ШОҲДАРА Ё ХОХДАРА?

Имрӯз мо ин калимаро тибқи тақозои забони шуғнӣ “Хохдара” талаффуз менамоем. Иддае аз ҳамдиёронамон онро ба вожаи “хох” – “шох” нисбат медиҳанд, ки аз назари банда нодуруст аст. Чаро? Зеро дар забони шуғнонӣ бисёр калимаҳое ҳастанд, ки дар таркибашон овози “х” доранд ва агар шакли тоҷикияшонро ба ҳисоб гирем, ин овоз “ш” мешавад. Масалан, хаб – шаб, хӯм – шом ва ғайра. Илми забоншиносӣ исбот намудааст, ки забонҳои помирӣ вобаста бо решаҳои забони имрӯзаи тоҷикӣ мебошанд. Яке аз ин забонҳо забони шуғнонист, ки реша аз забони қадимии тоҷикӣ дорад.
Дараи шоҳон ё худ Шоҳдара мавзеест дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки имрӯз расман ноҳияи Роштқалъа хонда мешавад, аммо дар гуфтугӯ мардум бештар вожаи «Шоҳдара» — ро истифода мекунанд. Сари номи ин макон, маъниву талаффузи он баҳсҳо то ҳол қатъ нагаштаанд. Агар дуруст нигарем, имлои калимаи «Роштқалъа» ҳам нодуруст аст. Дар талаффуз он «Роҷқалъа» садо медиҳад ва бо такя ба назари олимон, ин шакли дуруст мебошад, зеро ҷузъи аввали ин вожа «роҷ» ба маънии «баландӣ» фаҳмида мешавад. Аз ин ҷо маънии «Роҷқалъа» — қалъае, ки дар баландӣ ҷой гирифтааст, мебошад. Ба ҳақиқат, деҳае, ки дар болои маркази ноҳия ҷой гирифтааст, Қалъа ном дорад ва шаҳон (ҳокимон) – и Шоҳдара дар ин макон мезистаанд ва тавре ки медонем, охирин намояндаи онҳо Азизхони Ибодуллохон будааст. Деҳаҳое, амсоли Намадроҷ (дар Тусиён), Бароҷ (дар Ҷамоати деҳоти Миршакар), Рож (аслан Роҷ, ноҳияи Шуғнон) низ дар баландӣ мавқеъ доранд.
Тавре ки дар боло ишора шуд, мардум бештар ин ноҳияро бо номи «Шоҳдара» (дар талаффуз «Хохдара») зикр мекунанд, вале сари ном ва маънии он ақидаҳо яксон нестанд. Гурӯҳе маънии онро ба «хох» (шох) рабт медиҳанд, иддае онро ба вожаи «шоҳ» баста медонанд. Ба назари ман, дар муайян кардани шакли дурусти ин калима ба панҷ далел эътимод бояд намуд.
Якум, дар Шоҳдара зиёратгоҳҳо ва мавзеъҳое, ки аз ҳеҷ ҷиҳат бо ҷузъи якуми ин калима «шоҳ» муносибат доранд, бисёранд. Ба гунаи мисол, дар деҳаи Хичих дарахти азимест, ки онро муқаддас медонанд ва аз рӯйи ривояти мардум онро Шоҳбурҳони валӣ шинондааст. Зери ин дарахт чашмаи мусаффоест. Ин гуна ҷойҳо дар деҳаи Хидорҷев, Бодом (Хӯҷаи Нур), Тавдем, Тусиён (оромгоҳи Шоҳбурҳон) ва ғайра мавҷуданд. Бисёре аз ин зиёратгоҳҳо ва оромгоҳҳо таърихи хеле қадимӣ доранд ва тавре ки гуфтем, бо калимаи «шоҳ» ҳатман иртибот доранд.
Дуюм, дар деҳаи Шоши ин водӣ авлоди муътабаре, ки онҳоро шоҳони Шоҳдара унвон менамоянд, аз қадимулайём зиндагӣ мекунанд ва миёни мардуми ин ноҳия ва дигар қаламрави Бадахшон аз обруву нуфузи зиёд бархурдоранд. Зумрае аз мардум бо эҳтироми тамом онҳоро «пир» ё «пирзодаҳо» ном мегиранд ва насаби онҳо ба фарди хеле соҳибнуфуз — Саиданбиё мебарад. Аҷабе нест, ки аҷдоди ин авлоди муҳтарам дар замони қадим дар ин ҷо муқимӣ шудаанд ва ин макон «Шоҳдара» ном гирифтааст.
Сеюм, ба илми таърихи пайдоиши калимаҳо – этимология назаре бояд андохт. Илми забоншиносӣ собит намудааст, ки забони адабии имрӯзаи тоҷик бо забонҳои помирӣ иртиботи дерин дорад. Сари ҳамаи онҳо намеистем, фақат вожаҳоеро корбаст мекунем, ки онҳоро кам истифода мебарем, ё умуман дар бораи онҳо иттилоъ надорем. Масалан, нигарем ба калимаи «зудудан». Дар забони шуғнонӣ «зидидов», «чидзидид» (хонарӯбӣ, хоназудоӣ) истифода мегардад, ки маънии «рӯфтан, тоза кардан»-ро дорад. Ё худ вожаи “саргардон” – ро бигирем, ки дар шуғнӣ овози “д” чун овози “th” – и англисӣ талаффуз мегардад. Чунин вожаҳо, агар андеша кунем, хеле зиёданд.
Чорум, аз мавзуъ дур наравем, табдил шудани овозҳо дар забон ҳодисаи муқаррарист. Ба ин маънӣ дар бисёр калимаҳо бо мурури айём овози «х» ба «ш» мубаддал гаштааст ё баръакс. Дар забони шуғнонӣ калимаи «хабур(д)га» солҳои пешин бисёр маъмул буд, агар ба тоҷикии имрӯза гардонем, «шаббурдгоҳ» ном вожаи зебое ҳосил мешавад, ки соф калимаи тоҷикист, аммо решааш шуғнист, яъне ин маврид овози «ш» ба «х» табдил ёфтааст. “Шаббурдгоҳ” ҷоеро гӯянд, ки дар он ҷо шикорчиён ё афроди корафтода шабро ба сар мебурдаанд ва ин ҷой дар дараву кӯҳҳо будааст. Вақте ки сайёд барои шикор ба кӯҳу дара мерафтааст, як ду ҳафта он ҷо мемондааст ва шабро дар шаббурдгоҳ (ғори зистбоб ё шикофи калони хоросангҳо, ки ба шуғнӣ «бой» мегӯянд) рӯз мекардааст. Дар омади гап калимаи «хоро» дар забони шуғнонӣ маънии «азим, калон»-ро дорост. Калимаи дигаре, ки хеле зебову гӯшнавоз аст, аммо дар забони адабии имрӯзаи тоҷик аз истеъмол берун аст, «хабхин» — тоҷикияш «шабшин» мебошад. Фарзан, касе агар бигӯяд: «Му цеменен хабхин сат» — «Чашмонам шабшин шуданд», маъниаш чист? Шахс, агар якбора аз рӯшноӣ ба торикӣ барояд, чашмонаш аввал чизеро намебинанд, ки ин ҳодисаро дар шуғнонӣ «хабхин» ном мебаранд. Агар имрӯз ин калимаи «шабшин» — ро дар забони тоҷикӣ истифода кунем, кори савобе хоҳад буд. Тавре ки мушоҳида кардем, овози «х» — и шуғнонӣ тадриҷан ба «ш» — тоҷикӣ табдил гардидааст. Дар забони шуғнонӣ, баръакс, вожаҳои зиёде ҳастанд, ки овози «ш» — «х» талаффуз мешавад. Масалан: хаб – шаб, хӯм – шом, харм – шарм, ха (а – и дароз)р – шаҳр, дърухт – дурушт, ха – шаҳ, нех – неш, рех – реш, хеха – шиша, хитур – шутур, харво – шӯрбо, пухта – пушта, дахт – дашт, хиноварӣ – шиноварӣ, рӯхнойи – рӯшноӣ, сирихта – саришта, фирихта – фаришта, хох — шох ва ғайра. Аз ин ҷост, ки дар мисоли ин калимаҳо агар калимаи «Хохдара»- ро ба тоҷикии имрӯза гардонем, шакли «Шоҳдара» ба вуҷуд меояд.
Панҷум, далели аз ҳама муътамадро устоди равоншод Салимшоҳ Ҳалимшоҳ, ки авестошиноси тавоное буд, овардааст. Ӯ мегӯяд, ки шакли авестоии номи Шоҳдара «Ваҳухишастра» мебошад ва бо такя ба ин манбаи муътамад — «Авесто» пойтахти шоҳ Ҷамшед – яке аз шоҳони сулолаи Пешдодиён дар мавзеи Андарситез ҷойгир будааст. Ба ақидаи ин ҷониб, Шоҳдара – дараи шоҳон аз ҳамин сабаб чунин ном гирифтааст, яъне номи хеле қадимӣ буда, вобаста ба сукунати подшоҳони қадим дар ин макон пайдо шудааст.
Ба фикрам, ин панҷ далел кофист, то бовар ҳосил намоем, ки вожаи «Шоҳдара» бо калимаи «хох» — «шох» аз лиҳози маънӣ ва пайдоиш (этимология) робитае надорад.
Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,
«Омӯзгор”,
ВМКБ