Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона дар арсаи байналмилалӣ шинохтаву эътироф ва марҳала бо марҳала бо иқдомҳои башардӯстона дар созмонҳои гуногуни ҷаҳонӣ ба сифати мамлакати озоду соҳибихтиёр муаррифӣ гардид.
Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба фаъолияти роҳбарӣ оғоз намуданашон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаи сулҳу ваҳдат ва гирифтани пеши роҳи ҷангҳои дохилию минтақавӣ ва байни давлатҳо ҳамчун сиёсатмадори хирадоин ва ботаҷриба сухан ронда, аз рӯзафзун доман паҳн кардану тақвият ёфтани хатарҳои фалокатбори зиддибашарӣ, амсоли терроризму экстремизм ва ифротгароии динӣ ҳушдор медоданд. Ҳамзамон, Тоҷикистон дар масоили ҳамзистии осуда, тозагии муҳити зист (экология), пешрафту дигаргуниҳое, ки дар соҳаҳои маорифу илм, фарҳанг иқтисодиёту иҷтимоиёт ба амал омадаанд, ба ҳайси ташаббускор дар созмонҳои ҷаҳонӣ амал мекард. Бо иқдоми раҳбарияти олии кишвар борҳо форуму ҳамоиш ва машварату конфронсҳои ҷаҳонӣ дар боби таҳдиду хатарҳои терроризму экстремизм ва зиндагии осудаи аҳолии кишварҳои олам, барҳам додани амалҳои коррупсионӣ, ҳифзи муҳити зист, бахусус, пешниҳодҳо барои истифодаи оқилонаи оби тоза, ҳифзи пиряхҳо ва ғайра баргузор гардид, ки раҳбарию ташкил ва баргузории ин тадбирандешиҳоро дар миқёси байналмилалӣ Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда доштанд. Чунин ҳамкорию робитаҳои мутақобилан судманд солҳои ахир байни мақомоту ниҳодҳои гуногуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид, шуроҳои доимоамалкунандаи он, шарикони рушд беш аз пеш вусъат ёфта, ба рушду пешрафти кишвар мусоидат карданд. Аз ҷумлаи чунин тадбирҳо ҳамкорию равобит дар соҳаҳои маориф ва илми кишвар ба шумор меравад, ки бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ тавсиаву рушд меёбад. Шурои иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид яке аз ниҳодҳои муҳимми созмони мазкур ба шумор рафта, ҳамкориҳои давлату кишварҳои ҷаҳонро дар самти иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ ва зери назорат қарор медиҳад. Ба Шуро намояндагони 54 давлат аз ҷониби Ассамблеяи Кулли СММ ба муҳлати се сол интихоб мегарданд. Ҳамзамон, 1600 созмони ғайридавлатии байналмилалӣ мақоми машваратиро дар назди Шуро дар масъалаи иштирок дар кори Созмони Милали Муттаҳид соҳиб мебошанд. Доираи фаъолияти Шурои иқтисодию иҷтимоӣ масоили мусоидат кардан ба рушду пешрафти самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва шуғли шурои аҳолии кишварҳо, коркарди роҳу шеваҳои ҳалли мушкилоти байналмилалӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва тандурустӣ, ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва маориф ва ниҳоят, фароҳам овардани шароит баҳри эҳтироми ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои ӯро дар бар мегирад. Тоҷикистон дар радифи дигар давлатҳо ҳамчун узви Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид дар баррасӣ ва ҳалли масоилу мушкилоти соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ иштироки фаъолона дорад. Аз 2-юм то 5-уми майи соли равон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 8-умин форуми Шурои иқтисодию иҷтимоӣ оид ба илм, технология ва фановарӣ барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор баргузор гардид, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ва дигар шахсони расмӣ намояндагӣ карданд. Ба иттилои сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм Фаррух Худойдодзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 8-умин Форуми солонаи Шурои иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба илм, технология ва фановарӣ барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, таҳти унвони «Илм, технология ва фановарӣ барои шифоёбӣ аз бемории коронавирус (COVID -19) ва амалисозии нақша дар самти рушди устувор барои давраи то соли 2030 дар ҳамаи сатҳҳо” суханронӣ кард. Таъкид бояд кард, ки ба туфайли дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ ба дастовардҳои калон ноил ва дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Ин нукта ҳангоми мулоқоти вазири маориф ва илми кишвар бо Президенти Шурои иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (ECOSOC), хонум Лачезара Стоева ва муовини директори Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), хонум Дженевева Боутин амиқан эҳсос карда мешуд. Онҳо зимни мулоқот таъкид карданд, ки ҷудо гардидани қариб 20 фоизи буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф дар Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарияти кишвар ба ин самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Дар форуми солонаи Шурои иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба илм, технология ва фановарӣ барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор, бо иштироки вазирон ва намояндагони воломақоми соҳаи маорифи кишварҳои мухталиф вазирон ва муовинони вазирони маорифи кишварҳои Тоҷикистон, Хитой, Куба, Қирғизистон, Словения, Уммон, ИМА суханронӣ намуданд. Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода 3 майи соли 2023 вобаста ба таъсири пандемияи Ковид — 19 дар Тоҷикистон ва корҳои анҷомдода барои пешгирӣ ва бартараф кардани он маърӯза намуд. Номбурда аз ҷумла, зикр намуд, ки “пандемияи ҷаҳонии Ковид — 19, ки тамоми кишварҳоро фаро гирифта буд, кишвари мо — Тоҷикистон низ аз он истисно набуд. Дар ин раванд бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати кам кардани таъсири манфии пандемияи ҷаҳонӣ дар ҳама самтҳо, хусусан, дар соҳаи маориф ва илм корҳои мушаххас ва назаррас якҷоя бо шарикони хориҷӣ ба анҷом расонида шуданд. Бо дарназардошти вазъи баамаломада шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалие, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, дар соҳаи маориф ҳамкориро ба роҳ монда, тибқи муроҷиати Вазорати маориф ва илм дар таҳияи дарсҳои фосилавӣ, филмҳои таълимӣ ва маҷозӣ омодагии худро изҳор дошта, зиёда аз 2000 дарси видеоӣ, ки барномаи таълимиро фаро мегирад, таҳия намуданд”. Вазир дар идома иброз дошт, ки дар ин замина Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042 қабул гардид, ки ҳадафи он роҳнамоӣ намудани татбиқи устувори рақамикунонӣ дар низоми маорифи ҷумҳурӣ мебошад. Консепсия заминаи стратегӣ ва амалиро таъмин менамояд, ки дар он таваҷҷуҳи махсус ба технологияҳои рақамӣ ва ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар соҳаи маориф дода мешавад ва инчунин, бо дарназардошти таҷрибаҳои минтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ дар самти тарғибу ташвиқи технологияҳои рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои мушаххасро муайян менамояд. Бояд хотиррасон кард, ки 4-5 майи соли ҷорӣ дар қароргоҳи СММ форум идома ёфта, дар ҳошияи он (4 май) як қатор мулоқотҳои судманд анҷом дода шуд. Аз ҷумла, 4-уми майи соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар ҳошияи Форуми солонаи Шурои иқтисодию иҷтимоӣ оид ба илм, технология ва фановарӣ барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор бо Президенти Шурои иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (ECOSOC), хонум Лачезара Стоева мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонум Лачезара Стоева ҷиҳати ташкил намудани чунин форуми сатҳи байналмилалӣ ва таваҷҷуҳи хоса ба илму маориф арзи сипос намуда, зикр кард, ки чорабинии мазкур имкон фароҳам меорад, ки бисёре аз масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла, дар соҳаи маориф, илм, технология ва фановарӣ дар доираи шахсони воломақом аз кишварҳои гуногуни дунё баррасӣ гардида, дар рушди соҳаҳои мазкур мусоидат намояд.
Ҳамзамон, чорабинии мазкур барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ имкон фароҳам меорад, ки бо ҳамтоёни хориҷии худ табодули таҷриба намуда, ҳамкориро бо шарикони рушд ва кишварҳои мутараққии дунё дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.
Хонум Лачезара Стоева дар навбати худ иқдомҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати пешниҳодҳои муҳим дар самти рушди устувор, аз ҷумла, пешниҳоди охирини Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо боиси саҳмгузорӣ дар расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор арзёбӣ карда, иброз намуд, ки ҳадафи мо аз баргузор кардани ин форум ҷалби бештари сармоя аз дигар соҳаҳо ба соҳаи илм, маориф ва технология мебошад, зеро пандемияи COVID -19 нишон дод, ки бидуни тараққии маориф, илм ва технология ҳеҷ кишваре наметавонад рушд кунад. Ихтироъ кардани ваксина бар зидди COVID — 19, ташкил ва баргузории ҳама гуна тадбирҳо дар давраи пандемия тариқи онлайнӣ натиҷаи илму технология буд.
Ҳамчунин, хонум Лачезара Стоева гуфт, ки иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин форум аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа таваҷҷуҳи хоса дорад.
Дар ахир Раҳим Саидзода иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои ахир ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсил дар ҳама заминаҳои таҳсилот корҳои зиёдеро анҷом дода истодааст. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки Тоҷикистон таҷрибаи доир намудани форумҳои сатҳи байналмилалиро дорад ва мо омода ҳастем, форуми байналмилалиеро оид ба рушди фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намоем.
4-уми майи соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар ҳошияи Форуми Шурои иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба илм, технология ва фановарӣ барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар шаҳри Ню-Йорки ИМА бо муовини директори Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), хонум Дженевава Боутин мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонум Дҷеневева Боутин ҷиҳати ҳамкории пайваста ва судманд дар самти рушди соҳаи маориф ва илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, зикр кард, ки Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон аз соли 1993 инҷониб фаъолият дорад ва яке аз шарикони асосии соҳаи маориф ба шумор меравад.
Сипас хонум Дженевава Боутин иброз дошт, ки ҳамкориҳои тарафайн имкон медиҳанд, то дар самти пешбури фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ, махсусан, барои Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ҷиҳати анҷоми корҳои назаррас дар соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Дар ояндаи наздик дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро, ки бисёр дар сатҳи хуб пеш рафта истодааст, дигаргуниҳои зиёд интизор аст.
Дар идома миёни ҳозирин суҳбати самимӣ оид ба пешбурди фаъолияти оянда сурат гирифта, пешниҳодҳо ҷиҳати дар сатҳи нав ба роҳ мондани ҳамкориҳо аз ҷониби тарафҳо ироа гардиданд.
4-уми майи соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар доираи сафари расмӣ ба шаҳри Ню — Йорки ИМА ва иштирок дар форуми Шурои иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба илм, технология ва фановарӣ барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор бо сафири Малайзия дар Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Аҳмад Файсал Муҳаммад мулоқот анҷом дод.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти мулоқот ба Аҳмад Файсал Муҳаммад барои ҳамкориҳои судманд дар соҳаи маориф изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки ҳамкориҳои тарафайн дар асоси “Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ”, ки 23 июни соли 2014 зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари Малайзия ба имзо расидааст ва дигар санадҳои меъёрӣ ба роҳ монда шудааст. Барои дар сатҳи баланд тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм зарур аст, ки содакунии ҳуҷҷатгузорӣ ва ба даст овардани раводид барои донишҷӯён ба роҳ монда шавад. Мо бовар дорем, ки ин ва дигар масъалаҳо дар натиҷаи чунин вохӯриҳо ҳал мешаванд.
Ҷаноби Аҳмад Файсал Муҳаммад низ дар навбати худ аз ҳамкориҳо бо ҷониби Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки пешниҳодҳои мазкур боиси беҳтар гардидани фаъолият гардида, заминаи хубе барои вусъати ҳамкориҳои ояндаи тарафҳо хоҳанд буд.
Бояд гуфт, ки иштирок ва суханронии вазири маориф ва илми Ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода дар форуми навбатии Шурои иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид ва вохӯрию мулоқотҳои анҷомдодааш бо Президенти Шурои номбурда Лачезара Стоева, директори Хазинаи кӯдакони СММ Дженевава Боутин, Сафири Малайзия дар ин созмони бонуфуз Аҳмад Файсал Муҳаммад воқеаи хурсандибахш дар ҳаёти сиёсии кишвар, дар самти тадбирандешиҳо ва амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳамкориҳои судманди байналмилалӣ дар соҳаҳои маориф ва илм гоми ҷиддию муассир ба шумор рафта, нуфузу обруи кишварро баланд мебардорад.
Иштироку суханронии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар форуми Шурои иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид боиси ифтихори мардуми кишвар, ба хусус, аҳли маориф маҳсуб ёфта, ҷиҳати равнақу ривоҷ ва рушду тақвият бахшидани соҳаҳои маориф ва илм заминаҳои воқеӣ мегузорад. Иштироки вазири маориф ва илм дар форуми тантанавии Шурои иқтисодию итҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид ва мулоқоту суханронӣ дар доираи ин форум боиси боз ҳам самараноку густардартар ба роҳ мондани робитаву ҳамкориҳо дар самти маориф ва илм, ноил гардидан ба дастоварду комёбиҳо дар масъалаи ба стандарту барномаҳои байналмилалии таҳсилот мутобиқ намудани таълим дар ҷумҳурӣ нақши калидӣ ва ҳалкунанда мегузорад.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
“Омӯзгор”