«ОИША» — ҲАМДАМУ ҲАМНАФАСИ КӮДАКОН

Он рӯз деҳаи Меҳнатобод тӯй дошт. Мардуми деҳ, аз хурд то бузург либосҳои наву зебо дар тан ҷониби кӯдакистони ба тозагӣ бунёдгардида, ки дар маркази Ҷамоати деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳия Восеъ қомат афрохта буд, мешитобиданд. Ин бесабаб набуд, зеро орзуи дерини сокинони деҳаҳои ҷамоати мазкур ниҳоят ҷомаи амал пӯшид. Дар ҷамоат бо иқдоми ватандӯстонаи бонуи дилсӯзу ғамхор Махтунбӣ Абдулҳаева бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии «Оиша» бунёд гардид.
Мардум гурӯҳ-гурӯҳ ба кӯдакистон ҳозир шуда, интизори ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Дар муассисаи ба тозагӣ бунёдгардидаи томактабӣ садои созу мусиқӣ танинандоз гардида, кӯдакон – тарбиятгирандагони кӯдакистон рақс мекарданду хушҳолӣ. Чеҳраҳои мардум ғарқи нури шодмонию масаррат ва дилҳо моломоли шавқу нишот, ҳама аз фаро расидани чунин рӯзи фирӯз болидаву хурсанд буданд. Ҳангоме ки Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакистон ворид гардиданд, тарбиятгирандагон Пешвои миллатро бо гулу гулдастаҳо истиқбол гирифта, саф кашидаву Суруди миллиро иҷро намуданд. Сарвари давлат ба бинои хушсохту замонавии муассисаи томактабӣ, ки аз ду ошёна иборат мебошад, ворид гардида, аз синфхонаи компютерӣ, ҳуҷраҳои васеи таълимӣ, мусиқӣ, толор барои баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳуҷраҳои хоб, ошхона, ки бо мизу ҷевон ва дигар таҷҳизоти зарурии замонавӣ таъмин буданд, дидан намуданд. Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯдакистон бо мураббиёни ин даргоҳи таълимӣ суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, кормандонро ба он ҳидоят намуданд, ки насли наврасро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва омӯхтани илмҳои муосир ба воя расонанд. Бояд хотиррасон кард, ки солиёни зиёд дар деҳаи Меҳнатобод як кӯдакистон мавҷуд буд, ки шароити хуби таълиму тарбияро надошт. Махтунбӣ Абдулҳаева аз бонувони фазилатманде ба шумор меравад, ки бо хоксорию меҳрубонӣ дар байни сокинони деҳа соҳиби обрӯю эътибори баланд гардидааст. Ӯ аслан дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушода, фаъолияти худро ба ҳайси дӯзандаи комбинати хидмати маишии ноҳияи Восеъ оғоз намудааст. Вале таваҷҷуҳ ва муҳаббати бепоёнаш ба кӯдакон ӯро водор намуд, ки донишу истеъдодашро ба таълиму тарбияи кӯдакон сарф намояд. Аз ин рӯ, Махтунбӣ бо аҳли оилааш қарор дод, ки муассисаи томактабии замонавиеро дар деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бунёд намояд. 4 октябри соли 2021 муассисаи томактабии хусуси «Оиша» дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ бо тарҳи муосиру миллӣ бунёд гардид. Зикр кардан ба маврид аст, ки ҷиҳати таҳкими шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, №484 Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027 тасдиқ гардидааст, ки тибқи он бояд дар соли 2023 25 муассисаи томактабии хусусӣ таъсис дода шавад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 139 муассисаи томактабии хусусӣ фаъолият менамояд. Воқеан, бунёди муассисаи наву замонавии томактабии «Оиша» дар баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи насли ояндасози миллат мусоидат мекунад. Кӯдакистони «Оиша» аз 6 гурӯҳ иборат буда, 210 нафар тарбиятгиранда дар он ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Муассиса дорои ҳуҷраи қабули кӯдакон, синфхонаи компютерӣ ҳуҷраҳои васеи таълимӣ, мусиқӣ, толор барои баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳуҷраҳои хоб, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, бо мизу ҷевон ва лавозимоти зарурӣ таъмин мебошад.
Дар муассиса ҳуҷраи тиббӣ мавҷуд аст ва аз ҷониби пизишкон сиҳатии кӯдакон зери муоина қарор дода мешаванд.
Дар саҳни кӯдакистон, дар масоҳати 1200 метри мураббаъ ҷой барои бозии кӯдакон ташкил гардида, фаввора ва 6 айвонча бунёд карда шудааст, ки макони асосии истироҳату фароғати кӯдакон мебошад. Бинои муассиса бо системаи гармдиҳандаи алоҳида бо истифода аз барқу ангишт пайваст мебошад. Атроф ва роҳравҳои бино дар масоҳати 1800 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, дар ҳудуди он 120 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи орошӣ ва 30 ҳазор дона гулҳои ҳаррангаи мавсимӣ шинонда шудааст.
Ҳоло муассисаи ғайридавлатии томактабии «Оиша» яке аз калонтарин кӯдакистонҳои ғайридавлатӣ дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад. Ҳангоми ворид шудан ба саҳни ҳавлии кӯдакистон ва шинос шудан ба ҳуҷраву толорҳои хушсохти он, бозии тифлакони шоду хандон диққати моро ҷалб кард.
Онҳо дар олами афсонавии кӯдакии худ ғарқ гардида, бозичаҳои рангорангу гуногунҳаҷм, аз қабили чӯҷаи якрав, хирсчаи каҷпо, аспак, марғу мурғобӣ, мошину бозичаҳои гуногун рӯйи даст доштанд. Дар муассисаи томактаби мазкур як гурӯҳ бонувони бомаърифат ва ғамхору меҳрубон бо роҳбарии Махтунбӣ Абдулҳаева фаъолият доранд. Саҳни кӯдакистон тозаву озода ва дорои майдончаҳои гуногуни варзишию истироҳатӣ мебошад.
Муддатест, ки Махтунбӣ ҳамчун мудир фаъолият мекунад.
Номбурда зимни суҳбат дар хусуси фаъолияти мураббиёну омӯзгорон чунин гуфт:
– Дар кӯдакистон омӯзиши кӯдакон бо се забон – тоҷикию русӣ ва англисӣ сурат мегирад ва тарбиятгирандагон дар сатҳи муайян ин забонҳоро меомӯзанд. Кӯдакон се вақт бо хӯроки гарм таъмин мебошанд. Дар назди муассиса хоҷагии ёрирасон амал мекунад, ки дар майдони он кишти зироатҳои ғалладона ва полезӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷиҳати сари вақт ба муассиса расондани тарбиятгирандагон роҳбарият микроавтобус ҷудо кардааст. Дар ҳуҷраҳо барои ба роҳ мондани машғулиятҳо, ҳамзамон майдонҳои варзиш, ки дар онҳо бачаҳо ба бозиҳои гуногун машғул мешаванд, ҷойи хоби кӯдакон ва ошхона тамоми шароит фароҳам аст. Тарбиятгирандагони кӯдакистон соли равон дар озмунҳои «Донояк», «Ман расм кашида метавонам» ва «Суруди Ваҳдат» ширкат варзида, дар байни дигар муассисаҳои томактабӣ маҳорату малакаи хуб нишон доданд. Дар кӯдакистон 14 нафар мураббӣ фаъолият мекунанд ва ҳама соҳибмаълумотанду аз уҳдаи таълиму тарбияи кӯдакон мебароянд. Сармураббия Озодамо Қодирзода фаъолияти ҳамарӯзаи мураббиёну ҳамшираҳоро назорат мекунад. Мураббияҳо Дилноза Одинаева, Муҳайё Бозоралӣ, Мадина Солеҳова ва Хуршед Маҳмадалиев ҳамчун мутахассисони варзида бо мақсади дуруст ба роҳ мондани раванди таълиму тарбияи кӯдакон аз барномаи таълимии «Рангинкамон» истифода намуда, машғулиятҳояшонро пурмазмуну шавқовар мегузаронанд. Инчунин, дар кӯдакистон вобаста ба ҷашну санаҳои таърихӣ чорабиниҳои ҷолиб амалӣ мешавад.
Ногуфта намонад, ки соли гузашта мураббии кӯдакистон Озодамо Қодирзода дар озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон -2022» иштирок намуда, пирӯзӣ ба даст овард.
– Дар оянда ният дорем, ки ҷалби кӯдаконро аз деҳаҳои ҳамсоя ба роҳ монему фаъолияти кӯдакистонро тақвият бахшида, тарбиятгирандагонро дар руҳияи эҳсоси волои ватандорӣ, хештаншиносӣ ва зебоипарастӣ тарбия намоем.

Шодӣ РАҶАБЗОД,
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»