ОМОДАГИҲО БА ФАРОҒАТИ ТОБИСТОНА

Пас аз ҷамъбасти соли хониш хонандагон ба таътили тобистонӣ мебароянд ва қисмате аз онҳо ба истироҳатгоҳҳои тобистонӣ ҷалб карда мешаванд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар соли 2023” аз 28 марти соли 2023, №126 реҷа ва низоми фаъолияти истироҳатгоҳҳо тасдиқ карда шуд. Муяссара Давлатзода, директори Маркази муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масъала чунин чунин гуфт:
– Ҳамасола ҷиҳати татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зикр намудед, фармоиши вазири маориф ва илми кишвар ба тасвиб мерасад. Истироҳатгоҳҳои солимгардонӣ аз ҷумлаи муассисаҳоеанд, ки фаъолияташон бевосита ба тарбияи ахлоқӣ, фаъолияти эҷодӣ ва беҳдошти саломатии кӯдакон равона шудааст. Дар истироҳатгоҳҳои тобистонии мактабиён омодагӣ ба мавсими қабул оғоз гардидааст. Истироҳатгоҳҳои тобистонӣ ба тарбияи ватандӯстӣ, эҳтироми анъанаҳои миллӣ, дӯстию рафоқат ва фароғату истироҳати хонандагон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Дар истироҳатгоҳҳо шаклҳои гуногуни фаъолият, аз ҷумла, маърифатӣ, бадеӣ, варзишӣ- солимгардонӣ ва фароғатӣ амалӣ мегарданд.
Аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм дастури тавсиявии «Барномаи фаъолияти истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ» омода шудааст, ки то оғози мавсими истироҳати тобистонӣ дастраси мутасаддиён ва мураббиёни истироҳатгоҳҳо мегардад. Ҳамзамон, марказ тасмим гирифтааст, ки 30-31 майи соли равон дар заминаи истироҳатгоҳи “Файзи Истиқлол”-и Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм, воқеъ дар ноҳияи Варзоб, семинар-машварати мутасаддиёни истироҳатгоҳҳои тобистониро бо ҷалби намояндагон аз вазорату идораҳои дахлдор доир намояд.
Мутобиқи банди 5-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии методӣ, тадбирандешиҳои таълимию тарбиявӣ ва таъмини истироҳатгоҳҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ ба зиммаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Барои ташкили самараноки фароғати тобистонии кӯдакону наврасон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор муваззаф шудаанд, ки истифодаи мақсадноки маблағҳои ба ин мақсад пешбинишударо таъмин намоянд.

Салима МӮСОЕВА,
“Омӯзгор”