Чанде пеш бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ҷаласаи васеъ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, кормандони раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм, олимону омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар ҷаласа маросими қадрдонии ғолибони озмуни ҷумҳуриявии корҳои илмию эҷодӣ ва навоварони ҷавони кишвар таҳти унвони “Донишҷӯ ва пешрафти илму техника” баргузор гашт.
Пас аз ҷамъбасти ҷаласа бо чанде аз ғолибони озмун суҳбат доштем.
Манижа Манзарова, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон:
– Рушди соҳаи сайёҳии кишвар, ки имрӯз яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба шумор меравад, мо-ҷавононро водор месозад, ки дар пешрафти ин соҳаи муҳим ҳиссагузор бошем. Аз ин рӯ, ман бо роҳбарии дотсенти кафедраи бизнеси сайёҳӣ, рекреатсия ва меҳмондорӣ Ф.Ҳамроев лоиҳаи “Хатсайри сайёҳии дидани шаҳри маъданкорҳо дар масири Роҳи абрешим” – ро ба доварони озмун пешниҳод намудем. Ин лоиҳа самтҳои бахши сайёҳиро, ба мисли сайёҳии таърихӣ-фарҳангӣ-этнографӣ, сайёҳии кӯҳӣ – экотуризм, сайёҳии солимгардонӣ ва зиёратӣ дар бар мегирад.
Аз ҷониби доварон лоиҳаи мо мавриди омӯзиш қарор гирифт ва боиси хушнудист, ки ба гирифтани Ифтихорнома шарафёб гардид.
Сироҷиддин Сафарзода, донишҷӯи соли 4-уми факултети филологияи хориҷӣ, ихтисоси англисӣ-хитоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ:
-Ба ҳайати доварони озмун кори илмӣ-тадқиқотӣ дар мавзуи «Ҳамгироии амнияти зеҳнӣ ва амнияти миллӣ: Зарурат ва ҳадафҳо (таҳлили иҷтимоии фалсафӣ)»-ро пешниҳод кардам. Ба онҳо изҳори сипос менамоям, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани кори илмӣ-тадқиқотиям ба аввалин қадамҳои ман баҳои баланд доданд. Ин баҳо масъулияти маро дар самти таҳқиқи корҳои илмӣ дучанд намуд.
Ман ба аҳаммияти лоиҳаи таҳиянамудаам боварии комил дорам, зеро имрӯзҳо масъалаи зеҳни маснуъ на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми мамолики рӯйи оламро фаро гирифтааст. Ин масъала «Гуруснагии кадрҳо»-ро дар замони муосир ба бор оварда, дар маҷмуъ, рақобатпазирӣ дар бозор ба мушкилии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Аз ин хотир, бо боварии комил гуфта метавонам, ки ин лоиҳа на танҳо дар Тоҷикистон, балки давлатҳои Осиёи Марказӣ низ қобили қабул бояд бошад. Лоиҳа бояд амалӣ гардад, зеро рушду нумуи илми кишвар ба зеҳни олимону муҳаққиқони варзида ва докторону профессорони кишвар вобастагии зиёд дорад. Такя кардан ба зеҳни маснуъ боиси навгониҳо ва рушди ҷумҳурӣ гардида, ба ин васила, дар соҳаи илму техника боз як гоми устувор барои пешрафти давлату миллатамон гузошта мешавад.
Хисрав Тошматов, донишҷӯи соли чоруми факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ихтисоси рӯзноманигорӣ:
– Ба ҳайати ҳакамон кори таҳқиқотии худро дар мавзуи «Мавқеи жанрҳо дар нашрияҳои «Навиди Кӯлоб» ва «Кулябская правда» (солҳои 2017-2021)» пешниҳод намудам. Таҳқиқоти ман аз ҷониби доварон хуб баҳогузорӣ гардид, ки дар натиҷа аз рӯи бахши журналистика сазовори ҷойи дуюм ва соҳиби дипломи дараҷаи 2 гардидам.
Роҳандозии чунин озмунҳо барои кашфи истеъдодҳои нав иқдоми бисёр муҳим ва саривақтӣ мебошад. Мақсад аз баргузории чунин озмунҳо баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа мебошад.
Лоиҳаи ман тиҷоратӣ набуда, мақсад аз он муаррифии нашрияҳои минтақаи Кӯлоб ва маълумот додан дар бораи онҳо буд.
Саъдулло Сафаров, донишҷӯи соли 2-юми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ:
– Ман лоиҳаи худро оид ба «Дастгоҳ барои муайян намудани ҳолати асабонияти инсон» пешниҳод намудам, ки аз тарафи доварон баҳои хуб гирифт. Дастгоҳи мазкурро метавон дар соҳаи тиб васеъ истифода намуд.
Салима МӮСОЕВА,
«Омӯзгор»