МУҲАҚҚИҚИ МУМТОЗИ ГУФТОРИ ШИФОҲӢ

Адабиёти бадеии хаттӣ ду замина ва пойгоҳи ташаккул дорад, ки яке гуфтори шифоҳии мардум, яъне фолклор ва дигаре устура аст. Ҳамин ду омил боиси шакл гирифтани адабиёти навишторӣ дар анвои гуногун – назму наср ва драма шудаанд. Беҳтарин шоирону нависандагони кулли миллату халқҳои олам аз ин ду маъхази гаронбаҳои фарҳангу маънавият пурсамар истифода кардаанд. Адиби машҳури рус Максим Горкий дуруст гуфтааст, ки «ибтидои санъати сухан дар фолклор аст». Аз ин ҷост, ки барои фаҳмову равшан гардидани сабки эҷод ва офариниши чеҳраҳои барҷаста адибон аз эҷодиёти шифоҳӣ бештар манфиат бурдаанд.
Нимаи дуюми асри ХХ-ро агар давраи авҷи илми фолклоршиносии тоҷик гӯем, хато намекунем. Дар ин солҳо олимон, равшанфикрону мардумшиносон аввалин намунаҳои эҷодиёти шифоҳии тоҷикро сабт ва ба чоп омода намудаанд, ки дар ин кори арзишманд ва нашру таҳқиқи осори шифоҳии тоҷик хидмати олимон Т. Зеҳнӣ, С. Раҳимӣ, О. Исматӣ, С. Рабиӣ, Ҳ. Карим, Л. Бузургзода, Алӣ Хуш, Н. Маъсумӣ, В. Асрорӣ, Р. Амонов, А. Сӯфизода, Б. Тилавов, Д. Обидов, Б. Шермуҳаммадов зиёд аст. Дар ин самт фолклоршинос, устоди кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Равшан Раҳмонӣ низ корҳои шоистаеро анҷом додааст.
Ин донишманди номвар соли 1977 пас аз хатми факултети филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дар Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ ҳамчун муҳаррир ба фаъолият шуруъ намуда бошад ҳам, аз айёми донишҷӯӣ ба осори шифоҳӣ таваҷҷуҳи хосса дошт. Ин буд, ки солҳои 1986-1989 дар аспирантураи Институти кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов таҳсил карда, баъди хатми аспирантура соли 1989 дар мавзуи «Назми шифоҳии таълифии даризабонони Афғонистони муосир» зери роҳбарии фолклоршинос Вера Борисовна Никитина рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Соли 1998 бо дифои рисола дар мавзуи «Афсонаҳои мардуми форсизабон дар сабти имрӯз (Масъалаҳои истилоҳ, хусусият, таърих, репертуар, вазъият ва маҳорати афсонагӯён дар асоси пажуҳиши майдонӣ)”, ки маводи се кишвари форсизабон – Тоҷикистон, Афғонистон ва Эронро дар бар мегирад, ба дарёфти унвони доктори илмҳои филологӣ мушарраф гардид.
Равшан Раҳмонӣ дар баробари таҳқиқи жанрҳои адабиёти шифоҳӣ, инчунин, барои таблиғи ин адабиёт заҳмати беандоза мекашад. Мавсуф аз соли 1992 раиси Пажуҳишкадаи «Мардумшиносӣ» ва аз соли 1993 бунёдгузор ва сардабири маҷаллаи «Мардумгиёҳ» (1993-2003) буд.
Равшан Раҳмонӣ ҳамчун фолклоршиноси мумтоз муаллифи зиёда аз 20 рисола, чандин маҷмуаи илмӣ ва бештар аз 300 мақолаи илмию оммавӣ буда, дар рӯзномаю маҷаллаҳои ватанию хориҷӣ мақолаҳои зиёде ба чоп расондааст. 14 китоб ва 28 мақолаи илмиаш дар кишварҳои хориҷӣ чоп шудаанд. Дар баробари ин, профессор Равшан Раҳмонӣ айёми дар Донишгоҳи Кобули Ҷумҳурии исломии Афғонистон (солҳои 1981-1985) ба ҳайси тарҷумон фаъолият карданаш бо ҳамкории профессор Ҷалолиддини Сиддиқӣ китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуровро аз алифбои кириллӣ ба алифбои форсӣ баргардон кардааст.
Аксар таълифоти анҷомдодаи профессор Р. Раҳмонӣ ба масъалаҳои робитаи фарҳангӣ, забон, адабиёт, фолклор, зиндагинома, ҷашнҳои миллии кишварҳои Шарқи ҳамзабон — Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Ӯзбекистон ва баъзе кишварҳои арабӣ ихтисос доранд. Ӯ оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шарқшиносони маъруф Р. Фрай (Амрико), У. Марзулф (Олмон), Ф. Крейебройек (авестошинос, ҳоло дар Италия), Г. Тромф (Австралия), М. Миллс (Амрико), Я. Ҳармата (Маҷористон), Ч. Шекҳер (Ҳиндустон), А. Красноволска (Лаҳистон), Габриэлла ван ден Берг (Нидерландия), Ҷ. Дӯстхоҳ (Австралия), Кинга Маркус (Япония), Карина Ҷаҳонӣ (Шветсия), Юсуф Ӯз (Туркия), Е.Венетис (Юнон), Г. Асатрян (Арманистон), К. Сакуроӣ (Ҷопон)… мақолаҳо навишта, бо онҳо суҳбатҳои ихтисосӣ анҷом додааст.
Устод Раҳмонӣ ба беш аз 20 кишвари дунё сафар ва дар ҳамоишҳои илмӣ суханронӣ кардааст.
Бо ташаббуси бевоситаи профессор Равшан Раҳмонӣ маҷаллаи илмии «Мардумгиёҳ» (1993-2003) пайваста чоп мешавад. Дар он мақолаҳои илмии олимону донишмандон ва мутахассисони кишварҳои ҳамзабон низ (оид ба фолклор ва этнография) чоп мешаванд.
Профессор Равшан Раҳмонӣ дар бораи рӯзгор ва осори гурӯҳи калони адабиётшиносони маъруфи ватанию бурунмарзӣ мақолаҳо таълиф намудааст.
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳодисаи нодир ва бесобиқа маънидод мегардад. Маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем пояҳои асосии давлатдориамонро мустаҳкам намуда, пайи беҳдошти арзишҳои миллӣ ва рушди босуботи кишвари азизамон камари ҳиммат бубандем. Профессор Р.Раҳмонӣ дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат дар бораи ҷашнҳои бостонии Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада силсилаи мақолаҳои илмӣ таълиф кардааст. Ахиран китоби ин донишманди пуркор зери унвони «Эмомалӣ Раҳмон – пайвандгари гузашта, имрӯза ва ояндаи тоҷикон» (2022) чоп шуд. Дар китоб мақолаҳои устод оид ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби забон, таърих, фарҳанг ба ҳам омадаанд. Дар ин китоб Р. Раҳмонӣ роҷеъ ба осори Сарвари давлат, Паёмҳо ва иқдомҳои созандаи Пешвои миллат сухан ронда, хидматҳои барҷаставу мондагори Президенти ҷумҳуриро аз Иҷлосияи XVI (соли 1992) то имрӯз ҳамчун шахсияти сулҳпарвар, ваҳдатовар, пайвандгари тоҷикону форсизабонони ҷаҳон, ситоишгари забони тоҷикӣ, таъриху фарҳанги миллӣ, васлгари гузаштаву имрӯзу ояндаи миллат ва кишвар мавриди арзёбӣ қарор додааст.
Устод Р. Раҳмонӣ яке аз муаллифони фаъоли «Энсиклопедияи миллии тоҷик» ва «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» буда, дар ин китобҳо то имрӯз зиёда аз 600 мақолаи илмӣ дар бораи фолклор, ҷашнҳои миллӣ, расму оинҳои мардумӣ ва шарқшиносӣ чоп кардааст. Соли 2010 устод дар Муғулистон дар мавзуи «Таджики: в прошлом и настоящем» (Тоҷикон: дар гузашта ва имрӯз) суханронӣ намуда, таърихи гузашта ва имрӯзаи тоҷиконро дар ҳамоиши байналмилалӣ ба ҳозирин тавзеҳ додааст. Ин суханронӣ худи ҳамон сол дар шакли мақола ба забони русӣ ва кореягӣ ба чоп расид. Метавон гуфт, ки ӯ мубаллиғи фаъоли забону фарҳанги мардуми тоҷик мебошад.
Солҳои ахир Р. Раҳмонӣ дар навиштаҳои илмии худ ба чанд масъалаи муҳимми забоншиносӣ дахл менамояд, ки инҳо забоншиносии иҷтимоӣ (сотсиолингвистика), забоншиносии қавмӣ (этнолингвистика), забоншносии фолклорӣ (лингвофолклористика) мебошанд. Ӯ таъкид мекунад, ки «забоншиносони тоҷик ҳангоми таҳқиқи ин соҳаҳои забоншиносӣ бояд мавриди баррасӣ қарор додани забони матнҳои фолклориро фаромӯш накунанд».
Устод барои донишҷӯён дастурҳои таълимии «Афсона ва жанрҳои дигари насри шифоҳӣ» (1999), «Эҷодиёти гуфтории мардуми тоҷик: фолклори тоҷик» (2008), «Кори майдонӣ: роҳнамо оид ба гирдоварии адабиёти гуфтории тоҷикон» (2009, 2010, 2018), «Баёзи эҷодиёти гуфтории мардуми тоҷик» (2010) ва ғайраро таълиф ва таҳия кардааст. Ҳамчунин, барномаҳои таълимии «Поэтикаи фолклори тоҷик (Назарияи фолклоршиносӣ)» (2001), «Адабиёти гуфтории тоҷик (Фолклори тоҷик): барномаи дарсҳои назарӣ ва амалӣ» (2014), «Поэтикаи адабиёти гуфтории тоҷик (поэтикаи фолклори тоҷик): барномаи таълимӣ» (2014)-ро таҳия намудааст.
То имрӯз 18 шогирди устод рисолаҳои илмии худро дифоъ намудаанду дар муассисаҳои олии таълимии ватанию хориҷӣ фаъолият доранд.
Аз соли 2015 маҳфили инфиродии Р. Раҳмонӣ – «Фарҳанги мардум» фаъол мебошад. Дар ин маҳфил масъалаҳои фолклоршиносӣ, мардумшиносӣ, маросимҳо, ҷашнҳо, робитаи фолклор ва адабиёт, жанрҳои алоҳидаи фолклорӣ, шахсияти фолклоршиносони маъруф мавриди баҳсҳо қарор мегиранд.
Равшан Раҳмонӣ аввалин фолклоршиносест, ки қисса, ривоят, дуо, ҳикояҳои асотирӣ ва ҳикояҳои шифоҳӣ барин жанрҳои мустақили насри шифоҳиро мавриди таҳқиқ қарор дода, сипас дар китоби «Афсона ва жанрҳои дигари насри шифоҳӣ» (Душанбе, 1999) рӯи чоп овардааст.
Ин олими пурмаҳсул дар баробари омӯзишу таҳқиқи адабиёти шифоҳии тоҷик ба пажуҳиши фолклори Афғонистону Эрон низ мунтазам машғул гардида, солҳои 1981-1985 (ҳангоми дар Донишгоҳи Кобул ба ҳайси тарҷумон кор карданаш) бештар аз 5000 саҳифаи дастнавис ва қариб 40 фита маводи фолклорӣ гирд овардааст. Инчунин, аз байни мардуми ҳамзабони эронӣ бештар аз 1000 саҳифаи дастнавис ва чандин фита матнҳои фолклорӣ сабт намудааст.
Профессор Равшан Раҳмонӣ дар асарҳояш роҷеъ ба жанрҳои адабиёти шифоҳӣ, муносибати адабиёт бо фолклор, маҳорати гӯяндагони халқӣ, ҳаёти иҷтимоии мардум, расму оинҳои бостонӣ ва суннатҳои мардумӣ сухан ронда, пайгирона бахшҳои гуногуни фарҳанги тоҷикони ҷаҳон ва мардуми эронитаборро мавриди омӯзишу таҳлил ва тадқиқ қарор додааст. Тадқиқоти илмии ӯ дар кишварҳои Австралия, Амрико, Афғонистон, Олмон, Покистон, Русия, Франсия, Эрон, Ҷопон, Ӯзбекистон чоп ва ба забонҳои русӣ, англисӣ, франсавӣ, португалӣ, арабӣ ва ӯзбекӣ тарҷума шудаанд.
Профессор Равшан Раҳмонӣ фаъолияти илмию эҷодии худро бештар ба тадқиқи адабиёти шифоҳӣ бахшидааст. Моҳи декабри соли 2003 барои китоби «Афсонаҳои мардуми форсизабон» дар кишвари Эрон соҳиби ҷоизаи байналмилалии “Пажуҳиши сол” гардид.
Огоҳӣ дарёфтем, ки Шурои нақд ва адабиётшиносии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон китоби нави устод «Фарҳанги гуфторӣ дар романи «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода»-ро барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ пешниҳод кардааст. Камина ҳамчун муҳаққиқи осори устод С. Улуғзода ин китобро хонда, ба чунин хулоса омадам, ки Р. Раҳмонӣ, дар ҳақиқат, заҳмати зиёде кашида, он дурдонаҳои суннатӣ ва фолклориро, ки нависандаи маҳбуби мо дар ин роман ба кор бурдааст, пайдо кардаву мавриди баррасӣ қарор додааст.
Пеш аз ҳама, сохтори рисолаи Р. Раҳмонӣ «Фарҳанги гуфторӣ дар романи «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода» ҷолиб аст. Муаллиф ба ивази «муқаддима» таъбири «гуфтори пешин» ва ба ҷойи «хулоса» таъбири «гуфтори пасин»-ро ба кор бурдааст. Бобҳои рисоларо низ «гуфтори 1; гуфтори 2; гуфтори 3» номгузорӣ намуда, ба шакли таҳқиқ як навъ навигарӣ ворид намудааст.
Ба назари мо, аз тариқи ин навъ номгузорӣ муҳаққиқ таҳқиқоти худро ҳам ба «Шоҳнома» ва ҳам ба роман пайвастааст. Аз фарҳангҳо медонем, ки гуфтор ба маънои «сухан, калом, нақл, ҳикоя, мубоҳиса, гуфтугӯ, баҳс, боб, бахш, фасл» ва ғайра меояд. Муаллиф дар «Гуфтори пешин» мақсади таҳқиқи худро тавзеҳ додааст.
Баъд дар «Гуфтори 1», ки «Ҷустор ва гуфтори Фирдавсӣ оид ба фарҳанги суннатӣ дар роман» номгузорӣ шудааст, баъзе ҷиҳатҳои вобаста ба фарҳанги сунатӣ доштаи Фирдавсиро дар тасвири С. Улуғзода бо мисолҳо нишон додааст. Р. Раҳмонӣ дар «Гуфтори 2», ки унвонаш «Суннати шоҳномахонӣ дар роман» аст, ба ташреҳи анъанаи муҳимми мардумӣ — ҳунари шоҳномахонӣ мепардозад ва тасвири онро дар романи «Фирдавсӣ» бо мисолҳо нишон медиҳад. Р. Раҳмонӣ дар хусуси образи Абудулафи шоҳномахон, ки ровии махсуси Фирдавсист, баҳс ороста, тасвири маҳорати шоҳномахонии ӯро аз ҷониби С. Улуғзода бо мисолҳо нишон медиҳад. Муҳаққиқи пухтакор дар «Гуфтори 3» (зери унвони «Инъикоси фарҳанги суннатӣ ва фолклорӣ дар роман») бо ҷузъиёт нишон додааст, ки нависанда чӣ гуна аз фарҳанги гуфтории мардум баҳра бурдааст. Тавре ки Р. Раҳмонӣ ёдовар мешавад, дар ҳақиқат, дар роман анъанаҳои халқӣ, ба мисли оиладорӣ, одатҳо, арӯсӣ, базм, зиёрат, зиёфат, бозиҳо, меъморӣ, дуредгарӣ, меҳмондорӣ, хушнависӣ, шабнишинӣ, мушоира, шатранҷбозӣ, нардбозӣ, рақсу суруд, карнаю сурнай, боғдорӣ, садақа, ҳунарҳо, ҷашнҳо ва ғайра зарифонаву моҳирона тасвир шудаанд. Ба гуфтаи муаллифи рисола, “устод С. Улуғзода аз намунаҳои жанрҳои фолклорӣ, ба монанди устура, афсона, ривоят, хоббинӣ, дуо, дуои бад, зарбулмасал, латифа, марсия ва ғайра ё мазмунан ё айнан ёд намудааст. Вале ҳама мухтасар, муҷаз, оқилона, олимона, заргарона ва муносиб ба кор рафтааст».
Муҳаққиқ дар «Гуфтори пасин», ки хулосаи рисола аст, ба таври ҷамъбаст заҳматҳои адиби миллатдӯстро дар шаш банд бо мисолҳо нишон додааст…
Аз Шурои нақд ва адабиётшиносии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сипосгузорем, ки китоби профессор Равшан Раҳмонӣ «Фарҳанги гуфторӣ дар романи «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода»-ро барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ пешниҳод кардааст. Умедворем, ки номзадии ин олими пурмаҳсул ва пуркор дастгирӣ хоҳад ёфт.
Сироҷиддин ЭМОМАЛӢ,
доктори илми филология,
профессор, декани факултети
филологияи ДМТ