ВАТАН САР МЕШАВАД АЗ ГОҲВОРА Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба Маҷлиси Олӣ (аз 23.12.2022) ироа шудааст, метавон бо як сухан «Паёми муҳаббат ба Ватан ва даъват ба ватандӯстӣ» номид. Президенти мамлакат чаро масъалаи тарбияи ватандӯстиро ба миён гузошта, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ватандӯстии шаҳрвандон»-ро ба имзо расонданд? Зеро мавҷудияти зуҳуроти хатарнок дар замони муосир, аз ҷумла, терроризму экстремизм, бегонапарастӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, дар ҷойи аввал гузоштани тарбияи ватандӯстиро тақозо дорад.
Имрӯз кишвари азизи мо Тоҷикистонро беш аз сад кишвари дунё ба расмият мешиносанд ва эътироф мекунанд. Дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, дар қатори парчами дигар давлатҳо парчами Тоҷикистон низ барафрохта шудааст. Баъди эълон шудани истиқлоли Тоҷикистон, пеш аз ҳама, Нишони давлатӣ, Парчам ва Суруди миллии кишвар тасдиқ гардид. Ин се рамзи давлатӣ барои ҳар кадоми мо муқаддасанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои Конститутсия мебошад, ки соли 1994 бо роҳи раъйдиҳии умумихалқӣ қабул гардида буд. Дар он ҳуқуқу вазифаҳои ҳар шаҳрванди кишвар нишон дода шудааст. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими ҳисси миллӣ ва ватандорӣ дар байни ҷавонон ҳамасола озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат», «Илм — фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор мешаванд. Ин озмунҳо аз ҷониби ҷавонон хеле самимона пазируфта шуданд. Тақдими асари таърихии «Тоҷикон»-и устод Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оила дар тарбияи ватандӯстии аҳли кишвар саҳми арзанда мегузорад.
Ватан чист? Тарбияи ватандӯстӣ чӣ маънӣ дорад?
Ватан модар аст, сарчашмаи муҳаббату садоқат аст. Ватан гаҳвораи тифлии мост. Ватан он азизонанд, ки аз хурдӣ дар гавҳараки чашмат ҷо гирифтаанд. Ватан хона, деҳа, осмони соф, замин, хок, гулу гиёҳи аз кӯдакӣ дар назарамон падидор аст. Маънии тарбияи ватандӯстӣ ба обу хоки сарзамини аҷдодӣ меҳру муҳаббат доштан, дар тафаккури шаҳрвандон ва зеҳни ҷавонон ҳисси садоқат ба Ватану омода будан барои ҳимояи онро парваридан аст.
Барои чӣ Президенти ҷумҳуриямон насли наврас ва ҷавононро пайваста ба дӯст доштани Ватан ҳидоят менамоянд? Барои он ки Ватани азиз – Тоҷикистонро дӯст надошта, ба Ватан меҳр набаста, ба манфиати Ватан хидмат ва Ватанро аз душман ҳифз накарда, ба қуллаи мурод расидан имкон надорад. Барои он ки ободии кишвари маҳбубамон аз дӯст доштани Ватан ибтидо мегирад.
Ҳисси ватандорӣ чист?
Ин дар ғами Ватан сӯхтан, ба он меҳру ихлоси беандоза доштан ва худшиносӣ ба шумор меравад. Бо ватани худ ифтихор доштан, бо ғурур «Ватанам — Тоҷикистон» гуфтан аст. Забони тоҷикиро дӯст доштан, сарзаминро обод кардан, дар роҳи ҳифзи Ватан ҷон додан аст. Вақте ки сухан дар бораи ҳисси ватандӯстӣ меравад, намунаи олии онро дар корномаву дар симои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равшан ҳис мекунем. Хидмати шоистаи ин инсони муътабарро, ки тамоми вуҷудашонро муҳаббат ба Ватан фаро гирифтааст, хотиррасон намудан барои дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон мисоли хуб аст.
Ҳисси ватандорӣ. Ин ҳисси чун шири модар софу беғубор, муқаддас ва азиз вуҷуди моро аз кӯдакӣ фаро гирифтааст. Одамизод аз азал ин ҳисси волоро дар қалби хеш покиза нигоҳ дошта, чун муҳаббати бепоён мепарварад. Дар тӯли таърих диловарону қаҳрамонони зиёде ба хотири як каф хоки Ватан ҷон додаанд. Аз ҷумла, ҳангоми вафот аз ҷайби Темурмалики қаҳрамон дар коғазпорае ин байтро ёфтаанд:
Атри кафан зи хоки Ватан кардам орзу,
Во ҳасрато, ки мебарам ин орзу ба хок!
Ҳамин ҳисси муқаддаси ватандӯстист, ки дар дили инсон шуълаи умед барафрӯхта, ӯро ба ҷасур будан даъват менамояд. Ба қадри Ватан касе бештар мерасад, ки муддате дур аз Ватан зиста бошад. Шоири маҳбуби ватансаро Мирзо Турсунзода чунин гуфтаанд:
Агарчи борҳо афтодам аз ёру диёрам дур,
Ба сайёҳӣ маро карданд гарчи дӯстон машҳур,
Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр
Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.
Меҳри Ватанро эҳсос накардан, онро дар дил ҷо надодан мумкин нест. «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар», «То шоҳи кишвари бегона шудана гадои Ватани хеш бош», — гуфтани халқ олам-олам ҳикмат дорад.
Ватан маънои виҷдон, ору номус ва шаъну шарафро дорад. Ватанро дӯст доштан сухани хушку холӣ нест, балки он маънии дар роҳи равнақу рушди Ватан заҳмат кашидан баҳри оромию осудагии он ҷаҳду ҷадал карданро дорад.
Агар ҳар шахс дар хусуси ободии зодгоҳ, деҳа, ноҳия ва ниҳоят, кишвари худ бияндешаду бикӯшад, ба Ватан дар дил ҳисси ифтихораш афзун гашта, ғурури ватандорияш боло меравад.
Меҳру муҳаббат ба Ватани азизамон – Тоҷикистон худ ба худ пайдо нашудааст. Ҳисси ватандӯстӣ аз ниёконамон ба мо мерос мондааст. Дар афсонаҳои халқии тоҷикӣ ин руҳия бештар эҳсос мешавад. Паҳлавонони шинохташудаи таърихӣ Рустаму Суҳроб, Томирис, Спитамен, Шерак, Муқаннаъ ва Темурмалик тимсоли барҷастаи афроди ватанпарвар мебошанд.
Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ фармудааст:
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Усулҳои дар ниҳоди ҷавонон ташаккул додани ҳисси ватанпарварӣ гуногун ва рангоранг аст. Яке аз муҳимтарин усулҳо бедор кардани ҳавас ба омӯзиши таърихи диёру кишвари худ мебошад. Диёри мо Тоҷикистон таърихи ғанию куҳан дорад. Ба давраи салтанати асосгузорони давлати тоҷикон -сулолаи Сомониён назар меафканем. Ҳазору сад сол пеш дар Осиёи Марказӣ, баъди муборизаҳои тӯлонӣ нахустин давлати миллӣ бунёд шуд, ки асосгузори он амирони Сомонӣ буданд. Дар он давра дар ҳудуди хилофати араб таъсис додани чунин як давлати миллӣ ҷасорати бузургро талаб мекард. Мо бо чунин аҷдоди фарҳангдӯсту ватанпарвари хеш ифтихор мекунем, зеро дар давраи ҳукмронии онҳо илму фарҳангу забон рушд намуда, ба такомули фарҳанги халқҳои атроф ҳисса гузошт.
Вақте сухан дар бораи муҳаббат ба Ватан меравад, номи олими машҳур Бобоҷон Ғафуровро хотиррасон бояд кард. Ӯ бо китоби таърихии «Тоҷикон»-и худ ба халқу Ватан хидмати мондагор намуд.
Ҳисси ватанпарварӣ он вақт мушоҳида мешавад, ки дар рӯзҳои вазнини Ватан муҳофизаш бошӣ. Ҷасорати бемисли мардуми мо дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон намунаи баланди ватанпарварист. Ҳамчунин, ҳазорон қаҳрамони кор дар солҳои оромӣ баҳри ободии Ватан ҳисса гузоштанд, ки ин ҳам нишонаи ватандӯстӣ ба шумор меравад.
Вақте дар бораи Ватан сухан мекунем, қаҳрамонии Тӯйчӣ Эрйигитов ба ёд меояд, ки бо ҷисми худ ДЗОТ-и душманро пӯшонида буд. Дар он лаҳзаҳо ӯ чиро фикр мекард? Шояд аз пеши чашмонаш деҳа, симои маҳбуба ва модари азизаш мегузаштанд? Ҳисси ватандӯстӣ ба ӯ қуввату дармон ва ҷасорат бахшида буд.
Вақте ки дар бораи Ватан сухан мекунем, аз фармудаҳои бузургони дунё, ки дар хусуси Ватан гуфтаанд, ёдовар шудан аз аҳаммият холӣ нест. Масалан, шоири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ мегӯяд:
Хоки поят дӯст дорад чашми ман,
Нест айб, эй дӯстон, ҳуббулватан.
Ба назар мерасад, ки ин мисраъҳоро на дасти шоир, балки дили шоир дар фироқи Ватан навиштааст, зеро ӯ аз Ватан дур, дар шаҳрҳои бегона мусофир буд. Дар ғурбат шодмонӣ, меҳрубонию шафқат надид. Шоир хоки пои дӯстонро ба чашм тӯтиё кардан мехоҳад, имкони ба Ватан баргаштанро наёфта, аз мусофирӣ, аз ғурбат шикоят мекунад. Ҳамин тавр, ӯ ба шеър муроҷиат мекунад. Акнун ӯ ба мусофире монанд аст, ки қаламашро ба хуни дил тар карда, шеърҳои пуралам менависад.
Шоири афғонистонӣ Хали-луллоҳи Халилӣ «Гурусна, бараҳна, бемор тавон зист, вале як нафас ҳам натавон бурд ба сар бе ватано!»-гуфта, Ватанро ситоиш кунад, шоири ғазалсарои ӯзбек Алишери Навоӣ «Як нафас ҳам Ватанро тарк макун. Ғурбати ранҷро ҳавас макун» мегӯяд. Шоири машҳури англис Ҷорҷ Байрон низ дар бораи Ватан сухани баланд гуфтааст. Ӯ менависад: «Касе, ки Ватани худро дӯст надорад, ҳеҷ чизро дӯст дошта наметавонад». Нависандаи франсуз Виктор Гюго «Ба номи Ватан иснод овардан, маънии хиёнат ба Ватанро дорад» – гӯяд, адиби рус Лев Толстой «Ватанпарварӣ танҳо аз меҳр доштан ба Ватани худ иборат нест. Ин ҳиссиёти бузург аст. Ин худро бо Ватан як донистан, дар рӯзҳои неку вазнин бо вай ҳамнафас буданро ифода мекунад»,– гуфта, қадри Ватанро аз ҳама чиз боло медонад.
Чӣ тавре ки Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, дар дили ҷавонон ҳисси ватандориро бедор намудан аз оила оғоз меёбад. Ин вобаста ба падару модар, мактаб, омӯзгор ва ҳар яки мо мебошад. Ҷавонони кишвар бояд қадри Ватану мазмуну моҳияти истиқлолро хуб донанд. Дар оила, дар мактаб, дар ҳама ҷо дар бораи Ватан суҳбат бояд кард. Муаллимони адабиёт бояд хонандаҳоро ба иншо навиштан дар ин мавзуъ ҳидоят намоянд.
Баъди Истиқлоли давлатӣ одамони замони нав пайдо шуданд. Зеҳну тафаккури ҷавонон ва ҷаҳонбинии онҳо тағйир ёфт. Бори масъулияти истиқлол акнун бар дӯши ҷавонони имрӯза аст. Ҷавонони имрӯза ба ҷаҳон ба чашми хирад менигаранд. Табиати онҳо, психология ва муносибаташон ба ҳаёт дигар аст. Ба як сухан гӯем, ҷавонон лаззати истиқлолу озодиро чашидаанд. Андешаҳои ҷавонони замони нав бо ҳисси ватандӯстӣ омехта гаштааст.
Озодӣ, сулҳ, истиқлоли Ватан дар ҳама давру замон орзуи деринаи мардуми тоҷик буд. Ин орзу дар замони мо мазмуни дигар пайдо кард. Сию ду сол мешавад, ки аз ҳавои истиқлол нафас мегирем. Озод зистан ба мардуми мо насиб гашт, сулҳ пойдор шуд. Дигар орзую умед, хоҳишу таманнои ҳамешагии мо, аҳли Тоҷикистон, ҳамеша чунин аст:
Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!
Сулаймон ЭРМАТОВ,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,
барандаи Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ