КИТОБ НЕРУИ ТАВОНОСТ

Дониш қисми таркибии тавоноии давлат ҳисоб меёбад. Ин тавоноиро ду соҳаи бузург – системаи маориф ва илм ташкил медиҳанд. Агар дар соҳаи якум омӯзгорон дар ҷомеа донишҳои ҳосилшударо паҳн намоянд, дар соҳаи дуюм олимон барои мардум пайваста донишҳои навро ба вуҷуд меоранд. Инқилоби илмӣ – техникиро дар шароити соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе системаи донишҳо тасаввур кардан мумкин нест. Азбаски шарти асосии инкишофи ҷамъият ва бунёди тараққиёти техникии онро дониши инсонӣ ташкил медиҳад, дарк кардани тарзу равиши пешакии пешравии донишҳо дар мамлакат масъалаи асосии давлат шудааст.
Мақсади давлат ва роҳҳои ба он муваффақ шудан дар суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муайян карда шудаанд. Аз байни кулли тадбирҳо (конференсияҳои илмӣ, ҷамъомадҳои олимон, баҳсу мунозираҳо дар атрофи илмҳои риёзӣ, табиатшиносӣ ва ғ.), ки ба пешравии ҷомеа мусоидат мекунанд, бо ибтикори Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақвият ёфтани омӯзиш ва мутолиаи осори бадеӣ маҳсуб меёбад. Аз соли 2018 (соли аввалини ташкил ва баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”) аксари қишрҳои гуногуни ҷомеаи кишвар ба китобхонӣ шавқу рағбати дучанд пайдо карданд. Падид омадани истеъдодҳо аз байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни мактабҳои олӣ, омӯзгорон ва дигар гурӯҳҳои аҳолӣ тайи чанд соли ахир касро хеле хушҳол месозад. Ташкил ва баргузории озмун “Илм – фурӯғи маърифат”, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат ба роҳ монда шуд, диққати аҳолиро ба худ ҷалб намуд. Доир ба он симпозиумҳо ва ҳамоишҳои илмӣ барпо карда мешаванд.
1 сентябри соли 2022 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш дар ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки “Ояндасозони Ватан бояд донишманду бомаърифат бошанд” (“Омӯзгор”, 8.09-22).
Китобхонӣ худ аслан фаъолият аст. Эҳтимол бо дарназардошти ҳамин андешаҳо файласуфи тоҷик Мусо Диноршоев менигорад: “Дониш – маҳсул ва натиҷаи фаъолияти маърифатии инсон, ки аз фарогирии маънавӣ ва тасвири идеалии олам дар тафаккур иборат аст” (Дониш. ЭСТ, ҷ.2., саҳ.936).
Олими намоёни Академияи таҳсилоти Россия Б.С.Гершунский (Философия образования.- М: Флинта, 1988) мегӯяд, ки фарқ байни дониш ва эътиқод ба инкишофи маълумот “… ба тарзи номувофиқ таъсир мерасонд ва мерасонад… Танҳо маълумот метавонад ҳолати алоқамандӣ ва мутобиқати донишу эътиқодро бо ҳам мувофиқ созад” (с.15).
Зикр бояд кард, ки ҳадафи озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат” инкишоф додани сатҳи тафаккур ва ҷаҳонбинии хонандагон, афзун гардонидани рағбати онҳо ба илм, ба китобхонӣ дар мамлакат аст. Шоиру нависандагон, шахсони донишманд ба классикони адабиёти тоҷик пайравӣ карда, вақтҳои ахир дар васфи китоб пандҳои ҷолибу писандида эҷод кардаанд. Ин ҷо ба эҷодиёти шоир ва нависандаи шинохташуда Абдурауф Муродӣ доир ба ин мавзуъ рӯ оварданд мувофиқи мақсад аст. Адиби хушбаён А.Муродӣ солҳои ахир панду ҳикматҳои ҷолибро доир ба китоб ва дониш дар саҳифаҳои рӯзномаҳо (бавижа дар ҳафтаномаи “Омӯзгор” ба монанди “Аз хирвори андешаҳо” №21, 26.05; “Ҳамосаи дониш”№35. 11.08-2022) чоп намуд, ки онҳо басо зиёданд. Гарчанде пандҳо мухтасаранд, мазмуни баланди ҳаётӣ доранд. Муаллиф ин пандҳоро дар шакли китоби алоҳида бо унвони “Ҳамосаи китоб” (Душанбе: Маориф, 2022) чоп кардааст, ки барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ, омӯзишгоҳу литсейҳо ва кулли кормандони илму маориф туҳфаи арзанда мебошад:
“Ҳамосаи китоб”-и нави-санда А.Муродиро ҳамчун ситоишномаи муассиру дил-пазир дар васфи китоб шумурдан равост.

Ислом ҒУЛОМОВ,
доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи математика ва методикаи таълими ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ