалӣ намудани барномаҳои соҳавӣ диққати зарурӣ дода нашудааст.
Раиси мушовара дар робита ба норасоиҳои дар гузориш зикргардида андешаҳои худро изҳор намуд. Аз ҷумла, таъкид кард, ки иҷро нагардидани талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, хунукназарӣ дар кор бо барномаҳои соҳавӣ, аз рӯйи талабот роҳандозӣ нагардидани ҳуҷҷатгузорию ҳуҷҷатнигорӣ гувоҳи фаъолияти сусти шуъбаи маориф ва роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти томактабиву миёнаи умумӣ мебошад. Гурӯҳҳои корӣ аттестатсияи кормандони соҳаро анҷом доданд, натиҷа нигаронкунанда аст. Дар ҳолате ки касбияти худи кормандон зери суол бошад, аз фаъолияти муассисаҳои соҳаи маориф натиҷаи мусбатро набояд интизор шуд. Аз рӯйи қонунгузорӣ, ба омӯзгорон, бахусус, омӯзгорони ҷавон бояд замин ҷудо карда шавад, аммо, мутаассифона, вазъ ҳамоно тағйир наёфтааст. Фароҳам овардани шароити мусоид, таҳкими заминаи моддию техникӣ, таъмини муассисаҳои маориф вазифаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо мебошад, вале падидаи мусбат дар ин самт қариб ба назар намерасад.
Як норасоии ҷиддӣ вобаста ба сифати дониш ва аз худ кардани барномаҳои таълимӣ аст. Дар 5 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯшон дониши 684 хонандаро санҷидаанд ва сифати дониши онҳо 20,2%, донишандӯзӣ 48% — ро ташкил дод, ҳол он ки ин натиҷа аз рӯйи мониторинги мутахассисони шуъбаи маориф дар ду соли охир мутаносибан ба 50% (сифати дониш) ва 87% (донишандӯзӣ) баробар аст, яъне ин натиҷа воқеӣ нест. Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рӯшон супориш гирифт, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат камбудҳоро бартараф намояд.
Аз маълумоти гурӯҳи кории ноҳияи Роштқалъа муайян гардид, ки фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ нокифоя буда, ҳамагӣ ба 28,3% мерасад, дар мавриде ки 2706 кӯдак ниёзманди таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабиянд. Дар ноҳия 1 кӯдакистон фаъолият дошта, дар се гурӯҳ 60 кӯдакро фаро гирифтааст ва дар марказҳои инкишофи кӯдакон 705 нафар тарбия мегиранд. Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ аз фаъолияти мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Роштқалъа эрод гирифт, ки кор бо барномаи рушди соҳаи томактабӣ самаранок нест, иштирок дар олимпиадаҳо низ. Назорати дохилимактабӣ дар муассисаҳои таълимии мавриди санҷиш қарорёфта суст буда, роҳбарони муассисаҳо ба дарси омӯзгорон хеле кам иштирок кардаанд. Ба мудири шуъбаи ноҳия супорида шуд, ки камбудҳо зудтар ислоҳ карда шаванд.
Гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Мурғоб вазъи таълиму тарбияро дар 6 муассисаи таълимӣ ва 1 муассисаи томактабӣ омӯхтааст ва тибқи иттилои он, фарогирии кӯдакон ба 6 кӯдакистони ноҳия ҳамагӣ 7% аст. Иҷрои Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 дар 5 сол 4% — ро ташкил дода, аз 116 компютер 5 адад дастрас шудааст. Сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ ҷавобгӯи стандарти давлатӣ набуда, як сабаби паст будани сифати дониш норасоии китобҳои дарсӣ ба забони қирғизист.
Аз рӯйи мониторинги шуъбаи маорифи ноҳия сифати дониш ба 53% ва азхудкунӣ ба 100% баробар мебошад, вале санҷиши гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илм нишон дод, ки аслан сифати дониш 26,3% ва азхудкунӣ 63% аст. Раиси мушовара ба роҳбарони дахлдор дастур дод, ки масъалаи таъмини мактабҳои ин ноҳияи баландкӯҳро бо тамоми ашёи зарурӣ дар кӯтоҳтарин фурсат ҳаллу фасл намоянд.
Мувофиқи иттилои гурӯҳи корӣ, ҳолати таълиму тарбия ва дигар масъалаҳои алоқаманд дар 4 МТМУ ва 8 муассисаи томактабии ноҳияи Ишкошим мавриди таҳлил қарор дода шуд. Дар ноҳияи Ишкошим 82 омӯзгор, аз ҷумла, 13 омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, 8 омӯзгори математика, 14 омӯзгори физика ва омӯзгорон аз дигар фанҳо намерасанд. Натиҷаи иштирок дар олимпиадаю озмунҳо назаррас набуда, омодагӣ ба ин чорабиниҳо суст ҷараён мегирад. Шуъбаи маорифи ноҳияи Ишкошим ва роҳбарони сохторҳои маориф вазифадор шуданд, ки ба такмили сифати таълиму тарбия ҷиддан муносибат намуда, хонандагонро ба таҳсилоти иловагӣ бештар ҷалб кунанд.
Дар ноҳияи Шуғнон фаъолияти муассисаҳои томактабӣ нисбатан дуруст ва бонизом роҳандозӣ гардидааст. Тавре ки аз маълумотномаи гурӯҳи корӣ бармеояд, камбудҳо дар таълиму тарбия, таъмиру азнавсозии муассисаҳои маориф, таҳкими пояи моддиву техникӣ ҳастанд, аммо онҳоро метавон дар андак муддат ислоҳ кард. Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шуғнонро вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ муваззаф кард, ки аз камбудҳои дар маълумотнома омада хулоса барорад ва норасоиҳоро ҳар чи зудтар ислоҳ кунад.
Шароити омӯзиш дар ноҳияи Ванҷ нисбатан беҳтар аст, аммо ин ҷо низ камбудиҳо мавҷуданд. Сифати дониш 29% ва донишандӯзӣ 70% мебошад. Дар қиёс бо мониторинги шуъбаи маориф баҳогузории гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илм дар самти сифати дониш ду баробар паст аст. Яъне, шуъбаи маориф ба сифати дониши хонандагон баҳои воқеӣ надодааст. Аз худ кардани барномаҳои таълимӣ дар сатҳи паст қарор дошта, назорати дохилимактабӣ дуруст ба роҳ монда нашудааст. Дар ноҳия мактабҳое ҳастанд, ки солҳо боз таъмир надидаанду азнавсозӣ нашудаанд. Муҷаҳҳаз кардани кабинетҳои фаннӣ сол то сол кашол меёбад. Ба мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ, директорони мактабҳои ноҳия дастур дода шуд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудҳои мавҷуда саъю талош варзанд ва гузориши муфассал унвонии Вазорати маориф ва илм манзур намоянд.
Пас аз баррасии маълумотномаи ноҳияи Ванҷ вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ мактуберо қироат намуд, ки дар асоси он барои таҷҳизи кабинетҳои фаннии мактабҳои ВМКБ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 4 млн сомонӣ ҷудо кардааст. Иштирокдорони ҷаласа ин хабари хушро бо кафкӯбии бардавом истиқбол намуданд.
Пеш аз ҷамъбасти ҷаласаи мушовара муовини раиси ноҳияи Ишкошим Душанбе Назарзода, директори мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ Мавлуда Бойназарзода, директори МТМУ № 23, ноҳияи Шуғнон Шавкат Ғоибназаров ба вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода барои ташрифи нахустинаш ба вилоят арзи сипос намуда, миннатдории аҳли маорифро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳ-тарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхории пайвастаашон дар ҳаққи омӯзгорон иброз карданд ва ваъда доданд, ки барои пешбурди таълиму тарбия тамоми донишу малакаашонро корбаст хоҳанд намуд.
Зимни ҷамъбасти ҷаласаи мушовараи сайёри Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода зикр намуд, ки дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар кишвари орому осуда зиндагӣ дорем ва ба қадри ин неъмати бебаҳо бояд бирасем. Ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзуну падаронаи Сарвари кишвар мо бояд содиқонаву софдилона ба Ватан хидмат кунем. Вазифаи асосии ҳар яки мо ин аст, ки ҳар кори худро дар доираи чорчӯби қонун анҷом дода, волоияти қонунро аз ҳама чиз афзал донем.
Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ба раёсати маорифи вилоят дастур дод, ки рӯйхати 10 омӯзгори беҳтарини вилоятро ба дарёфти унвони “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 20 омӯзгори асилро ба гирифтани Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ манзур намояд. Аҳли толор пешниҳоди вазири маориф ва илмро бо кафкӯбӣ тарафдорӣ карданд. Ҳамчунин, ба муассисаҳои ниёздошта 400 мизу курсӣ чун туҳфа аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ тақдим гардид.
Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,
“Омӯзгор”,
ВМКБ
