Солҳои зиёдест, ки ман ҳамчун омӯзгор дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Мастчоҳ фаъолият дорам. Тӯли ин солҳо аз мушоҳидаҳои худ ба чунин хулоса омадаам, ки на ҳар кас муаллим шуда метавонад.
Омӯзгорӣ вазнинтар аз кори нақбканест, ки дар кӯҳ кор карда, аз қалби он маъдани заруриро ба даст меорад. Афсӯс, гоҳе мушоҳида мешавад, ки баъзе муаллимон фориғболӣ мекунанд, доираи мутолиаашон маҳдуд аст.
Таҷрибаомӯзе ба мактаби миёнаи рақами 2-и Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ фиристода шуд (ман номи омӯзгори муассисаи таълимиро барои боиси малоли хотири устодон нашудан зикр намекунам). Маъмурияти мактаб ин таҷрибаомӯзро ба ман вобаста намуд, то ба ӯ ёрӣ расонам. Нахуст дафтарҳои кории ӯро аз назар гузаронида, хатоҳои зиёдеро мушоҳида намудам ва аз таҷрибаомӯз пурсидам, ки шумо хато доред ё не? Ҷавоб дод, ки хато надорад. Ман гуфтам, ки номи шумо чист? Ҷавоб дод, ки номи ман Исроил. Гуфтам, ки дар болои дафтар номи худро хато навиштаед, Исроил. Баъди ин он таҷрибаомӯзро «паноҳат ба Худо» гуфта ҷавоб додам. Дар баробари ин, омӯзгороне дар таълимгоҳ фаъолият доранд, ки ба заҳмати онҳо қоил нашудан мумкин нест. Ҳар рӯз бо тайёрии пухта ба дарсҳо омада, ба дили пур аз умед ба шогирдон дарс мегӯянд. Боре нашудааст, ки бе омодагӣ ба дарс омада бошанд. Шогирдон муаллими худро бо хушнудӣ пешвоз мегиранд, рӯзе муаллима ба кор наояд, онҳо дар ташвиш мемонанд, ки ба устодашон чӣ воқеа шуда бошад?
Оростамо Боқиева аз соли 1996 то ин дам дар синфҳои ибтидоӣ дарс мегӯяд. Вай ҳамеша бо тайёрии ҳамаҷониба дарс мегӯяд, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунаду ибрати ҳамкасбон аст. Шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ фаъолияти ӯро санҷида, сарвари мактаб таъйинаш намуданд. Дар ин вазифа ҳам худро ҳамчун шахси кордону хушмуомила нишон дода тавонист. Оростамоҳ Боқиева ҳоло фаъолияти омӯзгории худро давом медиҳад. Барои хидматҳои бенуқсону бардавом вай сазовори нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардидааст.
Дилшод ЗИКРИЁЕВ
