ЗИНДАГИРО КӢ ГУФТ НОМАРД АСТ?

Дар адабиёти муосири тоҷик устод Қутбӣ Киром ҷойгоҳи хосеро касб намудааст. Ашъори шоир бештар ба ситоиши Ватан, меҳру садоқат, одамият, ҷавонмардӣ ва хислатҳои ҳамидаи инсонӣ бахшида шудаанд. Шоир инсонҳои бандаи нафси саркаш, ашхоси пуртакаббур ва ҳама гуна хислатҳои бадро маҳкум намуда, ҳамагонро ба некию накукорӣ, меҳру муҳаббат ва созандагиву бунёдкорӣ даъват менамояд.
Шоир аз тақдири талхи онҳое, ки аз пайи талаби молу ҷоҳ ба ҳама гуна кори паст қодиранд, панд гирифта, таъкид менамояд, ки ман дар ин роҳ дасти талаб надорам ва хаси касеро беҷо накарда, аз хастӯда тилло начидаам. Баръакс, барои шоир дурру ёқуту лаъл сухани нишонраси ӯст, ки ба дардҳо марҳаму сафобахши дилҳост.
Як қадам пештар намондам по
Ҷониби худпарастию мансаб.
Ман надодам зи хеш огоҳӣ,
Ман накардам дароз даcти талаб.
Дурру ёқуту лаъли ман умре
Сухану дарди ботинам буда.
Ман накардам хаси касе беҷо,
Ман начидам тило зи хастӯда.
Дар ҷои дигар дар муқобили ҳамаи ин амалҳои номатлуб накукориро пешаи худ медонад:
Ному шуҳрат ҳавас накардам ман,
Ҷони худ дар қафас накардам ман.
Хӯрда тири маломати дунон
В-аз накукорӣ бас накардам ман.
Саодат ва хушбахтии инсон аз шодии инсонҳо шод будан ва аз ғамашон ғамгин будан аст. Мутаассифона, моҳияти ин гуфтаро на ҳама дарк мекунанд. Шоир мефармояд:
Одамон гирянд, гирён мешавам,
Одамон ханданд, хандам чун баҳор.
Ин гуфтаи шоир аз чеҳраи пур аз нур ва табассуми ба худ хоси ӯ ҳамеша ҳувайдо буд. Ва ҳар ки боре дар суҳбати шоир буда, он чеҳраи гармро ҳаргиз фаромӯш накарда.
Шоир ба дӯсту бародар умед бастан, ғанимат донистани ҳар соати умри азиз, аз дил бурун афкандани кинаву адоват ва ҷаҳлу хусумат, меҳру муҳаббат варзидан ба ҳам ва ба қадри якдигар расиданро талқин намудааст, ки бешак, маънии зиндагии шоиста низ дар ҳамин аст.
Кинаву бухлро зи гӯшаи дил
Барканеду ба бод андозед…
Рафтаҳоро ба некӣ ёд кунед,
Мондаҳоро ба тахт бардоред.
Аз рухи раҳгузору ҳамсоя
Равшаноии бахт бардоред…
Ватандорӣ аз имондорист мегӯянд. Ин маъниро шоир дар шеъри «Бо ӯ равад ҷон» хеле таъсирбахш ба қалам додааст. Шоир ватандориро дар ҳангомаву валвалаи холӣ не, дар табъи ғанию дасти кушод, дар муҳаббату эътиқод, дар умеди модарону навиди аскарон, дар ғурури шоирону сурури наварӯсон, дар кафи хоки пургавҳар дида, Ватанро ба хуни ҷӯшон дар тани инсон монанд мекунад:
Ватан ҳангомаи ношоирон нест,
Ватан дар ҳар буни мӯи ту ҷонест…
Ватанро ҳеҷ як модар назодаст,
Ватанро ҳеҷ кас бар мо надодаст.
Ватан андар бадан хунест ҷӯшон,
Агар аз мо равад, бо ӯ равад ҷон.
Дар ҳама гуна давру замон мардуми тоҷик ва умуман, инсоният ба воситаи шеър тамоми дарду ҳасрат ва орзую ормонҳои хешро баён кардааст. Аз ин рӯ, шеър ба ақидаи устод Қутбӣ Киром, марҳами дил, давои дарди ишқ, таскинбахши тамоми дардҳои нуҳуфта, мушкилкушои раҳмондагон, муттакои бечорагон, ҷавонии пирон, нармкунандаи дилҳои сард буда, кинаҳоро саркӯб, дасти бедоду ҳасадро кӯтоҳ ва забонҳои ба ғайбат моилро чаппагардон месозад.Ҳамаи ин шаҳодати аз каломи поки раббонӣ сарчашма гирифтани шеър аст, ки дар шеъри «Шеър хонед» тасвир ёфтааст;
…Шеър хонед,
Шуълаҳои дида сӯзонтар шавад,
Ишқ андар сина ҷӯшонтар шавад.
Шоир ба танбалону бебасарон хитоб намуда, таъкид месозад, ки зиндагӣ номард нест, баръакс, ҳар номардие ҳаст, дар худи мо — инсонҳост. Ба қавли дигар, зиндагӣ мард асту мард мехоҳад ва сари баланду дард мехоҳад. Дарди афтоданҳову хестанҳо, дарди сӯхтанҳову сохтанҳо ва билохира, дарди дар кураи зиндагӣ обутоб ёфтанҳост:
Зиндагиро кӣ гуфт номард аст?
Ҳар кӣ гуфтаст, то куҷо мард аст?
Зиндагӣ марду мард мехоҳад,
Сари болову дард мехоҳад.
Зиндагиро кӣ гуфт номард аст?
Ҳар кӣ гуфтаст, сахт бедард аст.

Фатҳиддин БАҲРИДДИНОВ,
ноҳияи Айнӣ