ТАЪРИХ САРЧАШМАИ ТАРБИЯИ ХУДОГОҲӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛИСТ (Мусоҳиба бо ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илмҳои таърих Аҳлиддин Ибодуллозода)

– Вазъи омӯзиши «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуровро дар даврони наву навини таърих ва оғози замони соҳибистиқлолӣ чӣ тавр баҳогузорӣ метавон кард?
— Омӯзиши илми таърих дар баробари дигар илмҳои мафкурасоз ҷойгоҳи вижаи худро дорост. Миёни илмҳои ҷомеашиносӣ илми таърих ягона илмест, ки дирӯзро ба имрӯз ва имрӯзро ба фардо мепайвандад. Маҳз омӯзиши илми таърих ба мо имкон медиҳад, ки давлатдории худро дар асоси арзишҳои суннатии гузаштагонамон бунёд ва аркони давлатдории навини худро мустаҳкам созем. Тавре ки аз таҷрибаи давлатдориҳои гузашта ва имрӯзаи ҷаҳон возеҳ мегардад, бештари халқият ва миллатҳое, ки дар дарозои таърих аз саҳифаҳои рангини он зудуда гаштаанд, нахуст аз таърих ва тамаддуни худ ҷудо гардида, роҳи тақлидкориро пеш гирифтаанд. Аҷдодони мо дар тӯли таърих борҳо зери зулми аҷнабиён қарор гирифта буданд. Хушбахтона, фарҳанг ва тамаддуни ғании мо имкон надод, ки бегонагон ба ҳадафҳои нопоку муғризонаи худ ноил гарданд.
Нахуст, агар ҳамин тавр гуфтан саҳеҳ бошад, эъломия дар бораи куҳанбунёд ва дорои тамаддуни пешрафта будани миллати тоҷикро дар ҷавоб ба душманони ин марзу бум-пантуркистон, ки баъд аз ғалабаи Инқилоби болшевикии соли 1917 бо ҳар роҳу васила мехостанд, мавҷудияти тоҷиконро дар дарозои таърих ба сифати қадимтарин миллати соҳибдавлат ва фарҳангӣ инкор намоянд, устод Садриддин Айнӣ бо таълифи шоҳасари худ – “Намунаи адабиёти тоҷик” (соли 1925) бо далелу мисолҳои муътамад рад кардааст. Маҳз Садриддин Айнӣ бо овардани порашеъру анвои гуногуни назми шоирони классикии форсу тоҷик (шуруъ аз Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то намояндагони адабиёти асри XIX) исбот намуд, ки тоҷикон қадимтарин миллати соҳибтамаддун дар қаламрави Мовароуннаҳру Хуросон ба шумор рафта, ҳеҷ гурӯҳе, шахсе наметавонад рӯйи дастовардҳои адабию фарҳангӣ ва давлатдории ин миллат хатти бутлон кашад.
Омӯзиши осори безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумла, китоби “Тоҷикон” -и ӯ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аҳаммияти бузурги илмию амалӣ дорад ва мову шумо шоҳид ҳастем, ки пеш аз таълифи китоби “Тоҷикон” ва баъд аз он, дар бораи миллати тоҷик асару мақолаҳои зиёде офарида шудааст. “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров баъд аз “Намунаи адабиёти тоҷик” таърих ва тамаддуни ғании мо — тоҷиконро дар миқёси ҷаҳон бо далелҳои мукаммали илмӣ-пажуҳишӣ муаррифӣ намуд. Бузургии ин асар дар он аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба омӯзиши пайвастаи аҳли ҷомеа ва шиносоӣ аз таърихи гузаштаи худ озмуни ҷумҳуриявиро таҳти унвони “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” роҳандозӣ намуданд. Роҷеъ ба омӯзиши китоби “Тоҷикон” дар миёни қишрҳои ҷомеа ҳаминро бояд зикр намуд, ки омӯзиш ва аз худ кардани он ба ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба мавқеи иҷтимоияш шарт ва зарур аст. Хусусан, афроде, ки дар мақому вазифаҳои гуногуни давлатӣ фаъолият доранд, бояд аз фарҳанг ва тамаддуни қадими миллати тоҷик огаҳии комил дошта бошанд, зеро донистани таърихи миллат василаи бузургест дар давлатсозии миллӣ.
– Дар хусуси марҳалаҳои ташаккулу таҳаввули таърихи замони соҳибистиқлолии кишвар ва раванди дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ки таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омаданд, андешаҳои худро иброз медоштед.
— Боиси хушнудист, ки охири асри ХХ ва аввали асри ХХ1 дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи нав боз гардид, ки он бо номи даврони Истиқлоли кишвар машҳур аст ва даврони Истиқлоли мамлакат ба мисли дигар давраҳои таърих марҳалаҳои мураккабу мушкилро аз сар гузарондааст. Ба ҳамагон маълум аст, дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвар ба оташи ҷанги шармандавори шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар ин марҳалаи сӯхтану сохтан душманони берунӣ миллати моро ба гурӯҳҳои ба ҳам зид ҷудо ва аз ҷангу муқовимату муборизаҳои бемаънии миёни онҳо, ба таври васеъ ба манфиати худ истифода намуданд. Бо талошу ҷонбозиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як марҳалаи начандон тӯлонии таърих оташи ҷанги таҳмилӣ миёни тоҷикон хомӯш гардида, ҳадафи гурӯҳҳои манфиатхоҳу мансабталош бар бод рафт. Пас аз хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду тараққӣ ёфта, пеш рафт. Имрӯз рушду нумуи Тоҷикистон бозгӯи он аст, ки дар тамоми самтҳои давлатдорӣ пешравиҳои назаррас ба вуқуъ пайвастанд. Масалан, дар 31 соли даврони давлатдории миллӣ яке аз соҳаҳои калидӣ — соҳаи маориф ба дастовардҳои бузурге ноил ва дар тамоми гӯшаву канори кишвар бинои муассисаҳои нави таҳсилоти миёна ба таври замонавӣ бунёд гардид. Дар маркази шаҳру ноҳияҳо биноҳои фарҳангӣ ва таълимие қомат афрохтанд, ки мислашро таърих ёд надорад.
– Маълум аст, ки китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров дар замони Шуравӣ бо забони русӣ ба чоп расид. Мегуфтед, ки илми тоҷик дар замони Шуравӣ то кадом андоза рушд карда буд ва барои пешрафти он киҳо саҳм гузоштаанд?
— Бояд зикр кард, ки донишпажӯҳӣ ва хирадгароӣ пешаи деринаи миллати тоҷик аст. Агар мо таърихи қадими миллатро варақгардон намоем, амиқ мушоҳида мекунем, ки аз азал ин миллат рӯ ба китобу илм, шеър ва фарҳангу тамаддун оварда, на аз роҳи ҷанг, балки хираду дониш гомҳои созанда мегузошт. Собит гардидааст, ки тоҷикон аз давраи таъсиси империяи ҷаҳонии Ҳахоманишиён то имрӯз ҳама гуна амалро танҳо аз рӯи меъёрҳои ахлоқию фарҳангӣ ва созандагӣ анҷом додаанду медиҳанд. Агар ба даврони гулгулшукуфӣ ва анҷоми ташаккули халқи тоҷик назар андозем, ки ба даври давлатдории Сомониён рост меояд, дудмони Сомонӣ бунёди давлатдории худро дар пояҳои фарҳангию илмӣ роҳандозӣ намудаанд. Дар давраҳои вопасини ин давлатдорӣ тоҷикон ҷанбаҳои муҳимми ҳаёти хешро тавассути илму ахлоқ ва фарҳангу адабиёти воло нигоҳ доштаанд. Дар замони мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ низ илми тоҷик хеле пеш рафт. Дар ин давра аввалин муассисаҳои таълимии миёнаву олӣ, як қатор институтҳои илмӣ — таҳқиқотӣ таъсис ёфта, донишмандони бузург ба майдони илму адаб ворид гардиданд. Устодон Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Бобоҷон Ғафуров, шоирон Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, олимони фарзонаи миллат Муҳаммад Осимӣ ва дигарон илми тоҷикро рушду таҳаввул бахшида дар ақсои ҷаҳон муаррифӣ намуданд.
Вобаста ба нашри китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ҳаминро бояд иброз намуд, ки дар ҳафтод соли мавҷудияти давлати Шуравӣ забони русӣ забони коргузорию илмӣ ба ҳисоб мерафт ва албатта, нашри китобҳои илмӣ бештар бо ҳамин забон ба роҳ монда мешуд. Ба андешаи ман, аҳаммияти китоби “Тоҷикон”- дар он ифода меёбад, ки аллома Бобоҷон Ғафуров таърих ва тамаддуни миллати тоҷикро миёни дигар халқиятҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва умуман, халқу миллатҳои ҷаҳон ба таври возеҳу равшан ва дар асоси далелу арқоми илмии муътамад муаррифӣ кард. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат ин асари безаволро “шиносномаи миллат” унвон кардаанд.
– Тавре ки мушоҳида мегардад, бо вуҷуди зиёд будани соатҳои дарсии фанни таърих барои хонандагони макотиби миёнаву олӣ, наврасону ҷавонон аз таърихи пурифтихори ниёгони худ огоҳии камтар доранд. Омӯзиши осори гаронбаҳои муаррих ва муҳаққиқи сатҳи ҷаҳонӣ Бобоҷон Ғафуров дар пешрафти кору фаъолияти насли наврасу ҷавони мо аз кадом паҳлуҳо таъсиргузор аст?
— Ҷаҳони имрӯз дар баробари пешравию дастовардҳои илмӣ баъзе падида ва зуҳуротеро ба миён овардааст, ки ба як муаммои сангин табдил ёфтаанд. Давлатҳои абарқудрат дар заминаи манфиатҳои миллӣ бо “бозиҳои сиёсӣ” мехоҳанд давлат ва халқҳои кучакро ба доми сиёсати худ кашида, аз сарватҳои табиӣ ва умуман, дороиҳои ин давлатҳо истифода баранд. Ин гуна иқдомҳои ҳадафмандонаи давлатҳои абарқудратро ба таври ошкор мушоҳида кардан мумкин аст. Дар чунин ҳолатҳои ҳассоси сиёсӣ ягона сипаре, ки халқияту миллатҳоро муҳофизат мекунад, амиқу ҳаматарафа донистани таърих ва тамаддуни кишвари худ мебошад. Ин ба мо имкон медиҳад, ки аз таърихи гузаштаи миллат беҳтару хубтар огоҳ гардида, дар роҳи эъмор ва таҳкими давлатдории миллӣ саъю талоши бештар намоем.
Дар ҷаҳони пуртазоди муосир, ки бо баҳонаи раванди ҷаҳонишавии фарҳангҳо, беҳтарину арзишмандтарин дастовардҳои тамаддунҳои миллӣ зери суол қарор дода мешаванд, амиқу ҳамаҷониба омӯхтани осори таърихию адабӣ, аз ҷумла, рисолаву монографияҳои илмӣ, амсоли “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров дар ташаккули эҳсоси ватанпарварӣ, хештаншиносӣ ва содиқ будан ба ормонҳои миллии насли наврас ва ҷавонон нақши барҷаста мебозад.
Ба андешаи банда, дар баробари китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров, мо метавонем аз дигар асарҳои таърихии дар даврони Истиқлол таълифгардида, махсусан, аз асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар омӯзиши таърихи миллатамон ба таври васеъ истифода намоем.
Баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” — оинаи таърихи миллат” имкон медиҳад, ки чеҳраҳои ватандӯсту миллиро муаррифӣ намуда, дар самти ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими пояҳои он саъю талош намоем.

Мусоҳиб
Сайфиддин МУРОДОВ,
“Омӯзгор”