САТРҲО АЗ НОМАҲО

ҶАВОНОН ОЯНДАИ МИЛЛАТАНД
Яке аз омилҳои асосии рушди ҳар давлатро дар қатори дигар арзишҳо захираҳои инсонӣ – ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар кишваре, ки вазъи демографӣ мунтазам тағйир меёбад ва беш аз ҳафтод дарсади аҳолиро насли ҷавон ташкил медиҳад, муайян намудани сиёсати давлатии ҷавонон аз нуқтаи назари сиёсӣ ва иҷтимоӣ аҳаммияти калон дорад.
Шоҳсанам ҚУРБОНХОЛОВА,
Саида АЧИЛДИЕВА,
омӯзгорони мактабҳои
рақамҳои 56 ва 38,
ноҳияи Сино

ТАРБИЯ ХОКРО ЗАР КАРДАН АСТ
Роҳбари синф набояд ҳушёрию зиракиро аз даст диҳад, ки шогирди ӯ ба доми касе афтад ё гумроҳ шавад, зеро ба наврасон ва ҷавонони имрӯза таъсири манбаъҳои берунӣ зиёд аст. Аз ҷумла, шабакаи Интернет, бозиҳои номатлуби компютерӣ ва ғайра. Тарбияи муносибати эҳтиёткорона ба ашёи хониш, ба мактаб, ба ҳамсинфон ва мактабиён яке аз роҳҳои такмили одоби неки хонандагон аст.
Қосим ҒОИБОВ,
муовини директор оид ба корҳои тарбиявии мактаби №22,
ноҳияи Айнӣ

МАҚСАД – ФАЪОЛИЯТИ МУТАШАККИЛОНАИ ХОНАНДА
Асоси талаботи таълими босалоҳият чунин аст: хонанда чӣ кор карда метавонад? Вай кадом амалҳоро иҷро карда метавонад? Дар таълими босалоҳият мо дарсро на аз назарӣ, балки аз масъалагузорӣ оғоз менамоем. Вақте ки худи хонанда амалияро бо назария алоқаманд намуд, ба мақсадҳои хеш мерасад.
Исҳоқ ҶУМЪАЕВ,
омӯзгори мактаби №25, ноҳияи Варзоб

СИФАТҲОИ ҲАМИДАИ ХОНАНДА
Дар ҷаҳони муосир хонандагон бояд сифатҳои ташаббускорӣ, эҷодкорӣ, навоварӣ, амалигардонӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию бунёдкориро дошта бошанд. Хонандагон бояд шахсони бомаърифати аз ҷиҳати маънавӣ – ахлоқӣ устувор ва кордоне бошанд, ки роҳҳои дастрас кардани маълумотро тавассути воситаҳои гуногун интихоб намуда, онро таҳлилу арзёбӣ карда, масъалаҳои мураккаби олами атрофро дарк кунанд, мушкилоти гуногуни таълимию ҳаётиро ҳал карда тавонанд.
Ҳақназар ФАТТОЕВ,
устоди кафедраи технологияи коркарди масолеҳи ДДБ
ба номи Носири Хусрав