Китоби нави адиби хушсалиқа Шодӣ Раҷабзод «Дасти боло” падидаи тозаи адабӣ дар адабиёти муосир маҳсуб мешавад. Адиб дар китоби наваш як силсила ҳикояҳои тозаэҷодашро гирдоварӣ намудааст. Ҳикояҳои Шодӣ Раҷабзод «Шаби сиву якум», «Сарнавишти ду тан», «Имтиҳони қисмат», «Интизорӣ», «Тақдирҷунбон», «Ҷазо» ва «Дасти боло»-ро метавон намунаҳои хуби эҷодиёти муаллиф номид.
Кас ин китобро мутолиа намуда, беихтиёр ба андеша меравад ва пайхас мегардад, ки Шодӣ Раҷабзод дар эҷоди ҳикоя ва такомули ин жанр чун як ҷузъи муҳимми адабиёт салиқаву маҳорати хуб дорад. Чунон ки яке аз ҳикоянависони маъруфи ҷаҳон, адиби рус Антон Павлович Чехов таъкид мекунад, ҳикоя жанри мушкилписанди адабиёт буда, аз нависанда истеъдоди хоса ва маҳорату заҳмати пайваста мехоҳад.
Шодӣ Раҷабзод аз зумраи адибони муосири тоҷик буда, чун адиби пуркору боистеъдод эътироф шудааст. Ӯ хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, солҳои зиёде ба касби пуршарафи омӯзгорӣ машғул буд.
Аз соли 2011 дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» фаъолият дорад. То ин дам китобҳои алоҳидаи вай бо номҳои «Растагорӣ», «Ранҷиш» чоп ва аз ҷониби хонандагону ҳаводорони адабиёт хуб пазируфта шудаанд. Ҳикояҳои китоби нави адиб низ саршор аз панду андарз ва воқеоту ҳаводиси рӯзгори мову шумо мебошанд. Аксар қаҳрамонони офаридаи Шодӣ Раҷабзод бофтаи хаёл нестанд, балки ҷанбаи ҳаётӣ доранд ва сабақи наве ба хонанда медиҳанд.
Нависанда дар бозгӯи характер ва рафтору кирдори мардуми деҳот ва хоса, мактабу маориф хеле комёб мебошад. Ӯ солиёни зиёде дар мактаб кор карда, аз рафтору кирдор ва муносибати мардуми деҳот огоҳии комил пайдо намудааст. Ҳикояи нахустини китоби «Дасти боло»-и Шодӣ Раҷабзод «Шаби сиву якум» ном гирифтааст. Муаллиф дар ин ҳикоя аз рӯзгори мардуми одии деҳот ва зиндагии бадфарҷоми қаҳрамони ҳикоя Манучеҳри нокому дар нимароҳ монда ҳикоят дорад. Дар ҳикоя Манучеҳр ҳамроҳи дӯсташ дар деҳа машғули чоҳканӣ мебошад. Муаллиф нишон медиҳад, ки ин шуғл одию осон не, кори хайру савоб аст ва онҳо чоҳ мекованду ба деҳа об меоранд. Лаҳзаҳои чоҳканӣ ва ҳаёти ноороми мардуми деҳот мӯшикофона ва моҳирона инъикос ёфтааст. Муаллиф хеле пурсӯз менависад:
«Аммо ман шабҳо Манучеҳрро мебинам, меояд, аз пушти тиреза ба даруни хона нигоҳ мекунад. Ҳо, ҳо, овозашро мешунавам. – Ҳо, ҳо, овозатро мешунавам, бачем. Дилам ба кафидан наздик мешавад, берун мебароям. Шамол мевазад, шамоли ҳардамхаёл. Аз кадом мавзею макони дуру ноошно меояд. Ба шохаҳои дарахтон мепечад. Ман нафаси баргҳои шохаҳои дарахтонро мешунавам».
Ҳамин тавр, Шодӣ Раҷабзод дар тасвири манзараҳои табиат, олами зебоӣ ва муҳити зист низ комёб мебошад. Дар ҳикояҳои «Ранҷиш», «Ғамкушта», «Балогардон» ва «Ҳай дареғ» васфи табиат ва сарватҳои замину анъанаҳои мардумӣ ва зиндагии хоксоронаи мардуми деҳот тавъам бо ҳам тасвир гардидаанд. Масалан, дар ҳикояи «Ғамкушта» муаллиф хеле моҳирона ниҳоли тутро ба риштаи тасвир кашидааст. Тут аз нигоҳи адиб ҷон дорад ва менолад аз носипосию беғамии фарзанди инсон. Ва сарнавишти тути аламдида хеле нишонрасу пандомӯз мебошад. Муаллиф чунин менигорад:
«Тути ҷавон чун солҳои қаблӣ, замонҳое ки шоху навда бароварда, баргҳои сабзгунаш дар анвори офтоби баҳорон ҷило додаву аз вазиши насими шӯхи форам маҳин-маҳин лаппиш мехӯрданд, дигар омадани навбаҳору рӯзҳои гарму нарм ва навозишгарро бесаброна интизорӣ намекашид, сархаму андешаманд ва монои шахси кулфатзада ба дарёи хаёлҳои тазъйиқовар ва навмедзо ғарқ мегардид»…
Китоби нави Шодӣ Раҷабзод «Дасти боло», ки ҳикоёти беҳтарини адибро дар бар мегирад, арзандаи Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.
Маҷид САЛИМ,
адиб
