ИФТИХОРИ ШОҲОН

Оқилон пешаи омӯзгориро саҳл намегиранд. Ба синфхонаи мактаб ки даромадӣ, камаш ба 20 нафар талаба бояд таълим диҳию онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоӣ, тарзи навиштан, беғалат хондан ва дақиқ ҳисоб карданро омӯзонӣ. Дар ҳолате ки дар баъзе оилаҳо 2-3 кӯдакро хуб тарбия кардан наметавонанд, таваҷҷуҳи 20 нафар кӯдакро ҷалб карда тавонистан заҳмати фикрию ҷисмонии хеле зиёдро талаб мекунад.
Ҷамолиддин Шамсиддинов зиёда аз 40 сол дар муассисаи таълимӣ фаъолият намуда, бо сари баланд, эҳтироми хоси халқ ва мукофотҳои давлатӣ ба нафақа баромад. Дар рӯзҳои сангини ҷанги шаҳрвандӣ низ тарки касб накард, ба касби худ содиқ буд ва ба ояндаи дурахшон бовар дошт.
Соли 1999 шоир ва нависандаи шодравон Ҳамроҳ Усмон ва адиб Ҳакималӣ Назаралӣ фаъолияти ин омӯзгори навоварро ҳаматарафа омӯхта, китоберо бо номи “Мактабдор” ба чоп расонданд. Соли 2012 Ҳакималӣ Назаралӣ бо журналист Қурбонмурод Асозода “Мактабдори шинохта” ном китоберо дар бораи устод Ҷ.Шамсиддинов эҷод карданд.
Шогирдони ин омӯзгори варзида фаъол ва дар озмунҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол кардаву имрӯз соҳибкасбанд, бисёре дорои унвонҳои илмӣ буда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ сарбаландона фаъолият мекунанд.
Ҷамолиддин Шамсиддинов 9 сол узви шурои омӯзгорони ноҳия буд ва таҷрибаи хешро ба омӯзгорони зиёд омӯзонидааст. Очерк, мақолаҳои илмию методӣ ва иҷтимоияш дар рӯзномаҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ пайваста чоп мешаванд. Ӯ соҳибкитоб асту асараш “Устоди зиндаёд”-ро хонандагон бо шавқ мехонанд. “Сафар кардан — ҷаҳон дидан” — асари дуюми ӯ буда, маърифатбахшанда асту барои мусофирон ҳамчун дастур низ хидмат кардан метавонад. Асари сеюми Ҷ.Шамсиддинов “Машъалафрӯзон” аз фаъолияти омӯзгорони собиқадор ва варзидаи шаҳри Ҳисор, шодравон Неъматулло Меликов ва корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафия Фазлиддинова (омӯзгори МТМУ №34) ҳикоят мекунад. Боз як асараш ба 75 — солагии ғалабаи Артиши Сурх бар фашизм — “Тоҷикписари далер, ёвари Маршал Жуков” ба корнамоиҳои иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ягона иштирокдори мудофиаи Нюренберг аз Осиёи Миёна Абдулҳай Орипов бахшида шудааст. Асари панҷумаш – «Шоҳон – шоҳи деҳаҳо»-ро ин омӯзгори эҷодкор ба таърихи деҳаи худ бахшидааст.
Ӯ чандест, ки ба навиштани асари шашумаш ба номи “Умри бобаракат” оғоз намудааст. Дар ин асар сухан дар бораи фаъолияти ибратбахшу собиқаи 50-солаи омӯзгории яке аз собиқадорони соҳаи маорифи шаҳри Ҳисор ва муаллими МТМУ №36 Аслон Муслиҳидинов меравад.
Ҷамолиддин Шамсиддинов барои фаъолияти пурсамари касбӣ ва хидматҳояш бо нишонҳои “Аълочии маорифи халқ”, “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”, ордени “Дӯстӣ” ва унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон сазовор шудааст. Ҳоло нафақагир ва раиси шурои ташкилоти ибтидоии собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор мебошад. Узви Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Родмарди давру даврон аст ӯ,
Шахси боилму сухандон аст ӯ.
Карда хидмат баҳри фарзандони халқ,
Устоди ҷумла тифлон аст ӯ.
Дар миёни халқ соҳибэҳтиром,
Раҳнамои ҷамъи ёри аст ӯ.
Саҳв набвад, гар бигӯям ин сухан:
Ифтихори деҳи Шоҳон аст ӯ!

Бӯрии ҲАБИБУЛЛО,
Адиб