Ба идораи ҳафтаномаи “Омӯзгор” марде нуронию шукуфтарӯ ворид гашта, бо мо суҳбате хеле самимӣ орост. Гуфт, ки ман дар қаламкашӣ чандон моҳир нестам ва аз ин рӯ, матлаби маро шунаведу ба қалам диҳед. Хоҳишаш, суханаш аз сари меҳру ихлос буд. Ӯ гуфту мо навиштем.
Мехоҳам дар бораи омӯзгори фидоие, ки тамоми умрашро ба соҳаи маориф бахшидаасту ном дар таърихи маорифи ноҳия ва дар хотири мардум мондааст, хотираамро гӯям. Ман аз касе тамае надорам, фикри хушомадгӯӣ ё манфиатҷӯӣ ҳам надорам. Не! Вазифаи инсонии худ медонам, ки дар бораи як омӯзгори асил нависам. Дар бораи он ки чӣ тавр ӯ барои ободии деҳа ва мактаб талош мекард.
Дар ноҳияи мо (Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) инсони шарифе буд, ки чун директори мактаб ба мардум хидматҳои бузурге мекард: Ҳамроҳқул Саидов. Хато накунам, соли 1989 буд. Он солҳо ду иди пуршукӯҳ мегузашт: 1 май ва 7 ноябр. Ман барои таҷлили иди 7 ноябр омода шуда, роҳи маркази ноҳияро пеш гирифтам. Устод мошини сабукрави сабзи “Жигулӣ” – яшро наздам нигоҳ дошт ва куҷо рафтанамро пурсид. Исрор кард, ки аз роҳам гардам. Хабар ёфтам, ки беш аз 30 ё 40 ҳазор хишти як заводро харидорӣ карда, бо истифода аз фурсат (истироҳат) онро бояд ба мактаб меовардааст. Ҳарчанд фаҳмонданӣ мешудам, ки имкон надорад, аз гапаш намегашт. Ростӣ, як андоза худро таҳқиршуда ҳам ҳис кардам, зеро 20-30 коргар зери дасти худам кор мекард. Аммо устод, ки як инсони заҳматкашу заминӣ буд, аз ин кор ор накарда, маро ҳам талқин мекард. “О, ҳозир агар мо ин хиштро кашонда, аз пайи бунёди бинои мактаб нагардем, ин кор мемонад”, – гуфт. Ноилоҷ аз орзуи фароғат даст кашида, аз соати 8-и субҳ то соати 24-и шаб хиштро бо мошини аз хоҷагӣ гирифтааш кашонда, ба саҳни ҳавлии мактаб овардем. То ду рӯзи дигар ба худ омада натавонистам.
Ҳар вақте ки вомехӯрдем, устод бо хушҳолию шӯхӣ, ки маро тавонист аз нияти “праздникравӣ” баргардонад, ба дигарон он қиссаро нақл мекард.
Гап дар сари кори мо не, гап дар сари масъулиятшиносии як роҳбар меравад. Устод дар роҳбарӣ ниҳоят фидокор, заҳматкаш, кордон, бомасъулият, дар омӯзгорӣ сахтгиру серталабу ғамхор буд. Маҳз ба туфайли заҳмати устод мактаб соҳиби бинои нав гашт. Устод дар тарбияи инсон ҳам шахси муваффақе буд, ба назарам, мардум мебинанд, ки чӣ фарзандони солеҳе ба камол расондааст. Ҳар кадом соҳиби ному кори худ, дар ҳар соҳа шинохташуда. Маълум аст, ки на ҳар кас ба сари вазифа омадаву муътабар шуда метавонад. Соҳибмақом шудани фарзандон натиҷаи тарбияи ҷиддии устод аст. Ҳамсари устод ҳам зани оқилаест. Ӯ маблағи барои ҳаҷ ҷамъовардаашро ба фарзандон дод, то ки роҳи деҳаро чароғон намоянд.
Дар роҳ савори таксӣ ин нақлро ба ҳамсафарам кардам, бисёр барояш ҷолиб ва аҳаммиятнок намуд ва маслиҳат дод, ки дар ягон нашрияи соҳаи маориф нависам. Мехоҳам бо ин қисса аз як инсони бомаърифати диёр аз заҳматҳои як омӯзгори асил ёд кунем, то руҳаш шод шавад ва барои дигарон амалаш намуна гардад.
Ман деҳқонам айни ҳол, фарзандонам қисман коргар, қисман донишҷӯ, шукр, зиндагиям бад нест, зикри номамро ҳам зарур намешуморам. Бигзор, ҳама фаҳманд, ки чунин шахсиятҳо дар ҳақиқат, сарсупурдаи Ватану давлатанд.